(Давомаш)
Садоқат пас аз маросими гусели мурдаи Ҷамила ба қабристон ба худ ҷои нишаст намеёфт. Ба куҷое, ки менигарист, чашмаш ба ашёҳое меафтод, ки дар он нақши дастони кампири Ҷамила буд. “Худо раҳмат кунад, аҳли ҷаннат буданд...”,- бо дили хунгашта ва ашки шашқатор хушдоманашро ба ёд меовард Садоқат, кафгиру табақи тозаю озода шусташударо дида. Ногоҳ чашмаш ба мошинчаи кӯдакона афтод, ки дар кунҷи ошхона, дар зери балони газ бе ду чарх ба паҳлу афтода буд. Ҷавонзан хам шуда онро аз замин бардошт. Ин аввалин бозичаи писарчааш Иқбол буд, ки дар думоҳагиаш падараш онро барояш харида буд. Хушдоманаш ин бозичаро гирифта аз таҳти дил хандида гуфта буд: “Писари ман гумон мекунад, ки тифли навзод зуд аз ҷояш мехезаду дар рӯйи ҳавлӣ мошинчадавонӣ мекунад. Муртазо, ту ақл надорӣ, ки ба кӯдаки думоҳа мошинча мехарӣ? Ба ӯ ҳоло шақшақа ва пистонак лозим. Хайр, ягон дусола шавад, баъд онро бозӣ мекунад...”. Он замон Садоқат низ ҳамроҳи хушдоманаш хеле бозавқ хандида буд. Канӣ он давраи хубе, ки онҳо бо муҳаббат зери як бом мезистанд ва дар осмони зиндагиашон пораабре набуд? Ҳамааш дар як дам ба боди фано рафт. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, васиятномаи падараш дар бораи он ки вай духтари онҳо нест, чанд рӯз боз асабҳояшро тамоман хароб кардааст. «Худоё, ту ба сари ман боз чӣ мусибатҳое меорӣ...»,- аз дил гузаронд ҷавонзан ва мошинчаро ба рафи табақмонӣ гузошта, аз дар баромаданӣ шуд, вале ҳамин дам модараш ба ошхона даромада гуфт:
-Духтарҷон, ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Писаратро дар хонаи боло хобаш бурд, тезтар ба наздаш рав, мабодо дар хобаш натарсад...
-Не оча, Иқбол ба танҳо хобидан дар деҳа одат карда буд...
Баробари дидани очааш дар майнаи Садоқат беихтиёр боз ҳамон андеша пайдо шуд, ки вай духтари ӯ нест ва сарашро хам карда гуфт:
-Оча, дигар дар ин ҷо истодани ману ту маънӣ надорад. Холаамро гӯр кардем, биё акнун ба хонаи худамон меравем. Одамоне, ки аз ҷудо шудани мо огоҳанд, чӣ мегӯянд? Мегӯянд, ки “инро бин, ҳанӯз оби бадани хушдоманаш хушк нашуда, ба ҷою ҷалоли ӯ соҳиб шуданист...”.
-Эҳ духтарам, ту хоҳӣ-нахоҳӣ, ин ҷою макон аз писари туст, охир ягона меросхӯри кампир баъд аз Муртазо ҳамин наберааш аст,-оҳ кашида гуфт Холбибӣ.
-Ба ман чизи касе даркор нест, ба Иқбол ҳам. Он духтар даъво кардааст, ки дар шикамаш бача дорад ва гӯё барои ҳамин Муртазо ӯро никоҳ карда гирифтааст. Бигзор аз они вай шавад. Дили ман ба холаам, хушдоманам месӯзад, ки бо ҳазор азоб бача калон карданду аммо дар сари болини маргашон писарашон набуд...
-Худо медонад, ки худаш ҳам аз ҷойгаҳ мехезад ё не, агар хезад ҳам, ними одам мешавад. Худо Муртазоро барои ношукриаш зад…
-Оча,- гап сар карданӣ шуд Садоқат, вале чизе роҳи гулӯяшро гирифт…
-Лаббай духтарам, чизе гуфтанӣ будӣ?
-Не, ҳамту ...,-Садоқатро ҷуръат набуд, ки дар бораи васиятномаи падараш сухан сар кунад,-Мегӯям, ки илоҳо Муртазо сиҳат шавад, охир занаш ҳомиладор аст, бояд ба наздикӣ таваллуд кунад…
Холбибӣ синчакорона ба духтараш нигариста гуфт:
-Духтарам, ҳарчанд пинҳон карданӣ мешавӣ, вале медонам, ки баъди ҳамин қадар моҷароҳо ҳам ту ҳанӯз шавҳаратро дӯст медорӣ. Дудилагиро як сӯ гузор, ту бояд ба як хулосаи қатъӣ биёӣ, ки дар сари болинаш истода, ӯро ба по мехезонӣ ва ё пурра аз баҳри Муртазо гузашта, аз вай якумра даст мекашӣ. Дар миёнаи дуроҳа ҳайрон монда, чун дар арасот азоб мекашӣ...
-Муртазоро ман кайҳо аз ҳаётам хат задам, вале дилам ба ҳамон духтаре, ки бо ӯ никоҳ кардааст, месӯзад. Духтари ҷавон ба шӯи маъюб афтода боз ягон кору ҳоле накунад мегӯям…
-Кунад, кардан гирад! Айби худаш, ба шавҳари мардум чашм ало кард, мон акнун азобашро кашад. Ту занаки каппа калон шудаиву то ҳол мисли замони кӯдакию лӯхтакбозиат дилсоф ҳастӣ. Ҳамон замонҳо ҳам вақте духтарчаҳои ҳамсоя ба наздат меомаданд, зочаҳоятро ба онҳо медодӣ, баъзеашон лӯхтакҳоятро гирифта мебурданд, аммо ту чизе намегуфтӣ. Раҳматии падарат туро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва қариб ҳар рӯз бароят як бозичаи нав меовард. Баъдтар барои Фирӯз бозича харидан лозим нашуд, чунки як хона пур аз бозичаҳои ту буд. Духтарам, одам бояд чизашро соҳибӣ карда онро ба касе надиҳад, вагарна бечиз мемонад…
-Оча...,-боз бо оҳанги узр гап сар кард Садоқат,-падарам маро сахт дӯст медоштанд?
-Э, напурс духтарам. Аз рӯзе, ки туро ба хона овард…,-якбора ба забони кампир лакнат афтод ва ин аз назари Садоқат пинҳон намонд,- Яъне аз рӯзе, ки аз таваллудхона ба хона омадем, то рӯзи маргаш фикру хаёлаш танҳо бо ту банд буд. Худат медонӣ- ку, чӣ тавр вай туро дӯст медошт. Пас аз таваллуди Фирӯз ҳам ба фикрам туро аз ӯ бештар нағз медид...
-Чаро? Мардҳо писаронашонро бештар дӯст медоранд-ку?
Холбибӣ лаҳзае ба андеша рафту баъд гуфт:
-Намедонам... Шояд барои он ки ту якто будӣ...
-Охир, Фирӯз ҳам якто-ку? Яккаписар аст!
Кампир дид, ки Садоқат ӯро мисли муфаттиш пурсуҷӯ карда истодааст, гапро ба дигар тараф бурд:
-Духтарам, ҳоло вақти ин гапҳо не, биё беҳтараш хонаро тамиз карда, меҳмонони хушдоманатро нағз пешвоз гирифта гусел кунем, савобаш мерасад...
-Оча, падарам пеш аз маргашон ягон васиятнома монда буданд?
Холбибӣ, ки аз дари ошхона баромаданӣ буд, як по дар дарун ва пои дигар дар берун шах шуда монд...
(Давом дорад)