Arzon march 2024
Келинам шабҳо гум мешавад…
31.10.2022
ҲИЛОЛА
2543

 Салом ба аҳли қалами ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила», ростӣ аз рӯзи аввали нашр шуданатон ҳамқадами шумо ҳастам.

Синнам кайҳо домони ҳафтодро гузаштааст, солҳои зиёде говҷӯш будам. Як зани оддии қишлоқӣ, вале ба мутолиа шавқ доштам. Сари пириҳо бо худомӯзӣ дарси ҳарфҳои арабиро аз худ карда, Қуръонхон ҳам шудам. Чун дар нафақааму вақтҳои бекорӣ зиёданд, ҳафтавору маҷаллаҳоро варақ мезанам, хоса ҳафтавори шуморо. Аммо ин ҷо гап сари чизи дигар меравад, ман мушкиле дорам, ки мехоҳам аз хонандагони “Оила” маслиҳат пурсам. Ростӣ, худам дар кушодани ин муаммо оҷизам…

Ман зода ва парвардаи як деҳаи зебоманзари яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ҳастам. Дар хонаводаи хубе ба дунё омадааму ба воя расидаам, барои ман маҳфумҳои хиёнату бевафоӣ бегона ҳастанд. Шавҳарамро дӯст дошта, хонадор шудааму чилсола бева монда бошам ҳам, дигар ба рӯйи марде назар накардаам. Тамоми зиндагиву буду шудамро фидои фарзандон сохтам. Ҳамсарам хеле ҷавон оламро падруд гуфтанд, он кас сарвари хоҷагӣ буданд, аммо дар замони шӯравӣ ман зани раисаму кор намекунам гуфтанӣ гап набуд. Ман ҳам кору бори хонаи сермеҳмони шавҳарро мекардаму ҳам дар фермаи чорводории наздикии хонаамон говҷӯши пешқадам будам. Ордену медалҳои зиёде ҳам дорам, шаш фарзанд дорам, чор духтару ду писар. Духтаронам ҳамагӣ соҳиби маълумоти олӣ, хонаву дари обод ва зиндагии осудаанд. Бояд бигӯям, ки зиндагиям баъди сари шавҳарам ба замони аз байн рафтани шӯравӣ рост омаду хеле азоб кашидам. Фермаи кор мекардаам барҳам хӯрд, писаронам хурд буданд, аммо бо меҳнати ҳалолу миёншикан тавонистам онҳоро хуб ба камол расонам. Писари калониям Донишгоҳи аграриро тамом карду оҳиста-оҳиста фермаи шахсии худро кушод. Писари дуввумам дар донишгоҳ нахонд ва ба тиҷорати бародараш ҳамроҳ шуд, ман дигар кор намекардам. Писари калониро ба духтари ҳамсояамон, ки ҳамеша дар корҳои хона ба ман ёрӣ мерасонд, хонадор намудем, дуввумиро бошад, ҷигар-ҷигару дигар –дигар гӯён, ба ҷону ҳолам намонда, хоҳарам домод гирифт. Шояд шумо ҳайрон шавед, вале хоҳарам мисле, ки ба хостгорӣ омаду духтарашро ба зӯр ба писарам дод. Духтаронам бадзабониву ѓайбатчигӣ ва дурӯягии хоҳарамро медонистанду ин пайвандиро намехостанд, аммо ман хоҳари ягонаамро хафа намекунам гуфта, розӣ шудам. Ман чор акаву як хоҳар доштам, баъди аз сар рафтани падару модарам мо ѓамгусори якдигар будем ва ӯро хеле дӯст медоштам. Дар назарам на ѓайбатчигияш метофту на кору бори дигараш…

Хулоса, бо хоҳарам қудо шудем, духтари қадпасти кулӯлааш ба ҷои кутоҳ накардани забони ман дар назди фарзандону келини калонӣ, баръакс аз рӯзи аввали омаданаш бо авсунаш ҷанги сардро оѓоз кард. Куртаҳои авсунашро мебуриду бозичаҳои кӯдаконашро дар оташ мепартофту чӣ корҳое, ки намекард. Хоҳарам бошад, келинат инро ҷоду мекунад гуфта, гӯшу майнаамро мехӯрд. Хоҳарам ба ман фармон дод, ки барои духтараш хонаи алоҳида сохта, ӯро ҷудо кунем. Писаронам ба сохтани хонаи алоҳида сар карданд, хонаи дуошёнаи зебо қомат афрохту барои зиндагӣ тайёр шуд. Аммо писари хурдӣ, ман аз хонаи падарӣ намекӯчам, акаам кӯчад гӯён, пояшро дар як мӯза тиқонд. Хоҳарам мерафту меомад, маро маҷбур мекард, ки домодашро ризо кунам барои ба хонаи нав кӯчидан, вале писарам аз гапаш нагашт. Хоҳарам ин келини хапакат ҷодӯгарӣ карда, даҳони ду бачаатро баст гӯён, ҷангу ҷанҷол бардошт, ҳамин вақт писари хурдиям ба хона даромаду гуфт:

-Хола, мехоҳед ҳамин хел, нахоҳед ҳозир талоқи духтаратонро медиҳам, гирифта баред. Аз ҳамин рӯз пас дар хонаи мо фармондиҳиро бас кунед, ба сари модарам ҳам доду фарёд набардоред. То ҷое медонам, ҷодугар шумоед, ҳамеша аз таги болину даруни чойнику таги гилеми хонаи худам тумор меёбаму онро назди Мулло Карим мебарам, ба номи ман асту ба номи занам. Янгаам ягон қадам аз хона берун намемонад, модар надорад, ки мисли шумо барояш ҷодугарӣ кунад, коратон ба янгаи ман набошад! Хоҳарам баъди ҳамин ба хонаи мо омаданро бас кард, аммо келинам дуздӣ мекарду ба хонаашон мефиристод. Аз гӯгирди хона сар карда, то гӯшту равѓану пулу матоъро медуздид, инро медонистаму хомӯш меистодам. Бар замми ҳама одатҳои бадаш чиркину бадбӯй буд ва чор фарзанди ноқисулақл таваллуд кард. Боре ба хоҳарам гуфтам, ки ба духтарат гӯй, ки дигар таваллуд накунад, охир ҳам ба кӯдакон ҷабру ҳам ба худаш, аммо ӯ мегуфт, ки “таваллуд кардан гирад, якто не, яктоаш ҳушёр меояд ку…”

Хоҳарам ба бемории саратони ҷигар гирифтор шуда, оламро падруд гуфт, зиндагонии қашшоқона, ки доштанд, се соли расо писари ман ӯро нигоҳубин мекарду духтур ба духтур мегардонд. Гумон кардам, ки баъди марги модараш ҳуши келинам ба сар мезанад, ки нашуд. Ӯ бад  тар шуд, ки беҳтар не. Писарам аз қишлоқи ҳамсоя як ҷавонзани ба ҷурми бефарзандӣ аз шавҳараш ҷудошудаеро пинҳонӣ ба никоҳаш даровардааст, айни ҳол зани дуюмаш ҳомиладор аст. Писари ман аз рӯйи ҳавову ҳавас не, ба хотири як фарзанди солим зан гирифтааст, ман ҳаёти ӯро сӯхта, нагузоштам аз занаш ҷудо шавад. Келинам вақте аз зангирии шавҳараш огоҳ шуд, ки ӯ бо даъвати рафиқонаш ба Корея барои кор рафт. Келинам баъди хабардор шудан аз зангирии шавҳараш ба кори дигар сар кард, акнун ӯ нимаҳои шаб бо доду фиѓон берун баромада, зор-зор мегиряд, ки “сӯхтаме сӯхтам, кадоме маро ҷодугарӣ мекунад”. Ин зани ба ҷодугариву афсун омӯхта акнун палонҷашро ба ҷодугарӣ муттаҳам мекунад. Ростӣ, ман на зани дуюми писарамро мешиносаму на ӯро дидаам, вале аз рӯйи шунидам аз оилаи камбаѓале ҳастанду пули зиёдатии ба муллои ҷодугар медода надоранд. Ба инаш ҳам одат кардам, вале як шаб аз овози гиряи наберачаи хурдиям, ки бо модараш дар хонаи дигар мехобад, бедор шуда, худамро каш-кашон то он ҷо расонидам. Зеро пойҳоям дард мекунанду дуруст роҳ рафта наметавонам, набераам танҳо хоб буду келинам набуд. Хеле мунтазир шудам, баъд келинам омад, аз ӯ пурсидам, ки дар куҷо будӣ? Дар ҷавоб гуфт, ки “ба қабристон худамро доркашӣ рафтам”. Қабристон аз хонаи мо хеле дур аст ва хеле нотарс бояд бошӣ, ки дар нисфишабӣ он ҷо равӣ. Ин ҳодиса бори аввал нест, се ё чор бор келинам шабҳо гум шуд. Гумон мекунам, ки ӯ ба ман ва кӯдаки ноқисулақлаш, ки як сол дорад, доруи хоб медиҳад то аз амалҳояш огаҳ нашавем. Беҳуда нагуфтаанд, ки гумон аз имон ҷудо мекунад, асрори шабҳо ѓайб задани келинамро ба касе нагуфтаам, аммо фикрам доим банди ҳамин аст. Нисфи шаб як зани қишлоқӣ дар деҳа куҷо мерафта бошад?!

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед.

 Бо эҳтиром, хонандаи шумо

Таснифи Ҳилола

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД