Муҳоҷирати меҳнатӣ ба як ҷузъи хеле муҳими ҳаёти мардуми мо табдил ёфтааст. Русия барои аксари хонаводаҳои тоҷик даргаҳи умед гашта буд, зеро солҳои охир қисми зиёди тоҷикон ризқу рӯзии худу фарзандонашонро бо шарофати кор дар ин кишвар ба даст меоварданд. Паҳншавии каронавирус пеш аз ҳама ба муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо зарба зад, чунки роҳҳо баста шуда, мардум аз даромаде, ки тавассути муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст меоварданд, маҳрум гаштанд. Бо сабаби баста шудани хатҳои парвоз ва манъ шудани ҳаракати қатораҳо қисме аз муҳоҷирон натавонистанд ба Ватан баргарданд, онҳое ҳам, ки қабл аз эпидемия ва баста шудани марзҳо ба назди зану фарзандони хеш баргашта буданд, имрӯз худро ба сад дар зада, роҳи бозгашт ба Русияро меҷӯянд, аммо...
Киҳо метавонанд ба Русия парвоз кунанд?
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар сӯҳбат бо хабаргузории Sputnik. ба ин савол ҷавоб гуфта, қайд кардааст, ки парвози тайёраҳо ба Русия дубора оғоз ёфтаанд ва аз ин лиҳоз ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Дар хатсайри Русия-Тоҷикистон ҳамарӯза панҷ парвоз ба назар гирифта шудааст, ки сетои он аз пойтахти ин кишвар- шаҳри Маскав сурат мегирад, аммо ғолибан аксари ин парвозҳо яктарафа хоҳанд буд.
-Эпидемияи каронавирус дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия низ ҳамоно пуршиддат ҷараён дорад ва ҳадс задан душвор аст, ки вазъият дар ояндаи наздик чи гуна сурат хоҳад гирифт. Ба пуррагӣ кушода шудани марзҳо маҳз ба авзои эпидемологӣ вобастагӣ дорад,-мегӯяд ҷаноби Имомуддин Сатторов.
Барои бозгашт ба Ватан саросема нашавед!
Сафир аз муҳоҷирони меҳнатие, ки айни замон дар Русия қарор доранд ва бо ҷойи кор таъмин ҳастанд, хоҳиш кардааст, ки барои бозгашт ба Ватан саросема нашаванд, чунки бо сабаби шиддати эпидемияи каронавирус дар бозгашт метавонанд бо мушкилот рӯ ба рӯ гарданд.
Аз суханони Имомуддин Сатторов чунин бармеояд, ки агар зарурати ҷиддие вуҷуд надошта бошад, айни замон Русияро тарк намудан бар зарари муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳад буд, зеро манбаи даромади худро дар чунин замони душвори иқтисодӣ аз даст медиҳанд. Касе кафолат дода наметавонад, ки дар ояндаи наздик онҳо метавонанд дубора ба Русия баргашта, соҳиби ҷойи кор шаванд.
Ба қавли сафир айни замон дар Русия кор пайдо кардан чандон душвор нест, хоса дар бахши сохтмон ҷойҳои кории зиёде вуҷуд доранд. Корхонаҳо ниёз ба коргар доранд, аммо на ҳама метавонанд иҷозати вуруд ба ин кишварро ба даст оваранд. Аз ин лиҳоз муҳоҷироне, ки айни замон дар Русия ҳастанд ва иҷозати кор карданро доранд, набояд ба шитобкорӣ роҳ дода, шанси худро аз даст диҳанд.
Донишҷӯён метавонанд кор кунанд
Сафорати Тоҷикистон дар Русия талош дорад масъалаи бозгашти донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таҳсил мекунанд, зудтар ҳал кунад.
Ҷаноби Сатторов қайд намудааст, ки байни намояндагони расмии ду кишвар айни замон дар ин мавзӯъ гуфтушунидҳо идома доранд.
Сафир мегӯяд, махсусан барои донишҷӯёни соли аввал хеле муҳим аст, ки ҳарчи зудтар таҳсилро дар Русия оғоз намоянд.
Дар идомаи сӯҳбаташ Имомуддин Сатторов қайд кардааст, ки донишҷӯёни тоҷик акнун имкон доранд, ки дар баробари таҳсил дар Русия бо фаъолияти меҳнатӣ низ машғул шаванд. Қаблан донишҷӯён чунин ҳуқуқ надоштанд.
Роҳ барои беморон кушода аст, вале...
Бемороне, ки ба касалиҳои вазнин гирифторанд, метавонанд бо нияти табобат ба ин кишвар сафар намоянд, агар барояшон Русия ягона роҳи наҷот бошад. Дар ин ҳолат беморон бояд ҳуҷҷатҳои тиббиро дар бораи зарурати табобат дар Русия ба мақомотҳои ду кишвар пешниҳод намуда, иҷозатнома бигиранд.
Шумо мутахассиси хубед?
Барои афроде, ки ташнаи сафар ба Русия ҳастанд, боз як роҳи дигар низ вуҷуд дорад. Корхона ё муасиссае, ки ба ин ё он мутахассис сахт ниёз дорад (масалан ба духтури баландихтисос ё тренери варзишӣ) метавонад бо дархост ба Роспотребнадзор муроҷиат намуда, барои вуруди шахси мавриди назараш ба Русия иҷозатнома бигирад. Албатта касе кафлат дода наметавонад, ки бо дархости корхона Роспотребнадзор ҳатман ба шумо иҷозатнома медиҳад, вале ба ҳар ҳол чунин шанс низ вуҷуд дорад.
Пеш аз харидани чипта фикр кунед!
Хуллас, бо сабаби то ҳол номураттаб боқӣ мондани авзои эпидемологӣ ва шиддати паҳншавии каронавирус дар сар то сари ҷаҳон, масъалаи вуруди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Танҳо донишҷӯён ва беморон метавонанд бидуни мушкилоти ҷиддӣ ба ин кишвар сафар намоянд, дигар қишрҳои алоҳӣ, хоса муҳоҷирони меҳнатӣ бояд қабл аз харидани чипта андеша намоянд.
Агар шумо айни замон дар Русия қарор доред ва бо кори доимӣ таъмин ҳастед, беҳтараш ҷойи гарматонро хунук накунед. Фаромӯш накунед, ки дар сурати ба Тоҷикистон парвоз кардан шумо метавонад шанси бозгашт ба Русия ва манбаи даромади худро аз даст диҳед.
Агар айни замон дар Тоҷикистон қарор доред, беҳуда қарзу қавола карда, барои парвоз ба Русия чипта нахаред, зеро касе кафолат дода наметавонед, ки бидуни душворӣ метавонед ба Русия ворид шуда, соҳиби ҷойи кор гардед.
Ёддрас мешавем, ки бо сабаби паҳншавии бемории каронавирус Русия 18-уми марти соли равон марзҳои худро баста буд. Дертар, аз моҳи апрел Тоҷикистон низ марзҳои худро баст, то аз хурӯҷи эпидемияи КОВИД-19 пешгирӣ намояд.
Масъалаи кушодани марзҳо чанд маротиба байни ду давлат баррасӣ гашта бошад ҳам, то кунун ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст, зеро хурӯҷи каронавирус дар саросари ҷаҳон ҳамоно бошиддат ҷараён дорад.