arzon replenishment
Кӯдаконро задани волидон чи хатар дорад?
1042


Иддае аз волидон дар тарбияи фарзанд ба зиёдаравӣ роҳ дода, мехоҳанд кӯдакони худро бо задану тарсондан ба роҳи дурусти зиндагӣ равона созанд, ки ин хатои маҳз аст.

Кӯдакро бо чӯбу калтак не, балки бо суханони нарму ибрати шахсӣ тарбият намуда, фарқияти кори бадро аз кори нек ва сиёҳро аз сафед бо нармӣ фаҳмондан лозим аст, то инсони комил шуда ба воя расад.
Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳолатҳои зиёде ба назар мерасанд, ки натанҳо ҳуқуқи кӯдакон поймолкарда мешавад, балки онҳо аз ҷниби падару модар, бибию бобо, тағову амак, аммаву хола ва дигар калонсолн зери зулм ва шиканҷаи бераҳмона қарор мегиранд.

Ҳарчанд, дар баъзе ҳолатҳо чунин ҳодисаҳо ошкор гашта, калнслон барои муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдакон ҷазо гиранд ҳам, мутаассифона ин ба дигарон дарси ибрат намешавад ва садҳо ҳодисаҳи дигари зӯроварӣ нисбати атфол аз назарҳо пинҳон монда, ҳамарӯза кӯдакони зиёде аз ҷониби волидон, аҳли оила, хешу табор, муаллимон ва дигар калонсолон мавриди лату кӯб қарор мегиранд, шаллоқу шаппотӣ мехӯранд, дашному ҳақорат мешунаванд...

Аслан задани кӯдак амали ваҳшиёна аст, вале солҳои охир зери мушту лагад гирифтани хурдтаракон хеле зиёд шудааст. Таассуфовараш он ки кӯдакон бештар аз ҷониби волидони худ зери шиканҷа қарор мегиранд. Олимони Амрикоӣ муайян намудаанд, ки ба сару рӯйи кӯдак задан метавонад боиси гирифтор шудан ба бемориҳои неврологӣ, аз қабили алтсгеймер гардад. Дар натиҷа майнаи кӯдаки ҷабрдида аз ӯҳдаи иҷро кардани вазифаи худ намебарояд. Профессори мактаби тиббии Донишгоҳи Бостон гуфтааст, ки зарбаҳои такрорӣ ба сар боиси ихтилофи асаб мегардад. Ба сари кӯдак даст бардоштани одамони калонсол метавонад боиси тарс, дипрессия, нобиноӣ, гум шудани шунавоӣ ва ҳатто аз забон мондани кӯдаки маъсум гардад.
Мавлоно Таҳонавӣ фармудааст, ки ҳеҷ гоҳ кӯдаконро дар ҳоли ғазаб назанед. "Ман тамоми умр ба ин пайравӣ кардам ва ҳеҷ гоҳ дар ғазаби воқеӣ касеро назадам ё лагадкӯб накардаам. Сипас, вақте ки ғазаб пахш шуд, онро даъват мекардам ва ғазаби сунъӣ (дуруғ) меофаридам, то дар ин кор зиёдаравӣ накунам ва он ҳадафи аслиро (нодуруст будани рафтори кӯдак) эҷод мекардам. Зеро хашм чунон чизест, ки аксар вақт инсон ба он тоб оварда наметавонад”.
Мавлоно Таҳнавӣ задани кӯдакро гуноҳи сахт гуфтааст.
"Ин амал он қадар гуноҳи вазнин аст, ки ба сарам намеояд, ки чӣ гуна ин гуноҳ бахшида шавад."
Дар адабиёти безаволи мо қиссаву ҳикояҳои зиёде дар мавриди дуруст тарбия кардани фарзанд мавҷуд аст ва падару модарон метавонанд дар тарбияи фарзандони худ аз ин киссаҳои пурҳикмат истифода баранд.
Дар охир ҳдисаеро ёдвар шудан мехоҳам. Чанд рӯз қабл бонуе дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз бераҳмии волидон нисбат ба кӯдак мегуфту таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба худ ҷалб мекард. Ӯ чунин амали волидайнро ба "бумиран" ташбеҳ дода, рӯзе ҳамин ҳол ба сари худи онҳо баргаштанашро таъкид мекард. Воқеан имрӯзҳо шоҳиди он мешавем, ки волидайн зери шиканҷаи фарзандон қарор мегиранд, ки ин ба гуфтаи он зан "бумиран" аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД