(Идомааш)
Бо шунидани суханони охирини Садоқат Холбибиро гӯё якбора барқ зада бошад, ларзид. Ӯ лолу карахт ба Садоқате, ки дар миёни хона рост истода мунтазири ҷавоби модараш буд, нигоҳ карда, чӣ гуфтанашро намедонист. Чашмонашон бо ҳам бархӯрда, ҳарду баробар сар ба зер андохтанд. Ниҳоят, Холбибӣ худро ба даст гирифта пурсид:
-Дар бораи васиятномаи падарат ту аз куҷо медонӣ? Падарат на васият кардаасту на чизи дигар. Бечора якбора аз гап монда, тарки ин дунё кард...
-Оча, дурӯғ гуфтан ба шумо намезебад ва дурӯғ гуфта ҳам наметавонед. Ман васиятномаи падарамро ёфтам, дар он ҷо ким чӣ хел гапҳо навиштагӣ. Намедонам бовар кунам ё не?
Холбибӣ, ки ҳанӯз сарашро мисли хонандаи гунаҳгори мактаб ба поин андохта буд, дубора баргашта ба хона даромад ва ба рӯйи кати хоби Иқбол, ки наздиктар буд, нишаст. Пас, рӯ ба Садоқат оварда гуфт:
-Духтарам, ту медонӣ, ки падарат пеш аз маргаш андаке бемори руҳӣ шуда буд ва ҳарчи ки ба забонаш меомад, мегуфту ҳарчиро, ки дилаш хоҳад, ба рӯйи коғаз менавишт...
-Оча, боз дурӯғ гуфта истодаед. Падарам ягон хел бемории руҳӣ надоштанд, худатон борҳо гуфта будед, ки калимаи шаҳодат дар даҳон ин дунёро тарк карданд. Беҳтараш гӯед, ки чӣ гап аст…
Холбибӣ асабӣ шуда бо ситеза гуфт:
-Аввалаш ин ки, чаро ту бе иҷозати ман сандуқчаамро кушодӣ?
-Оча, ман онро накушодаам, дар вақти бозии Иқбол ба замин афтода, тамоми чизҳои дар дарунаш буда дар рӯйи хона парешон шуданд. Ман васиятномаи падарамро аз байни ҳамон чизҳои афтида ёфтам.
-Канӣ ҳамон коғаз?
Садоқат аз ҷояш бархоста сумкачаашро аз мехи девор гирифт ва даҳонашро боз намуда, аз он коғази чорқати зардшудаеро берун оварду ба модараш дароз кард. Баробари ба даст гирифтани варақ Холбибӣ дигар тоқат карда натавониста инони гиряро сад дод. Аввал китфони пиронаи харобаш дар зери куртаи тунук ба ларзидан сар карданд, баъд ҳунгосзанон гиря кардан гирифт. Садоқат камзулчаи модарашро аз либосовезак гирифта ба китфи ӯ партофт ва аз болои он бо ду даст Холбибиро оғӯш карда дар бехи гӯшаш пичиррос зад:
-Модарҷон, дар он коғаз чизе навишта шудааст ё не, барои ман фарқ надорад. Ту ягона модарам ҳастӣ ва ман ягона духтари ту...
Холбибӣ бо шунидани ин суханон боз ҳам баландтар гиря карда, духтарашро ба канораш гирифт ва бо садои гиряолуд гуфт:
-Маро мебахшӣ, духтарҷон. Ин гуноҳи ман, ки то имрӯз ба ту чизе нагуфтам. Раҳматии падарат гуфта буд, ки ҳақиқати ҳолро баъд аз ба шавҳар баромаданат ба ту гӯям, аммо дили сабилмондаам нашуд, ки дар хушбахттарин рӯзҳои зиндагиат туро хафа кунам. Натиҷааш ҳамин шуд, ки дар ҳамин рӯзҳои бади ҳаётат аз ҳақиқат огоҳ шуда, боз як зарбаи сахти рӯҳӣ бигирӣ… Ман туро таваллуд накарда бошам ҳам, аз як ё дурӯзагиат калон кардаам. Дар солҳои ҷанг бароят бо азобе падари раҳматиат шир ёфта меомад. Вақте ки одамонро дар сари роҳ барои як нон кушта мепартофтанд, бечора дадаат бо ким-кадом роҳҳо бароят ширӣ сунъӣ ёфта меовард, ман бошам, туро нигоҳубин мекардам. Духтарҷон, ту ба падарат гӯри заррин ҳам канӣ, меарзад. Пас аз як моҳи туро ба хона овардан худованд муъҷизаашро нишон дод ва дар синаи ман шир пайдо шуд. Пештар мегуфтанд, ки агар зан ба ягон кӯдак меҳри беандоза пайдо кунад, синааш хушк бошад ҳам, дар он шир пайдо мешавад, вале ман бовар намекардам. Баъди оне ки дар синаи худам шир пайдо шуд, фаҳмидам, ки пирон ин гапро аз таҷрибаи рӯзгор мегуфтаанд. Падари раҳматиат туро бисёр дӯст медошт, чунки худаш туро аз байни обу оташ халос карда буд. Мегуфт, ки баробари ба хона омадани ту баракати хонадон афзун гашта, ҷангҳо бас шуданд ва... ва баъд аз шашмоҳа шуданат дар батнам ҳамин додаракат Фирӯзҷон пайдо шуд. Барои қадами некат падарат туро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Ман намехостам, ки ҳақиқатро фаҳмида аз мо дилхунук шавӣ, вале раҳматӣ падарат мудом мегуфт: «Холбибӣ, ману ту фарзанди мардумро калон кардем ва барои ин моро Худо раҳмат мекунад, аммо ба ӯ баъд аз даромадани ақлаш ҳақиқатро бояд гуфт, вагарна парвардигори олам моро намебахшад. Кӣ медонад, шояд падару модари ҳақиқиашро кофта меёбад...” Васиятномаеро, ки ҳоло ту ба ман додӣ, пас аз маргаш аз зери болишташ ёфтам ва онро пинҳон кардам, то ки тую Фирӯз набинед. Дилам нашуд, ки онро дарронда партоям. Кори Худоро бин, ки он дар ҳамин рӯҳзои шум ба дасти ту афтидааст. Ин аст ҳақиқати ҳол...
Як муддат ҳарду дар оғӯши ҳамдигар хомӯш монданд, баъд Садоқат чашмони намнокашро бо нӯги рӯймолаш пок карда, аз рухсораи модараш бӯсид ва гуфт:
-Хуб кардӣ оча, ки то ин дам нагуфтӣ! Ҳоло ҳам нагӯй. Ту модари ман ҳастӣ, ба ман дигар ягон падару модар лозим нест. Бигзор додаракам Фирӯз ҳам ин чизро нафаҳмад, ки барояш як зарбаи сахт хоҳад шуд. Ман ӯро ва ӯ маро сахт дӯст медорад, ман намехоҳам, ки байни мо ба қадри як гард ҳам бегонагӣ бошад. Фаҳмидӣ оча? Агар ҳамин тавр накунӣ, ту модари ман нестӣ...
Холбибӣ, ки дар чеҳрааш мисли офтоби баъд аз борон андаке нишони хушҳолӣ пайдо шуда буд, гуфт:
-Хуб, ҷони оча, акнун, ки худат аз ҳақиқати ҳол огоҳ шудӣ, ихтиёр ба туст, ҳарчи гӯӣ, ман ҳамонро мекунам...
Ин дам аз дар Иқбол давон даромада омад ва модару бибиашро дар болои катчаи худ дида гуфт:
-Ҳа, шумоён маро берун карда дар болои катчаам хоб карданӣ-мӣ?
-Не, ҷонаки ширини ман, мо онро гарму нарм карданием,-ҷавоб дод Холбибӣ.
-Бибӣ, бачаҳои ҳамсоя мегӯянд, ки бибии Ҷамилаатро гӯр карда омадӣ, акнун бибӣ надорӣ...
-Не, бачаҷон, тую тағои Фирӯзат бибиатро ба он ҷо бурдед, ки андак дам гирад, баъд меояд...
-Дадаамро ҳам ба ҳамон ҷо мебарем, вай ҳам камтар дам гирад, баъд ҳардуяшон меоянд, майлаш ?
Аз ин суханони Иқболи 4- сола ҳарду як қад париданд ва баробар ба ҳамдигар нигаристанд, вале чӣ ҷавоб доданашонро надониста хомӯш монданд...
(Давом дорад)