Formula novemver 2024
Лолаҳои сиёҳ Қисми 1
1818

 

Боғигул дар ошхона машғули пухтани хўрок буд, духтари ягонааш Беназир ҳамроҳи духтарони ҳамсоя ба тамошои Ромит рафта буданд ва ҳамин ҳоло бояд бармегаштанд. Шабнам ягона хушбахтии модар дар ин даҳри дудар буд ва ў бо ҳавсала ғизои дўстдоштаи ў- кабоби дегиро мепўхт.

Боғигул оташро паст карда, хўрокро дам андохт ва рўйи миз нишаста, аз мевадон шафтолуе гирифта, ба даҳон бурд, ки занги дар садо дод. «Дар кушода» бо овози баланд гуфт зан ва духтаракаш дарро кушода, як бағал лоларо ба модараш дароз кард. Ранги зан канд, дилаш зад, аз дидани лолаҳо, вале ба хотири духтараш онҳоро гирифта, гўшае гузошт…

Лолаарўсак

Боғигул дар оилаи зиёӣ ба воя расида буд, дар деҳаи дурдасти онҳо модари ў ягона зани маълумоти олидор ва директори мактаб буд. Шояд ягона директор аз занҳо дар тамоми ноҳия буд. Модараш дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудаву бо падараш ҳамсабақ буданд, ишқи ҷавоне аз ҷануби мамлакат боз аз як деҳаи дурдаст духтари шаҳриро ба ин ҷо оварда буд.

Модарашро ҳама иззату эҳтиром мекарданд, ў маслиҳатгари бонувони деҳа буд. Падараш дар ҳукумати ноҳия вазифаи масъуле дошт. Дар оилаи онҳо чор нафар, се писару се духтар ба воя мерасиданд, Боғигул духтари ягона ва фарзанди кенҷаи хонавода буд. Модараш дар тарбияи фарзандон хеле сахтгир буд, писарони хонавода ҳар кадоме ба донишгоҳҳои бузурги кишвар дохил шуданд.

Боғигул хеле зебо буд ва аз хурдӣ пўшидани либосҳои сурхро дўст медошт, хешу табор ва ҳамсояҳо бо шӯхӣ ӯро лолаарўсак мегуфтанд. Духтарак қад кашида, ба як хонуми хеле нозанин мубаддал гашт, мехост духтур шавад ва ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббӣ супорид.

Бародари калонияш донишгоҳи ҳавонавардиро дар Маскав хатм карда, ба духтараки тоторе хонадор шуда, ҳамон ҷо монд, бисёр мехост, ки хоҳараш наздаш равад, вале ў нахост.

Насиҳати модар

Модар пеш аз он ки духтарашро ба хондан равон кунад, ўро наздаш шинонида, хеле насиҳат кард.

-Духтарам, ту хеле зебо ва дилоро ҳастӣ, медонам, ки ин ҷо бо касе меҳр наварзидӣ ва ошиқ нашудӣ, ишқ хоҳӣ нахоҳӣ, ба хонаи дили ту меҳмон мешавад, вале эҳтиёт бош. Ту медонӣ, ки ман падаратро дўст доштаму гапи падару модарамро рад карда, ба ў ба шавҳар баромадам, пушаймон ҳам нестам, аммо як умр дар кунҷи дилам барои писанд накардани волидонам пушаймонам. Падару модарам ба хотири ман ин ҷо меоянд, мо он ҷо меравем, бибию бобои падарият ҳам маро хеле дўст медоранд, аммаю амакҳоят низ ҳурматамро ба ҷо меоранд… Аммо дилам гоҳе сиёҳ мешавад, ки ман гапи волидонамро нагирифтам. Ту ҳам кӯшиш намо, то ишқ гуфта, ба рўи арзишҳои инсонӣ по намонӣ,-модар инро гуфту духтарашро ба оғўш кашида, аз пешонияш бўсид.

Боғигул модарро бовар кунонд, ки ҳеҷ гоҳ насиҳатҳои ўро фаромўш намекунад. Духтар бо дониши худ ба донишгоҳ дохил шуду дар як муддати кўтоҳ азизи дили устодону ҳамсабақон гашт.

Ў насиҳати модарро чун ҳалқа ба гўш карда, ба ягон нафар назари меҳр надошт, ошиқонаш аз мўйи сараш зиёд буданд, аммо ў намехост сухани модарро шиканад.

Курси аввалро бо баҳои аъло ба охир расонду ба курси дуюм гузашт, пас аз таътил ба гурўҳи онҳо ҷавоне омад, ки баъди рухсатии академикӣ таҳсилро давом медод. Ана ҳамин ҷавон дар дили ў майсаҳои муҳаббатро сабз кард…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД