- Ой, модарҷони азизи ман. Келинатон ба забони ширину гуҳарборатон садқа. Ман аз рӯзе, ки омадам, шуморо ҳамчун модари худ қабул кардам. Агар модарам 18 сол ба ман модарӣ карда бошад, шумо то охирин нафас бо манед. Шукр, ки Худованд ба ман ду модар додааст. Яке модаре, ки ба дунё оварду чун гавҳарак эҳтиёт карда, ба воя расонд, дигарӣ хушдоманам, ки дар давоми умрам роҳбалади зиндагиям аст.
- Келин, маро фиреб намекунед? Боз ба осоишгоҳ гуфта, ба хонаи пиронсолон набаред?
Муҳаббат аз суханони хушдоманаш қоҳ-қоҳ хандида, ҷавоб дод:
- Не, модарҷон. Ин осоишгоҳи зебоманзар дар шаҳри Истаравшан аст. Дар он ҷо аз мавзеъҳои дилфиребаш баҳра бурда, асабатонро ором мекунед. Охир, шумо ҳам барои истироҳат кардан ҳақ доред-ку.
- Не, келин, ман фикр мекунам ҳардуятон як шуда, аз ман халос шуданиед. Ҳама гумонҳоям рост баромаданд. Сардор, дидӣ, гуфтам-ку, ту латтаӣ! Агар аз аввал ба гапам даромада, ба занат сахт истодагарӣ мекардӣ, имрӯз ба гапаш гӯш карда, маро ба хонаи пиронсолон намебурдӣ.
- Модарҷон, чӣ хел хонаи пиронсолон? Охир, хостем истироҳат кунед. Агар хонаи пиронсолон мебуд, қудоятон ҳам мерафт? Келинатон модари худашро ҳам мебурд?
- Қудо ҳам мераванд?
- Бале, модарҷон, барои ҳардуятон як хонаи беҳтаринашро фармоиш додем. Ҳарду ҳамсуҳбат шуда, тафти якдигарро мегиред.
Ҳамин тавр, Сайёрахола ва қудояш Саида бо роҳхати гирифтаи фарзандон ба осоишгоҳ рафтанд. Ҳарду дар осоишгоҳ истироҳат карда, суҳбат мекарданду аз аёми кӯдакӣ, дардҳои зиндагӣ, имтиҳонҳои рӯзгор, рӯзҳои хуби дидаи худ ба ҳамдигар нақл карда, тафти якдигарро мегирифтанд. Ва аз меҳрубонии фарзандонашон мефахридану меболиданд.
***
- Ассалому алайкум модарҷон. Хуш омадед ба хонаатон. То омадани шумо хонаатонро таъмир кардем. Беҳтарин ҷиҳозро гирифта, бароятон шароити хуб фароҳам кардем. Акнун хонаатон монанди утоқҳои осоишгоҳ шуд.
- Раҳмат келин. Сардор гуфт, ки ин пешниҳоди шумо буд.
- Бале модарҷон.
- Ӯ боз гуфт, ки якчанд тиллояшро фурӯхта, барои ҷиҳози хона ва роҳхати осоишгоҳ сарф кард.
- Ҳамин тавр, модарҷон!
- Келин, маро бубахшед. Ман дар ҳаққи шумо ноҳаққӣ кардам. Дар нисбати шумо бадгумонӣ кардам. Ҳар лаҳза ба писарам шуморо ғайбат карда, хостам, ки шуморо занонам. Келин, маро бубахшед, баъзан бузургсолон ҳам бо ин қадар бузургиву таҷрибаи рӯзгор хато мекардаанд.
- Ҳеҷ гап не, модарҷон. Чаро ранҷам? Охир, шумо модари манед. Дар куҷо дидед, ки фарзанд аз модар ранҷида бошад?
- Лекин тиллоҳоятонро ҳайф кардед.
- Э не, модарҷон, инҳо чизҳоеянд, ки ёфт мешаванд. Дар зиндагӣ донистани қадри якдигар муҳим. Як каф дуои шумову як лаҳзаи хурсандиятон аз ҳазорҳо чунин тилло беҳтар.
- Ташаккур. Аз лутфу меҳрубонии шумо, келин, сарам ба осмон расид. Акнун шумо ҳам як туҳфаи маро мегиред!
- Э, чӣ туҳфа будааст?
- Ана ин халтачаи тилло ба шумо. Дар ин ду ангуштарин, се ҳалқа, як дастпона, ду гарданбанд ҳаст. Ростӣ, инҳоро ба шумо доданӣ будам. Мана имрӯз насиб карда будааст. Вақту соаташ ҳамин рӯз будааст. Ин аз ман ба шумо нишона.
Муҳаббат дастони хушдоманашро бӯсакунон ба чашмонаш молида, аз оғӯши гарми модаронаи хушдоманаш баҳраҳо гирифт. Сайёра дар дил “кош ҳама келинҳо чунин мебуданд” мегуфт худ ба худ. Ва табассум карда, “аммо хушдоманҳо мисли ман нашаванд” гуфту сари келинашро сила кард.
АРДАШЕР