Шон-Мсро бе муҳобо метавон шоҳи репсароёни тоҷик номид.
Дар атрофи номи ин ҷавони эҷодкор овозаю ҳангомаҳо хеле зиёданд. Яке мегӯяд, ки Шон МС маъшуқаҳояшро ба мисли дастпӯшак тез-тез иваз мекунад, дигарӣ ӯро бачаи кӯча ва бесавод мехонад, саввумӣ ҳадс мезанад, ки Шонро аз рӯйи камбағалӣ духтари дӯстдоштааш “кидат” кардаву аз алам репсаро шудааст. Ин сару садоҳо то куҷо ҳақиқат доранд?
Барои ба ба ин савол ҷавоб гирифтану аз ҳақиқати рӯзгори Шон огоҳ шудан мо бо ин ҷавони эҷодкор сӯҳбати ошкоро оростем.