Formula novemver 2024
Хушдомани ҷаллод ва ишқи пурмоҷарои духтари роғунӣ
2500

 

Ман Мунира, ҷавонзани 24- сола аз шаҳри Роғун. Мушкилоти ҳаёти оилавӣ маро маҷбур намуд, ки сирру асрори зиндагиамро ифшо созам.

Лайлию Маҷнуни сонӣ

Ману шавҳарам Шаҳриёр бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда будем. Волидонам “ин оила ба мо муносиб нестанд” гӯён, дар аввал зидди издивоҷи мо буданд, вале ману Шаҳриёр мисли Лайлию Маҷнун худро ба ҷунуну девонагӣ зада, барои ишқамон мубориза мебурдем. Падару модари дӯстдоштаам чанд бор ба хонаи мо хостгорӣ омада, ҷавоби рад гирифтанду Шаҳриёр аз ғояти навмедӣ ба беморӣ гирифтор шуда ба бемористон афтид. Ҳолаш ниҳоят бад ва зинда монданаш дар гумон буд. Табибон ӯро чандин маротиба аз ташхис гузаронида бошанд ҳам, ҳеҷ сарчашмаи бемориашро намеёфтанд. Ягона касе, ки чӣ дард доштани Шаҳриёрро медонист, ман будам. Боварии комил доштам, ки ошиқамро дарди ишқ ба ин ҳол расонидааст, барои ҳамин дар пеши падарам ба зону зада, зор-зор гириста гуфтам:

-Дадаҷон, бори охир аз шумо хоҳиш мекунам, ба тӯйи ману Шаҳриёр розигӣ диҳед, охир бачаи бечора кадом рӯз аз ғам мемурад...

-Духтарам, мо хушбахтии туро мехоҳем, барои ҳамин ба ин одамон ҷавоби рад додем. Гуфтам-ку, оилаи онҳо ба мо мувофиқ нестанд. Одамони майдагап, иғвогариро дӯст медоранд. Аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштани онҳоро дидаю дониста, ман гул барин духтарамро ба ин оила дода, як умр бадбахт кардан намехоҳам,-эътироз намуд падарам.

-Ин тавр бошад, ман худам рафта ба хонаи Шаҳриёр медароям, он гоҳ обрӯятон дар байни мардум ду пул мешавад,-таҳдид намудам ман шарму ҳаёро фаромӯш карда.

Ин бори аввал буд, ки ман ба рӯйи падарам давидам ва боварӣ доштам, ки дар ҷавоб як шаппотии обдор мехӯрам, вале ғайри чашмдошт падарам оҳи сарде кашида гуфт:

-Майлаш, ба Шаҳриёрат бигӯ, ки хостгорҳояшро фиристад, вале баъд аз ман гила накун, ки туро огоҳ накардам. Ишқу муҳаббати ин Маҷнуни навбаромад, то гузаштани тӯй аст. Ҳоло мебинӣ, аз байн ду сол нагузашта вай оби дидаи туро дар бари рӯят мекунад...

Бехабар аз он ки рӯзе пешгӯии падарам рост баромада, мани беақл аз кори кардаам сад бор пушаймон мешавам, аз хурсандӣ гул барин шукуфта зуд ба Шаҳриёр занг задам ва ин хабари хушро расондам. Маҷнуни ман бо шунидани ин хушхабар мисли шахсе, ки кӯзаи оби ҳаёт ба лабаш расидааст, ҷони тоза ёфта, ба зудӣ ҳолаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳод...

Келини таърифӣ

Ҳамин тавр маро ба дӯстдоштаам фотиҳа карда бо ҷиҳози фаровон ба хонаи бахтам гусел намуданд. Азбаски Шаҳриёрро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, хизмати волидонашро бо ҷону дил адо намуда, аз субҳ то шом меҷунбидам. Хонаи хусурам сермеҳмон буд, мани арӯсак ҳар одами аз дар даромадаро бо лаби пурханда пешвоз гирифта, чолокона дастурхон мекушодам ва дар як дам чанд намуд хӯришу хӯрокҳои лазиз мепухтам. Хешу табори хушдоманам ба кору рафтори ман диққат дода мегуфтанд:

-Дар ҳақиқат Шаҳриёр чашми харидор доштааст. Дар ин замона чунин арӯси парӣ барин хушрӯй ва бо дасту панҷаро ёфтан амри маҳол аст. Худо ба шумоён додааст...

Каси дигар мебуд, шояд бо шунидани ин суханон курта-курта гӯшт мегирифт, вале...

Рашки хонасӯзи хушдоман

Эҳсос мекардам, ки маро таърифу тавсиф намудани ҳаққу ҳамсоя ва хешу таборашон ба модари Шаҳриёр намефорад. Ин гапҳо рашки хушдоманамро меоварданд ва мисли мори афъӣ баъди рафтани меҳмонҳо бо ҳар баҳона ба кору борам эрод гирифта маро неш мезад. Барои он ки меҳмонҳо ҳусну ҷамол ва ҳунармандии маро ситоиш намуда, ғазаби модаршӯямро наоранд, кӯшиш мекардам, ки худро камтар ба онҳо нишон диҳам. Хӯроку хӯришҳоро тайёр карда ба лаълӣ мегирифтаму аз хоҳаршӯям хоҳиш менамудам, ки худаш бурда дар назди меҳмонҳо гузорад, вале бо ин роҳ низ дили хушдоманамро ёфта натавонистам...

Бибии сангдил

Нахли ишқи ману Шаҳриёр боровар гашта, ҳомиладор шудам. Шавҳарам аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ман низ шод будам, ки шояд туфайли ҳамин тифл муносибати хушдоманам бо ман тағйир ёфта, каме меҳрубонтар мешавад, вале хушхабари ба наздикӣ бибӣ шуданаш модаршӯямро бештар девона кард. Модари Шаҳриёр аз он дар ғазаб буд, ки чаро духтари панҷ сол пеш ба шавҳар баромадааш то ҳол кӯдак надораду ман бошам, як сол нагузашта ҳомиладор шудаам. Модаршӯям корҳои вазнинтаринро ба мани ҳомиладор мефармуд, шояд мехост бо ҳамин роҳ кӯдакам афтида, лолу музтар гардам. Сарамро боло накарда тамоми корҳои гуфтаашро мекардам ва кинояву пичинги хушдоманамро хомӯшона таҳаммул менамудам, то шавҳарамро маломат карда нагӯянд, ки зани хушкардаат иззату ҳурмати моро ба ҷо намеорад, аммо...

Бачаи ба пою қадам

Ҳамин тавр аз байн нуҳ моҳ гузашт ва ман писарчаи дӯстрӯяке таваллуд кардам, ки мисли себи дукафон ба падараш монанд буд. Тавлиди ин тифл тамоми аҳли оиларо хурсанд кард, ба ҷуз ду нафар-модаршӯй ва хоҳаршӯям. Хусурам набераашро рӯйи даст бардошта, гаштаю баргашта Худоро шукр мегуфт, ки ба писари ӯ чунин писарчаи солиму зеборо насиб дидааст, хушдоманам бошад, писханд мезад:

-Кал чӣ ёфтаст, як арра гуфтагӣ барин, ин қадар барои як кӯдаки хунукрӯй фахр мекунӣ мӯйсафед?!

-Занак, ношукрӣ накун, одамоне ҳастанд, ки ба нохуни фарзанд зоранд ва солҳо дар ба дари муллою табиб медаванд, вале Худованд як порча гӯштро насибашон намебинад. Ба писари мо парвардигор гул барин фарзанд додааст, барои чӣ ӯро рӯйи даст набардорем?! Набера мағзи бодом гуфтаанд, набераякамро гавҳараки чашмам барин эҳтиёт карда, болои дида мебардорем,-мегуфт дар ҷавоб падаршӯям.

Суханони шавҳараш як алами хушдоманамро сад алам гардонида, ба ман чунон бо нафрат менигарист, ки гӯё ягон одами наздикашро кушта бошам. Медонистам, ки сабаби нафрату бадбинии модаршӯям рашк аст, барои ҳамин шабу рӯз Худоро зорӣ мекардам, ки ба апаи шавҳарам фарзанд диҳад, шояд баъди кӯдакдор шудани духтараш хушдоманам меҳрубонтар мешавад. Худованд оҳи диламро шунид ва ҳанӯз чиллаи писарчаи ман набаромада хоҳаршӯям ҳомиладор шуд. Касе, ки ин хабари хушро шунавад, табассум карда мегуфт:

-Келинатон хушпою қадам буд, кӯдакаш ҳам мисли худаш бо пою қадам будааст, ана дидед, духтаратон ҳомиладор шуд! Худо хоҳад, атрофатон пур аз кӯдак мешаваду рӯзи дароз наберабонӣ карда мешинед...

Модаршӯям даст афшонда, ҷавоб медод:

-Ин гапҳо ҳамааш сафсата ҳастанд, ҳомиладор шудани духтари ман ба фарзанд таваллуд кардани келинам ягон алоқа надорад. Худо аз азал дар пешонии духтарам навишта будааст, ки шавҳар карда, шаш сол пас ҳомиладор мешавӣ...


Вақте модараш барои гирифтани дос ба он ҷо медарояд, ҷисми Соира аллакай дар расан овезон ва дар таҳлукаи ҷонканӣ буд.

 


Эҳсос намудам, ки ҳатто модар шудани духтараш хушдоманамро меҳрубон гардонида наметавонад ва ин зани ба сараш барфи пирӣ борида ҳамеша дар симои ман рақибро дида, бо рашку итоби бемаъниаш рӯзамро сиёҳ хоҳад кард, аммо хотири шавҳарам ба ҳамааш тоқат мекардам, чунки Шаҳриёрро аз ҷонам бештар дӯст медоштам ва ҳаёти худро бе ӯ тасаввур карда наметавонистам...

Ба муҳоҷират аз ҷабри модар

Кор ба ҷое расид, ки аз тарси модаршӯям ману Шаҳриёр бо ҳамдигар озодона нишаста суҳбат карда наметавонистем. Ҳазлу шӯхӣ кардани моро бубинад, хушдоманам оташ гирифта косаро ба табақ мезаду дегро ба кафлез. Ин кампири бадрашк писарашро ҳатто ба фарзандаш рашк мебурд. Шаҳриёр писарчаамонро навозиш кунад ё ба бағал бигирад, модараш қошу қавоқашро гиронда, писханд мезад:

-Чанд бача зоида ёд надорам, ки шавҳарам ягон фарзандашро мучӣ карда бошад. Ҷавонҳои имрӯза на шармро медонанд на ҳаёро, дар пеши чашми падару модар бачаашонро мелесанд. Худоё тавба, дигар нангу номуси мардона ҳам намондааст, бачаҳо зансифат шудаанд...

Шавҳарам аз шарм суп-сурх шуда, оҳиста кӯдакро ба замин мемонд ва ягон корро баҳона карда баромада мерафт.

-Занакҷон, ман хеле фикр карда ба хулосае омадам, ки ба Русия рафта мардикорӣ мекунам ва пул ҷамъ карда хона мехарам ё ягон порча замин гирифта, манзили нав бунёд мекунам,-шабе рози дил карда, андешаи маро пурсон шуд шавҳарам.

-Майлаш равед, шояд Худованд пеши коратонро мекушояду соҳиби хонаю дари худ гашта, дигар таънаю маломат намешунавем,-гуфтам дар ҷавоб ва афзудам,-Ману писарчаамро падару модарам таъмин мекунанд, шумо парвои мо накарда пулатонро тин ба тин ҷамъ кунед, то ақаллан ягон порча замин бигирем...

Рӯзи дигар Шаҳриёр мақсадашро ба аҳли хонаводаашон гуфт ва бо дуои падараш рахти сафар баста, чиптаи ҳавопаймо хариду ба Русия парвоз кард.

Гунаҳкорони бегуноҳ

Ҳамон шабу рӯзе, ки шавҳарам ба Русия сафар намуд ман тавлиди фарзанди дуюмамро интизорӣ мекашидам. Баъди рафтани шавҳарам хусуру хушдоманам маро ба хонаамон оварда монданд. Як бародари Шаҳриёр ҷавонмарг шуда буд ва хусурам ҳамеша мегуфт, ки агар келин ин дафъа ҳам писар зояд, номи писари раҳматиамро мемонем, вале тифли батнам ба дунё омада, нуҳмоҳа шуду бибию бобояш ба суроғи мо наомаданд. Ҳарчанд фикр мекардам, чӣ гуноҳ карданамро намефаҳмидам, чунки аз хонаи хушдоманам бе ягон ҷангу ҷанҷолу ранҷиш барои таваллуд кардан ба хонаи модарам омада будам...

Модари “кордон”

Бечора модарам “зиндагиаш вайрон нашавад” гӯён, кулчаю тӯша пухта, маро худаш ба хонаи хушдоманам бурда монд. Хушдоманам моро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифта, дарҳол ба бечоранолӣ даромад ва лабашро бурма карда гуфт:

-Кори домодатон ҳеҷ омада накарда истодааст. Бечора бачаам дар мулки мардум бе пул гушнаю ташна мегардад. Гуфтам, ки ягон занаки урусро ёфта гир, гражданства мекунӣ, кордат болои равған мешавад, лекин ин бачаи беақл “занам фаҳмад, хафа мешавад” гуфта, худашро хору зор карда гаштааст.

-Ба умеди гражданства шуда ба дасти ягон занаки бало наафтад, ки шумо аз писару духтари ман аз хонаю дари ободаш монад,-гуфт дар ҷавоб модарам.

--Эй не, ҳозир ҳамаи мардҳо ҳамин хел мекунанд. Ягон занакро ёфта мегирию то буд шудани корат ба номаш бо вай зиндагӣ мекунӣ, баъде, ки гражданства гирифта, ҳар кас бо роҳи худаш меравад,-модарамро дилпур намуд хушдоманам.

Никоҳ ба хотири шаҳрвандӣ

Пас аз рафтани модарам хушдоманам бо афсуну васваса маро ба гап дароварда, фармуд, ки ба Шаҳриёр занг зада бигӯям, ки ягон беваи русро ёфта, загс кунад ва ҳар моҳ ба хона пул фиристад. Рад кардам. Модаршӯям дар наздам шарт гузошта гуфт, ки агар ин корро накунам, маро аз дар берун мекунад. Медонистам, ки дар ин хона гапи хушдоманам қонун аст ва ӯ ҳамеша кори гуфтагиашро мекунад. Тарс балои ҷон гуфтагӣ барин, аз тарси хонавайрон шудан худам ба шавҳарам телефон карда, суханони модарашро такрор намудам. Шаҳриёр ба ғазаб омада дод зад:

-Ту девона шудаӣ, занҳои рус мисли занҳои тоҷик даҳанканда нестанд. Шавҳар, ки карданд, кана барин ба мардак часпида намегузоранд, ки як қадам дур равад. Магар мехоҳӣ, ки ду фарзандат бепадар монад?!

Хушдоманам телефонро кашида аз дастам гирифт ва ба сари писараш дод зад:

-Ҳамин қадар мардак дар Русия зан дорад, бачаҳояшон сағера нашудаанд. Ҳеҷ гап намешавад, ман худи пагоҳ рафта загси шумоёнро бекор мекунам, ягон занакро ёфта гиру гражданства кун, кору боратро, ки тахт кардӣ, баъд зану бачаҳоятро ба наздат мефиристам...

Шаҳриёр ҷуръати ба модараш гап гардондан накард, вале баъдан ба ман занг зада гуфт:

-Мунира, ту худат маро ба зани рус гирифтан маҷбур кардӣ. Акнун чизе, ки нашавад, аз худат гила кун, занак!

Чашм ба роҳ

Ҳамин тавр мани сода бо амри хушдоманам бо пойи худ рафта ақди никоҳамонро бекор намудам, то шавҳарам бемалол бо зани дигар загс карда тавонад. Умед доштам, ки ду-се моҳ пас Шаҳриёр шаҳрвандӣ мегирад ва соҳиби ҷойи кори хубу сердаромад мешаваду дубора ақди никоҳамонро барқарор намуда, хушбахтона зиндагӣ мекунем, вале хаёлам хом баромад. Пешгӯии шавҳарам дар мавриди он ки занҳои рус мисли занҳои тоҷик даҳонканда нестанд ва мисли кана ба мард часпида намегузоранд, ки як қадам дур шавад, рост баромад. Зани русаш шавҳарамро чунон ғуломи худ карда гирифт, ки дар Тоҷикистон зану фарзанд доштанашро тамоман аз ёд бурд. Ду соли дароз дар хонаи хушдоман бе шавҳар хар барин кор карда гаштам, вале Шаҳриёр на ягон бор барои ману фарзандонаш пул фиристод, на пурсид, ки шумо зиндаед ё мурда. Нияти бозгашт надоштани шавҳарамро фаҳмида худ ба худ гуфтам: “Ман дар ин хона ба хотири чӣ ғулом барин кор карда мегардам, хоҳ-нохоҳ ягон рӯз Шаҳриёр занг зада талоқи маро медиҳаду аз дар берун мекунад. Беҳтар он аст, ки дигар худамро паст назада, бо пойи худам баромада равам...”

Инак, ду сол мешавад, ки дар хонаи падарам зиндагӣ карда истодаам. Дар бадали ду сол шавҳарам ягон бор занг зада, ақаллан ҳолу аҳволи бачаҳояшро напурсидааст. Хусуру хушдоманам ҳам набераҳояшонро суроғ намекунанд. Никоҳи расмиамонро бекор карда бошем ҳам, Шаҳриёр маро талоқ надодааст ва дар назди Худову халқ ман ҳанӯз зани никоҳии ӯ ҳастам. Барои ҳамин ба “Оила” муроҷиат намудам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Шавҳари гурезпоямро интизор шавам ё таёқамро ба равшанӣ зада, аз паси зиндагии худ шавам?

Мунира, аз ш. Роғун.

Таҳияи Маҳинаи Давлат

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД