- Чаро ин тавр кардед?
- Чи кор кунам буд!?
- Ман ин хел зиндагӣ кардан намехоҳам.
-Фикр намекунӣ, ки баъд чӣ мешавад? Ту-ку роҳи худатро меёбӣ, аммо оилаам инро чӣ гуна қабул мекунанд? Падарам ба ин иснод тоб оварда наметавонанд. Барои ҳамин ҳам маҷбурам бо ту зиндагӣ кунам!
Фирӯза дар ҷавоби суханони шавҳараш чизе гуфта натавонист. Виҷдони Фаррух нагузошт дигар назди вай монад, аз ин рӯ ба дигар ҳуҷра гузашт.
хххххххххххххххххх
- Ношто намекунед!?
-Лозим нест, дар корхона мехӯрам.
Фирӯза боз хомӯш монд. Асабиву зиқ шудани Фаррух ба вай бетаъсир намемонд, ғайр аз ин вақти таваллуди кӯдак ҳам наздик меомад. Бар замми ин аз беэътибории зиёд шамол хӯрда буд.
Як бегоҳ Фирӯза таби баланд кард. Ба гармии ҳаво нигоҳ накарда хунук мехӯрд. Ҳарчанд ба кӯрпаҳои зиёд мепечид аммо фоида намекард. Ноилоҷ ба ҳуҷраи Фаррух даромад.
- Фаррух, ҳой Фаррух.
- Ҳа, чӣ мегӯӣ?
- Тобам нашуда истодааст. Хунук хӯрда истодаам.
- Рав ба модарам гӯй.
-Модарамро худатон ҷеғ занед. Рост мегӯям, сахт шамол хӯрдаам.
- Хастаам, пагоҳ кор рафтанам лозим. Безота кардан нагир.
Фирӯза оҳи сарде кашида берун баромад. Вақти баромадан сараш чарх заду аз беэҳтиётӣ пешпо хӯрда ба замин ғалтид.
- Аааа… Фаррух … Модарҷон…
- Э, вой, духтарам ба Шумо чӣ шуд? Табаш баланд шудааст. Фаррух, Фаррух… Дадеш… Куҷо шудӣ? Фаррух. Табаш баланд аст. Фаррух мегӯям…
- Ҳа, чӣ мегӯед. Чаро дод мезанед?
- Зуд мошин ёв.
- Хуб ҳозир, -гуфт Фаррух бо овози ларзон, зеро акнун фаҳмид, ки Фирӯза фиреб намекардааст.
Фирӯза то ба беморхона расидан аз шиддати дард беҳуш гашт.
- Духтурҷон чӣ гап аст, аҳволи ҳамсараму фарзандам хуб аст?
Камтар барвақт меовардед, кӯдакатон ҳам зинда мемонд... Афсӯс, тақдир набудааст…
- Ччиии… Неее… Ин тавр шуданаш номумкин аст, охир ин фарзанди нахустинамон буд,-бо оби дидаи шашқатор худро ба замин зад Фаррух.
Буғзи гулӯяшро базӯр фурӯ бурда, модари Фаррух аз духтур пурсид:
- Аҳволи келинам чӣ хел аст?
-Ҳоли келинатон ҳам он қадар хуб нест, то ҳол табаш нафаромадааст. Мо аз дастамон омадаашро кардем, ин тарафаш аз Худо…
- Ӯро бинам мешавад?
- Ҳозир не. Ӯ бояд дам гирад, зеро стресси сахтро аз сар гузаронд.
- Ҳамин замон ҳамшираи шафқат ба назди нафаре, ки дар толори ба қайдгирӣ мунтазир буд, омада “табрик мекунам, писардор шудед” гӯён шодиёна гирифт. Дили Фаррух бо дидани ин манзара гӯё пора-пора шуд ва бо шитоб ҷониби дари баррмадгоҳ равон шуд. Овози кӯдакони нав таваллуд шуда дили ӯро реш-реш мекард. Ҳар қадаре, ки аз он ҷо дур шавад, ҳамон қадар овози кӯдакон дар гӯшаш баландтар садо медод. “Бас, кифоя… Дигар шунидан намехоҳам. Илтимос, бас кунед… Намехоҳааааам… Аз пушти ман шуд, айби ман” - дод зада гиря мекард Фаррух.
хххххххххххххххххх
- Аҳволи келинам хуб аст духтур?
-Каме беҳтар шудааст. Фикр мекунам ӯро аз ин ҷо баред нағз мешавад. Кӯдакони занони дар ҳуҷра буда ҳамагӣ дар оғӯшашон аст. Ин ҳолатро дида вазъияти келинатон руҳан бадтар мешавад.
- Хуб духтурҷон фаҳмо. Фаррух, такси ҷеғ зан.
- Хуб модарҷон.
Ҳолати Фирӯзаро дида дили Фаррух пора-пора шуд. “ Наход дар се рӯз одам ҳамин қадар харобу лоғар шавад”- Худ ба худ фикр мекард Фаррух.
Аз ҳамон рӯзе, ки ин ҳодисаи мудҳиш рух дод, ба назди Фирӯза, Фаррух боре ҳам надаромада буд. Барои наздаш даромадан ҷуръат намекард ва ҳатто ба чашмонаш нигариста наметавонист.
Вақте ба хона омаданд, натавонист, ба рӯяш нигоҳ кунад. Фирӯза беҳолу бемадор, хастаҳолона ба атроф менигарист. Ҳаёт дигар дар назараш бе фарзанд ба маънӣ менамуд. Фаррух фаҳмид, ки дар зиндагӣ ба хатои калоне роҳ додааст. Ӯ ба назди ҳамсараш бо сари хам рафта гуфт :
- Хез Фирӯза хӯрок хӯрем. Хоҳӣ таомро ҳамин ҷо биёрам.
- Лозим нест. Ҳеҷ чиз намехӯрам.
- Ин хел кардан гирӣ бемор мешавӣ охир.
- Бигзор бемор шавам, ҳаминаш хуб аст.