Formula novemver 2024
Қадами Қурбон
1801
Қадами Қурбон

Аз доғҳои кунҷитак халос шудан мехоҳед?

Бо фарорасии баҳор дар пӯсти рӯи аксарияти занону духтарон доғҳои кунҷитак пайдо мешавад. Табъи аксари хонумҳо бо дидани доғҳои кунҷитак дар рӯйи худ озурда мегардад. Имрӯз мо чанд оҳи осони халос шудан аз доғи кунҷитакро ба шумо пешкаш месозем.

alt

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ

Пешгирӣ сохтани пайдошавии доғҳои кунҷитак осонтар аст, назар ба он ки баъд аз пайдошавиаш кӯшиши нест карданашро кунед. Аз ин рӯ, ҳоло ки баҳор фаро нарасидааст, кӯшиш намоед, то ки пӯсти рӯятон муҳофизат шуда бошад. Аз малҳамҳои дори SP-фактори баланд истифода бубаред, то ки пӯстатон аз нурҳои офтоб муҳофиза шаванд. Ба рӯятон упо (пудра) молед, ин амал низ пайдошавии доғҳои кунҷитакро суст месозад. Косметикаи дар таркибаш витамини С –доштаро, ҷавҳари меваҳо, хокаи лимӯ, ҷаъфарӣ (пештрушка), ангурро интихоб намоед.

Дар пӯсти рӯятон аллакай доғҳои кунҷитак пайдо шуда бошанд, аз малҳамҳои сафедкунанда истифода бубаред.

Никобҳои пӯстсафедкунанда

Ҳафтае ду маротиба ниқобҳои пӯстсафедкунандаро омода созед. Ниқоби якум: ду қошуқ фалла (творог), як қошуқ асал ва як қошуқ шарбати лимӯро омехта созед. Маҳлули тайёршударо дар пӯсти рӯйи худ 20 дақиқа нигоҳ дореду баъдан бо оби хунук бишӯед. Ниқоби дуюм: бодирингро бо пӯсташ аз турбтарошак гузаронида ба он як қошуқ чурғот илова намоеду ба рӯйи худ бимолед. Баъд аз 20 дақиқа бо оби ширгарм рӯятонро шӯед. Ниқоби сеюм: ним истакон чакка ё ҷурғотро бо як қошуқ орди ҷав ва ним қошуқча гиёҳи қаҳзак (хрен) аралаш карда, ба мобайни докаи дуққабата гузошта дар пӯсти рӯйи худ 15-20 дақиқа нигоҳ доред.

 Пӯстатонро хушк накунед

Фаромӯш насозед, ки ҳамаи ин ниқобҳои пӯстсафедкунандае, ки мо дар боло зикр намудем, танҳо бояд бегоҳиҳо ба пӯст молида шавад. Барои он ки баъди молидани ин ниқобҳо набояд нурҳои офтоб ба пӯсти рӯй расанд. Ва боз нағзакак дар хотир доред, ки тамоми ин муолиҷаҳои дар боло зикргардида, пӯстро аз ҳад зиёд хушк менамоянд ва боиси пиршавии бармаҳал мегарданд. Аз ин рӯ, пеш аз он ки барои нест кардани доғҳои кунҷитак шурӯъ намоед, нағзакак андеша намоед, чунки дар баробари тоза кардани доғҳои кунҷиак, пӯстатон хушку пурожанг шуданаш мумкин.

Воситаҳои табиӣ

Инчунин бо ҳамин мақсад метавонед воситаҳои табииро ба кор баред. Масалан, бодирингро ҳалқача бурида ба ҷойҳои доғи кунҷитакдоштаи пӯст гузореду 15 дақиқа нигоҳ доред. Ҳамарӯза бо шарбати лиму ва маҳлули аз ҷаъфарӣ (петрушка) омодашуда рӯи худро бишӯед. Барои тайёр крадани маҳлул аз ҷаъфарӣ, як қошуқ ҷаъфарии резашударо дар як истакон оби ҷӯшида дам партоед. Баъди хунуку шуданаш аз дока полонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД