Sebiston new 2024 october
Келини зӯр хушдоманро заду шавҳарро аз хона ронд
3001
Зӯҳро бисёр духтари шаттоҳ будааст, аз рӯзи аввали омаданаш вай ба шӯрандозӣ сар карда, мудом писарро бо модару хоҳаронаш ҷанг меандохт.

Ман Тоҷинисо Сафарова аз Масчоҳи кӯҳӣ. Шавҳарамро 25-сол пеш марги бераҳм аз мо рабуд. Яккаву танҳо бо садҳо азобу машаққат чор духтару як писарамро ба воя расонида, соҳиби хонаву дари обод гардонидам. Ба писари ягонаам бо умеду орзуҳои ширин духтари дугонаи ҷониам Зӯҳроро келин кардам, ки дар дами пирӣ хизматамро ба ҷо биёрад, вале афсӯс...
Дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки келин не, як аждаҳоро ба хонаам арӯс карда меорам. Зӯҳро бисёр духтари шаттоҳ будааст, аз рӯзи аввали омаданаш вай ба шӯрандозӣ сар карда, мудом писарамро бо ману хоҳаронаш ҷанг меандохт. Аз рӯйи занаш писарам чанд бор бо ман ва фарзандони падараш ғурбат карда, хоҳаронашро лагадкӯб намуд. Болои ин ҳама нағмаҳояш келинам бисёр духтари хабаркаш буд, ҳамин ки кӯза ба лаби коса расид, зуд ба модараш занг зада, тамоми гапу кори шудагиро ба модараш нақл мекард. Дугонаам ба гапҳои дурғӯи духтараш бовар карда, бо ман қаҳрӣ шуд.
Хулоса, оқибати духтари дугонаамро келин карданам ҳамин шуд, ки аз бача яккаву ягонаам ҷудо гаштам. “Бува, ту зани мана аз рӯзи аввал чашми дидан накардӣ! Хонаву дарат ба духтарҳоят насиб кунад, мо аз ин ҳавлӣ баромада меравем” гӯён, писарам оби дидаи маро дар бари рӯям карда, кӯчу бандашро гирифта рафт. Ҳарчанд гуфтам, ки занаш махсус ҷанг андохта истодааст, то ки моро ҷудо кунад, ба гапам гӯш накард. Як соли дароз аз ғами дурии писари ягонаам ашк рехтам, аммо фарзанди очазеборам ғуломи зан гашта, парвои модар надошт. Аз забони хешу табор мешунидам, ки келини албастиам писарамро хар карда, савор шудааст. Билохира косаи сабрам лабрез гашт ва ба шаҳри Хӯҷанд рафта, кофта-кофта хонаи иҷораашонро ёфтам. Вақте ки аз дараон даромадам, ҳуш аз сарам парид-келинам ба писарам дарафтода, мисли гурбаи ваҳшӣ сару рӯйи шавҳарашро меканд. Хостам писарамро аз чанголди зани бераҳмаш халос кунам, вале келин шавҳарашро монда ба ман дарафтод ва рӯямро бо нохунҳои дарозаш хуншор карда, баъд ману писарамро аз дар берун намуд. Келини худобехабарам ҳатто иҷозат надод, ки писарам либосҳояшро гирад. Раҳораҳ сабаби ҷангу ҷанҷолашонро пурсон шудам. Писарам лаб газида иқрор шуд, ки занаш кавалер доштааст. Бачаи бечораам баъди ин моҷаро тарки Ватан намуда ба Русия рафт. Аз он ки маҷбурӣ писарамро бо духтари дугонаам хонадор кардам, сахт пушаймонам. Қиссаи келинамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар падару модарон дарси ибрат гардад ва ҳеҷ гоҳ маҷбуран бачаҳояшонро хонадор карда, ҳаёти фарзандони худро бо дасти хеш насӯзанд.
Дар охир аз минбари сомонаи Оила.ТҶ ба писари мусофирам гуфтаниям, ки барои як тарпоча ин қадар овораю сарсон накарда ба хона баргард. Модару хоҳаронат туро бесаброна интизоранд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД