Фарид ба назди тағояш ба шаҳри Хабаровск омад. Ҳушу ёдаш ба Нозия банд буд. Аммо ҳамин ки акси Нозияро дар тарабхона ба хотир меовард, дилаш сип-сиёҳ мешуд. Ӯ барои он роҳи муҳоҷиратро интихоб кард, ки боз ба куштори азизи дилаш даст назанад. Чунки хиёнати арӯсшавандаашро бардошта наметавонист. Беҳтарин роҳ барояш сафар ба дигар шаҳр буд, то набинаду насӯзад.
Нозия шаш моҳ интизорӣ кашид, аммо Фарид боре ба ӯ занг назад. Нозия дарун-дарун месӯхт. Хаёлаш ки ин дунё бе Фарид барояш маъние надорад. Мехост ба назди Фарид ба Русия биравад. Вақте ки ба хонаашон модари Фарид омада гуфт, ки фотиҳаро гардонданӣ аст, ҷон гӯё аз дасту пойҳои Нозия баромад. Ашки чашмонаш ӯро дигар тарк намекарданд.
- Сабабаш чӣ бошад?
- Ман намедонам, духтарам. Моро агар тавонӣ бубахш. Ин хоҳиши Фаридҷонам аст.
Нозия ба ин зарбаи тақдир тоб наоварда, ранги рӯяш зард шуд. Аз ғами ишқи Фариду бевафоии ӯ қалбаш дард мекард.
Рӯзе як дугонааш гуфт, ки Нозия, ин қадар ту хаппак метофтию аммо дар асл бало будаӣ. Нозия дар тааҷҷуб монда, пурсид:
- Чаро чунин киноя мегӯӣ дӯстам? Ман аз суханонат чизе нафаҳмидам.
- Охир, раққосаи моҳир будаиву аз мо пинҳон карда мегуфтӣ, ки дар ҳаётат нарақсидаӣ
- Рақс? Тавба, ман дар ҳақиқат дар ҳаётам боре нарақсидаам.
- О чӯ хел дина дар тӯй будем. Чунон рақсидӣ, ки ҳангу манги мардҳои ба тӯй омада аз ҳайрат канд.
- Ман?
- Боз кӣ мешуд?
- Ман дина дар хона будам. Баъди марги модар ман ба ҷое нарафтаам. Ҷойи кор кофта истодаам. Дар ягон кошонаи ҳусн ба кор медароям.
- Дурӯғ нагӯ, ту раққосаи тарабахонаӣ.
- Боз мегӯям, ки ман рақсиданро дӯст намедорам ва дар ягон тарабхона нарақсидаам.
- Ин дафъа бинамат, давида наздат рафта, исбот мекунам.
Нозия ба ин суханони дугонааш он қадар аҳамият надод. Аммо вақте ки ҳамсояписар ӯро гап доду ҷавоби сахт дод, он гаҳ ин ҳамсояписар гашта бо истеҳзо гуфт:
- Чӣ ин қадар ноз мекуниву худро покизаву фаришта мегирӣ? Пеши мардҳои бегона ку мерақсиву меҷунбонӣ, аз мо магар шарм медорӣ? Мо ҳам пулборонат мекунем.
Ин суханони ҳамсояписар якбора ба дили Нозия алов андохту ба дугонааш занг зада пурсид, ки дар кадом тарабхона гӯё ӯро дидааст?
- Дар тарабхонаи “Шикорчӣ”.
Нозия рӯзи дигар либосҳои азодориашро пӯшиду ба ҳамон тарабхона рафт. Аммо он рӯз ҳаммонанди ӯ, ки раққосаи моҳир буд, навбаташ набуду ба кор наомада буд. Нозия дар ин либоси мотамӣ тамоман ба худаш монанд набуд ва касе ҳам пай набурд, ки Закия ба Нозия сахт шабоҳат дорад. Нозия гашта ба хонаашон омад. Рӯзи дигар бегоҳӣ боз ба тарабхона рафт. Миёни саҳна ду раққоса хиромон-хиромон мерақсиданд. Нозия бодиққат ба чеҳраи яке нигоҳ кард. Ин духтари зебову ороста ба қавле чун як себи дукафон ба Нозия монанд буд. Нозия гӯё худашро дар оина медид.
- Худоё, ин духтар ин қадар ба ман монанд аст. Мисли он хоби дидаам. Лолаи сиёҳ ва духтари мисли ман.
Закия бо тамоми нозукиҳояш мерақсиду ба касе нигоҳ намекард. Нозия ба ӯ ишора кард, ки гап дорад. Аммо Закия ба ӯ тамоман аҳамияте надод. Нозия ноилоҷ боз сӯяш ишора кард.
- Ҳа, чӣ мегӯӣ? Мисли мардакҳо ишора карда, чашмакӣ мекунӣ?
- Ман як гапи муҳим дорам.
Вақте ки ҳарду дар роҳрави тарабхона танҳо монданд, Нозия рӯймоли калони сиёҳашро аз сар кашиду мӯйҳояшро парешон карда, ба Закия нигоҳ карда гуфт:
- Дидӣ, чӣ қадар ману ту монандем?
Закия ба чеҳраи ӯ бодиққаттар нигариста, қариб ки дод занад:
- Ба ростӣ, ин қадар бо ҳам монандем, мисли киноҳои ҳиндӣ. Гӯё Гитаву Зита бошем.
- Гӯш кун, ҳама имрӯз маро ба ту монанд карда, ҳар хел гапҳо мегӯянд.
- Э аҳамият нате. Ман раққосаам ва бо пули раққосагӣ ҳаётамро пеш мебарам.
- Шояд шавҳаршавандаам раққосагии туро дида, ба ман монанд карда, аз ман гурехта рафта бошад...
- Инашро худат медонӣ. Дар дунё монандҳо хеле зиёданд. Хайр, ҳозир навбати рақси ман аст. Рақами телефонатро те, ман занг мезанам.
Ҳамин тавр, онҳо рақами телефони якдигарро гирифта, аз ҳам ҷудо шуданд...
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН