Суманак яке аз рамзҳои асосии Наврӯз маҳсуб меёбад. Ин хӯрдании залил аз сабзаи гандум тайёр карда мешавад.
Пухтани суманак кори осон нест, зеро он тӯли 12 соат дар дег пухта мешавад ва дар ин муддат дегоро пайваста кофтан лозим аст, вале бонувон бо шавқу завқи зиёде ба пухтани суманак омодагӣ мебинанд, зеро он натанҳо рамзи баҳор ва наврӯз аст, балки баҳонаи хубе барои ҷамъ шудани хонумҳо ва нишон додани ҳунари кадбонугии худ мебошад.
Чаро суманакро маҳз дар фасли баҳор ва иди Наврӯз мепазанд?
Хӯрдани суманак ба саломатии инсон фоида дорад ё зарар?
Биёед, ҳамроҳ ба инсаволҳо посух меҷӯем.
Суманак-давои авитаминоз?!
Дар оғози баҳор организми инсон аз норасоии витамин ва микроэлементҳо азият кашида, ба бемории авитаминоз гирифтор мешавад. Сабабаш дар он аст, ки дар давраи зимистон ҷисми мо тамоми захираи худро сарф мекунад. Барои бартараф кардани норасогии витамину минералҳо ба организм хӯрдани суманак бисёр муфид аст. Оламон кайҳо исбот кардаанд, ки дар таркиби майсаи гандум 18 намуди аминокислотаҳо, ҳамчунин витаминҳои С, В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F, ҳамчунин микроэлементҳо ва моддаҳои зиёди минералӣ аз қабили фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден ва ғайра мавҷуд мебошад, ки барои организми инсон ниҳоят заруранд.
Суманак ба ҳазми ғизо ёрӣ мерасонад
Сабзаи гандум дар баробари витаминҳои зикргардида ҳамчунин клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо вуҷуд доранд, ки коҳиши онҳо дар организм боиси ихтилоли фаъолияти аъзои гувориш (ҳозима) мегардад. Клетчаткае, ки дар таркиби сабзаи гандум мавҷуд аст, барои ҳазми ғизо кӯмак мерасонад. Пектинҳо ба микрофлораи рӯда таъсир расонда, токсинҳо, холестерин ва кислотаҳои талхаро аз организм хориҷ мекунанд, бинобар ин, онҳо барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон аҳамияти калон доранд.
Фарбеҳ бошӣ, суманак хӯр!
Истеъмоли суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст. Дар сурати тез-тез хӯрдани суманак иммунитети одам пурқувват шуда, организм ба таъсироти бемориҳои гуногун тобовар мегардад.
Суманак ба бемориҳои дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб, ғадуди сипаршакл низ даво буда, ҳамчунин экзема ва реши меъдаро шифо мебахшад.
Ба шахсоне, ки биноии чашмонашон суст гаштааст, бештар сманак хӯрданро тавсия медиҳем, зеро он қувваи босираро қавӣ мегардонад. Ин таоми болаззати баҳорӣ ҳамчунин ба сабзиши мӯйи сар мусоидат намуда, хунро тоза мекунад ва ба ҳосил шудани гемоглобин кумак мерасонад.
Бо шарофати моддаҳои гаронбаҳои дар таркибаш мавҷуд буда суманак авитаминоз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ менамояд.
Суманак-давои саратон?!
Олимон чунин назар доранд, ки суманак баҳри пешгирии амрози саратонӣ, фурӯ нишондани фишори хун, аз организм баровардани холестерин, ҷилавгирии хурӯҷи бемориҳои дил муфид аст. Суманак қувваи организмро зиёд, чашмро равшан, хастагиро бартараф карда, бар зидди бемории саратон мубориза мебарад.