Sebiston new 2024 october
Мадҳия-суруде, ки сар то по ривоят аст
445



Мадҳия-асари силсилавӣ ва яке аз жанрҳои бузургҳаҷм дар шакли созию овозӣ, ки дар байни тоҷикони Бадахшон густариш ёфтааст, падидаи нодир дар мусиқии суннатии қадими ин мардум маҳсуб меёбад.

То имрӯз дар баробари фалаку лалаик, даргилику булбулик, то андозае дафсоз ва дигар навъу намудҳои суруд, мадҳия мавқеашро дар ҳаёти маънавӣ ва фарҳанги мардум нигоҳ дошта меояд. «Мадҳия» тибқи вижагии забонҳои гуфтугуии аҳолии Шуғнон ва Рӯшон дар шакли «мадо» ё «маддо» ( аз калимаи арабии мадоеҳ, шакли муфрадаш мадеҳа) истеъмол мешавад. Ин вожа дар маҳалҳои дигари тоҷикнишин ва умуман дар байни форсзабонон дар нисбати гӯяндаҳо – мадҳкунанда, ки онҳоро «маддоҳон» мегӯянд, гуфта мешавад.

Маддоҳон на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар Озарбойҷон, Туркия ва баъзе кишварҳои Арабистон низ фаъолият менамуданд. Онҳо одатан, роҳ гашта бо ҳаракати дастҳо, имову ишораи рӯй, нутқи фасеҳу бурро бештар ривоятҳоро аз ҳаёти анбиёву авлиё, воқеаву ҳодисаҳои мазҳабӣ ва иҷтимоии даврро дар ҷойҳои серодами шаҳр, дар назди ҳавзҳо ва майдонҳои махсус қироат мекарданд.

Аммо дар Бадахшон, аз ҷумла, дар Шуғнону Рӯшон ин унсури ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии мардумро аз навъҳои мафҳуми суруд ифода мекунанд. Азбаски он на аз як матни суруд балки, аз маҷмуи матнҳо ва аз мақомҳои гуногуноҳанг таркиб ёфтааст, аксари ҳофизони солхӯрда онро онро дар шакли ҷамъ истифода мебаранд. Бояд хотирнишон кард, ки дар байни сокинони Ғорону Вахони ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва Ғорону Зебоки Султонишкошими Афғонистон низ дар нисбати ин навъи суруд шакли ҷамъи қасида, яъне мафҳуми «қасоид» – ро истифода мебаранд.

Мавриди ёдоварист, ки дар байни пайравони мазҳаби исмоилияи ноҳияи Дарвоз ин навъи сурудро ба унвони яке аз мақомҳояш «Ҳайдарӣ» номбар мекунанд. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки дар сурудҳои онҳо васфу ситоиши нахустимоми аҳли шиа Ҳазрати Алии Муртазо ва фарзандони ӯ Ҳасану Ҳусайн мақоми асосӣ дорад. Ҳамчунин, воҷиби қайд аст, ки ин навъи суруд дар навоҳии дигари Тоҷикистон, ба хусус дар Рашту Хатлон ба истилоҳи «Наът» бо оҳанги махсусу забони соддаю равон аз тарафи ҳофизони наътхон, одатан дар мавриди ёдбуди ягон шахси бузург ё имомону шайхҳои шаҳид ва дар маросими туй ҳам суруда мешавад. Дар ин гуна сурудҳо ба ғайр аз мазмунҳои динӣ фикрҳои панду ахлоқиро низ тарғиб мекунанд. Ин силсилаи сурудҳо дар байни қабилаи чиштия ба истилоҳи «Қабала» ( ба маънии қиссахон) дар Туркия бо мафҳуми «Самоъ» ва дар байни исмоилиёни Африқо, Канада ва қисмати шимолии Покистон бо истилоҳи «Гинон» маъмул мебошанд. Онҳо аз ҷиҳати матн ва мазмун ба матни мадҳияе, ки дар Бадахшон сароида мешаванд, то андозае шабоҳат доранд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД