Arzon march 2024
ХАТЛОН: МАРГИ 11 ТАЛАБАИ МАКТАБ ДАР НИМ СОЛ ДАР НАТИҶАИ ХУДКУШӢ
1741

 

Дар ним сол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 11 хонандаи мактаб худкушӣ кардаанд. Раёсати маорифи вилоят мегӯяд, ки ин омор дар муқоиса ба рақамҳои ҳамин давраи соли гузашта се маротиба зиёдтар аст.

Ба иттилои расмӣ аксар наврасоне, ки дар ин ним сол дар вилояти Хатлон худкушӣ кардаанд, духтарон буда, аз 15 то 17 сол доштанд.

Бибиноз Мӯсоева, сокини 16-солаи ноҳияи Вахшро рӯзи 20-уми июн аз банди дор пайдо карданд. Амонуллоҳ Мӯсоев, падари Бибиноз, ба “Радиои Озодӣ” гуфт, ки аз ҳодиса тақрибан даҳ рӯз гузашт, вале ба суоли он ки чаро духтараш худкушӣ кард, то ҳол ҷавоб ёфта наметавонад.

"Намедонам, барои ин кор чӣ далел дошт. Ҳамон рӯз ба модараш гуфтааст, ки сараш дард мекунад. Ман шом ба алафдаравӣ рафта будам, модараш гов меҷӯшид. Дертар ӯро дар ҳаммом овехта ёфтаанд", - нақл кард ӯ.

Муфаттишони ноҳия ба ҷойи ҳодиса рафта, дар бораи сабабҳои эҳтимолии рух додани ин ҳолат пурсуҷӯ кардаанд, вале ҳанӯз сабаб рӯшан нест.

Дар мактабе, ки Бибиноз Мӯсоева то охири моҳи апрел, яъне шурӯи карантин ва таътили пеш аз муҳлати тобистон дар онҷо таҳсил кардааст, ӯро ҳамчун хонандаи боинтизом ном бурданд. Муаллимон гуфтанд, ки он замон дар ӯ хастагӣ ва ё ҳолати бади равониро мушоҳида накарданд.

Чунин иттиллоъҳоро имрӯз сари ҳар қадам дар расонаҳои хабарӣ метавон хонд. Ҳолатҳои худкушиии мактаббачаҳо боиси нигаронии ҳам мақомот ва ҳам мардуми оддӣ гаштааст. Ҳатто волидайни талабаҳое, ки фарзандонашон даст ба худкушӣ мезананд, сабабашро шарҳ дода наметавонанд.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҳама нуктаҳои сайёра дар ҳар як 40 сония 1 нафар даст ба худкушӣ мезанад. Тибқи иттилои Прокурори генералии кишвар Юсуф Раҳмон соли 2019 дар ҷумҳурӣ 632 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ рух додааст. Мавсуф мегӯяд, ки худкушиҳо ва сӯиқасд ба ҷон дар соли 2019 назар ба соли 2018 ҳудуди 51 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.

“Сабабҳои худкушӣ зиёданд. Муносибати ноодилонаи байни волидайну фарзандон, майнӯшӣ, нашъамандӣ, бемориҳои рӯҳӣ ва як қатор сабабҳои дигар боис мешаванд, ки баъзе аз шаҳрвандон даст ба худкушӣ зананд”, - мегӯяд Юсуф Раҳмон.

Ӯ ин рақамҳорро ташвишовар хонда, гуфта буд, ки Тоҷикистон барномаи махсуси пешгирӣ аз худкушӣ ва сӯиқасди худкуширо қабул кардааст. Иҷрои ин барнома то соли 2023 дар назар аст. Ба гуфти ӯ, дар мақомоти Прокуроратураи генералии кишвар раёсати тафтишот амал мекунад, ки ба таҳлил, ҷамъбаст ва пешниҳоди парвандаҳои марбут ба худкушӣ машғуланд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД