Ҷессика Кокс, ягона лётчики бедастест, ки бар замми идора кардани тайёра боз бо таэквондо машғул буда, соҳиби қамарбанди сиёҳ гаштааст.
Маҳорати дигари ин зани 32-сола бе даст мошинрониву дар компютер ҳуруфинӣ карданаш аст. Ҷессикаи бе даст пианиноро низ хеле хуб менавозад. Ин зани ҷасур барои қобилияти бе даст идора кардани тайёра ба китоби рекордҳои Гиннеес дохил шудааст. Ҷессика Кокс самолётро бо кӯмаки пойҳояш идора мекунад.