Санаи 16 ба 17 феврал як гурӯҳ ҷавонони муфтхӯр бо мақсади ба даст овардани пулу моли бе дарди миён бо маслиҳати пешакӣ корхонаи як шаҳрванди Чинро мавриди ҳамлаи дуздона қарор доданд.
Корхонаи тороҷгашта дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ пойтахт ҷойгирбуда, тороҷгарон 8 телевизори тамғаи “Ясин”-ро ба яғмо бурдаанд.
Ба иттилоӣ маркази матбуоти ВКД ин ҷинояи ноҷавонмардонаро се сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе содир намудаанд. Дуздон 24, 26 ва 46-сола буда, дар ғорат намудани корхонаи чинӣ як марди 60 сола, ки ба сифати посбон дар ин коргоҳ хизмат мекард, ба онҳо кӯмак расонидааст. Посбони хиёнаткори корхонаи чинӣ зодаи ноҳияи Темурмалик буда, ҳамакнун барои ҳамдастӣ бо гурӯҳи ғоратгарон дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуф.