arzon replenishment
Хайём Хаёлбеков Бонкире, ки ба санъат рӯй овард
3061

 Хайём Хаёлбеков ҳунарманди ҷавон аст, вале дар пайроҳаи ҳунар қадамҳои худро устувор мегузорад.

Ширину гӯшнавоз месарояд ин ҷавони санъатдӯст, ҳар оҳанги офаридааш дилчаспу дилнишин асту ба шунаванда писанд меояд. Пайваста дар ҷустуҷӯ асту ҳунари худро такмил медиҳад, гитор дар даст машқ мекунад, аз мактаби устодони бузурги санъати ватаниву ҷаҳонӣ шогирдона меомӯзад. Имрӯз бо хоҳишу дархости мухлисон Хайём Хайёлбеков дар меҳмонии ҳафтаномаи «Оила» қарор дорад.

-Хайём, шуморо ба идораи ҳафтаномаи «Оила» хушомадед мегӯем. Саволи аввалини мо оиди чӣ гуна пайдо шудани меҳри ҳунар дар рагу пайванди шумо аст, зеро бузургон гуфтаанд: «Захмае мебояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хоб».

-Саломи худро ба кулли мухлисон мерасонам ва аз кормандони ҳафтанома сипосгузорам, ки робитаи маро бо ҳаводорони ҳунарам зичтар мегардонанд. Аз кӯдакӣ дар дил орзуи сароянда шуданро мепарваридам. Чунон ба мусиқӣ дил баста будам, ки пайваста аз магнитофони оддии шӯравӣ суруд гӯш мекардам. Ҳамин одати кӯдакӣ билохира меҳри санъатро дар хонаи қалбам ҷо намуд.

-Хайёми кӯчак бештар кадом сурудҳоро гӯш мекард?

-Сурудҳои устодони бузурги санъатро амсоли Далер Назаров, Муборакшо Мирзошоев, Олег Фезов, Наргис Бандишоева, Кароматулло Қурбоновро гӯш мекардам. Ҳамзамон сурудҳои классикии афғонӣ хеле писандам буданд.

-Пас, сабаби он ки аксари мухлисон услуби сароидани шуморо ба сабки ин ҳунармандони маъруф монанд месозанд, ба ҳунари волои ин устодони санъат мароқ зоҳир намудани шумо аст?


Гулбаргро дар деҳаи Гули Сурх аз хурд то калон мешиносанд. Синну солаш ба 40 дакка хурда бошад ҳам, ин зани беҳаё то ҳол фоҳишагӣ карда, аз ҳисоби мардони айшпараст шоҳона зиндагӣ мекунад.


-Ман аз мактаби ҳунари Муборакшо ва Далер Назаров бисёр чизҳоро омӯхтам, вале мехоҳам сабки худро дошта бошам. Муборакшо ягонаву нотакрор буд ва ҳамин гуна нотакрор мемонад. Нафарони зиёде кӯшиши ба ӯ монанд шуданро карданд, вале ба мақсад нарасиданд.

-Дар як мусоҳибаатон хонда будам, ки дар бонк фаъолият менамоед. Маълум мешавад, ки маълумоти касбӣ мусиқӣ надоред.

-Бале, дуруст қайд кардед, ман Донишгоҳи славяниро хатм кардаам, вале ҳар чизе имрӯз омӯхтаам, бо шарофати ғоибона аз мактаби бузурги устодони бузурги санъат Муборакшо ва Далер Назаров омӯхтанҳоям аст. Муддати чор сол дар Аввалин бонки молиявии хурд ба ҳайси корманди қарзӣ фаъолият карда будам, вале имрӯз тамоми кӯшишу маҳоратамро ба санъат бахшида истодаам.

-Айни замон аз кадом ҳисоб оиларо таъмин месозед?

-Даромади молиявиам аз ҳисоби тӯю маъракаҳои мардум аст.

-Шунидем, ки шуморо ба кишвари ҳамсоя- Ӯзбекистон низ ба тӯй даъват мекунанд.

-Бале, борҳо ба он ҷо сафар кардаам ва ба ҳар ҷое даъват кунанд, ба хизмат тайёр ҳастам.

-Бо кадоме аз ҳунармандон ҳамкорӣ доред?

-Бо гурӯҳи «Шамс» ҳамкории зич дорем. Ба наздикӣ бо сарояндаи хушовоз Мадина Ақназарова дуэтеро бо номи «Дилхун» сароидем. Мухлисон онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидаву шунида метавонанд.

-Яъне, мухлисон сурудҳои шуморо бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас мекунанд?

-Аксари мухлисонам аллакай медонанд, ки тавассути шабакаи Инстаграмм суруду клипҳоямро дастрас кардан мумкин аст. Баъдан мо тавассути радио низ бо ҳаводорони санъат дар робита ҳастем. Чандин маротиба меҳмони барномаҳои мустақими радиоӣ гашта, ба пурсишҳои мухлисон посух гуфтаам.

-Кадом сурудатон бештар ба мухлисон писанд омадааст?

-Аз миёни сурудҳоям «Чашмонсиёҳ» зуд ба дили шунаванда роҳ ёфтааст.

-Вақтҳои охир ҳунармандони ҷавон аз репертуари сарояндагони беназири миллатамон, ки айни замон дар қайди ҳаёт нестанд, сурудҳояшонро бозхонӣ мекунанд. Шумо ҳам сурудҳои бозхонишуда доред?

-Чанд суруде, ки дар репертуари ман ба оҳанг дароварда шудааст, тоза ва моли худам аст ва боз сурудҳое дорам, ки аз эҷодиёти бузургонамон гирифта шуда бошад ҳам, сабку услуби худро ворид кардаам.

-Соли гузашта ба гӯшамон овозае расида буд, ки Хайём дар шаҳри Москав консерт барпо кардааст.

-Бале, соли 2018 аввалин консерти худро дар шаҳри Маскав бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ баргузор намудам.

-Вақтҳои охир дар чандин чорабиниву консерт ва фестивалҳо ширкат варзиданатонро низ мебинем.

--Бароям мояи ифтихор аст, ки дар Фестивали «Боми ҷаҳон» ширкат варзидам ва аз ин чорабанӣ як ҷаҳон таассуроти неку хотирмон гирифтам.

-Каме пештар дар як суханатон қайд намудед, ки клип ҳам доред. Аксари ҳунармандон аз хароҷоти клипҳояшон шиква мекунанд. Шумо низ бо чунин мушкилиҳо дучор гаштаед?

-Ҳамагӣ 7-8 клипҳои «лив» дорам, ки дар шабакаи инстаграмми ман пешкаши мухлисон гаштааст. Албатта, санъат бе душворӣ намешавад, вале ҳар чӣ аз дастам меояд, кӯшиш карда истодаам. Шукронаи волидон, оила, наздикон ва дӯстон мекунам, ки ҳамеша маро дастгирӣ мекунанд.

-Дар як мусоҳибаатон хонда будам, ки Хайём албоми аввалини худро дар кадом «гараж» сабт намудааст?

-Дар ҳақиқат албоми нахустинамро дар студияе сабт карда будем, ки дар гаражи автомобилӣ ҷойгир шуда буд. Тавре дар боло қайд кардам, ягон кор бе душворӣ намешавад, то заҳмат накашӣ, роҳат намебинӣ.

-Мухлисдухтаронатон ба мо бештар бо як савол муроҷиат мекунанд: «Оё Хайём оиладор аст»?

-Бале, ман оиладор ва соҳиби ду фарзанд ҳастам.

-Баъди як моҳ соли нав ҳам фаро мерасад. Нақшаҳои ҷадиди Хайём дар соли нав чӣ гуна аст?

-Хеле мехоҳам гурӯҳи худро аз ҷумлаи мутрибони касбӣ ташкил намоям. Мехоҳам ҳунарнамоии гурӯҳи мо комилан зинда бошад, бо садои зинда, мусиқии зинда ҳаводорони санъатро ба ваҷд овардан мехоҳам. Фикр мекунам, имрӯз шоу-бизнеси тоҷик маҳз ба ҳамин гуна зиндасароӣ ниёз дорад.

-Мебинам, ташвишатон хеле зиёд асту зуд- зуд ба соат менигаред, ба куҷое шитоб доред?

-Бале, ҳамин шабу рӯз барои иштирок намудани дар фестивале, ки дар шаҳри Москав баргузор мегардад, омодагӣ мебинам. Фестивал рӯзи 22-юми декабр баргузор мегардад. Ҳоло бояд ба макони машқи худ ҳозир шавам.

-Ба шумо дар пайроҳаи пурпечутоби санъат барори кор ва муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоем. Бигзор тамоми орзуҳоятон ҷомаи амал пӯшанд.

-Ташаккур!

Бознашр аз ҳафтаномаи "Оила"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД