(Давомаш)
Ҳасратмоҳ гирду атрофи хонаро дида баромад, то Шафоатро пайдо карда, гапҳои дар дилаш бударо ба ӯ бигӯяд, аммо дар ҳеҷ куҷо ному нишони ӯро наёфт. “Ин духтари бесар боз ба куҷо рафта бошад? Мабодо ба хонаи муаллим надаромада бошад? Не, набояд дар он ҷо бошад, охир муаллим даро беморхона дар дами марг аст, вай дар он хонаи холӣ чӣ кор мекунад?» Риштаи андешаҳои кампирро пайдо шудани саги дӯстдоштааш Алопар, ки аз тарафи Ҷари Калон меомад, барканд. Бо дидани саг дар пойи Ҳасратмоҳ якбора ларза афтид ва “Мабодо ин духтари беақл худашро ба ҷарӣ напартофта бошад?» гӯён, лаҳзае дар ҷояш карахт шуда монд. Вай кӯшиш мекард, ки худро ба даст гирифта, ин ҳиссиёти мағшушро аз худ дур намояд, вале пойҳояш худ аз худ ӯро кашолакунон ба тарафи Ҷари Калон, ба ҳамон ҷое, ки дирӯз одамони бисёре ҷамъ шуда, Муртазои нимҷонро аз ҷарӣ ба боло кашида буданд, мебурданд. Алопари вафодор низ думашро ликонда-ликонда аз паси соҳибаш меомад. “Саг бепарвоёна омада истодааст, маълум, ки ҳеҷ гап нест...”,- худро ором мекард Ҳасратмоҳ. Ниҳоят ӯ ба лаби ҷарӣ расида, ба поён нигоҳ кард. Ҳама ҷо сокиту ором буд ва ба ҷуз паи пои одамоне, ки дирӯз ба ин ҷо омада буданд, дигар ягон из ба назар намерасид. Модари Шафоат бо диққат ба поён нигарист, вале дар қаъри ҷарӣ ба ҷуз оби дарёча дигар чизе ба назараш нанамуд. Хост ба қафо гардад ва Шафоатро аз дигар ҷо ҷустуҷӯ намояд, аммо ин дам чашмаш ба як чизи сиёҳи ба порчаи латтамонанде афтид, ки дар нишебии ҷарӣ дар буттае дармонда буд. Ӯ илоҷе карда дасташро дароз карду онро гирифт. Ин бозёфти аҷиб ба халтачаи соати дастӣ, ки одатан мӯйсафедон соаташонро дар он нигоҳ медоранд, шабоҳат дошт. Ҳасратмоҳ даҳони онро во кард. Дар дохили халтача як пора коғази сафед мехобид ва дар он бо ҳарфҳои каҷу килеб чунин навишта шуда буд: “Дар марги ман касеро гунаҳгор накунед. Маро каждум аз зери бағалам газид ва он каждумро ном ҳавою ҳавас аст. Ман гирифтори ҳавою ҳавас шуда, аз зану кӯдакам ҷудо шудам ва шармандагии аз ин бештаре маро дар пеш аст, бинобар ин, қасд кардам, ки дунёро тарк хоҳам кард. Илтимос, модари маро эҳтиёт кун, Садоқат. Муртазо”
Ҳасратмоҳ гаштаю баргашта ин навиштаҳоро мехонд ва аз он дар ҳайрат буд, ки дирӯз ҳамон қадар одам ин халтачаро надиданд. “Худованд инро барои ман нигоҳ доштааст, то ки гуноҳи муаллим ва духтарамро фаҳмам. Фаҳмам, ки муаллим ба Шафоат танҳо аз рӯйи ҳавою ҳаваси чандлаҳзаина никоҳ карда будааст ва ҳаргиз ба ӯ шавҳар шуда наметавонад. Эҳ, инро чӣ гуна ба ин духтари беақл фаҳмонам? Беҳтараш ҳамин коғазро мегираму ба худаш нишон медиҳам...” Ҳасратмоҳ дар дил чунин қарор дода, аз паси Алопар ба тарафи ҳавлиаш равон шуд. Дилаш пур буд, ки дар қаъри Ҷари Калон ягон каси дигар нест ва Шафоат ҳам дар ҳамин наздикиҳо будагист...
***
Ҷанозаи Ҷамила серодам шуд, зеро аҳли маҳалла ин зани меҳрубонро, ки хеле барвақт аз шавҳар монда, фарзанди ягонаашро танҳо калон кард, хуб мешинохтанд. Онҳо писари меҳрубони ӯ Муртазоро ҳам, ки дар пеши назарашон калон шуд, хуб медонистанд ва ҳайрон буданд, ки чӣ тавр ин бачаи меҳрубон якбора азми кор дар деҳаро кард ва зану фарзандашро гирифта ба он ҷо рафту модарашро танҳо гузошт. Танҳо ҷӯраҳои мактабии Муртазо, ки андак романтик будани ҳамсинфашонро медонистанд, аз ин кори ӯ ҳайрон набуданд ва миёнашонро маҳкам баста, дар ҷанозаи модари рафиқашон хизмат мекарданд. Онҳое, ки аз асли воқеа хабар надоштанд, аз ҳамдигар дар бораи Муртазо пурсон мешуданд, касоне, ки аз ҷарӣ афтида ҳоло дар бемористон будани ӯро медонистанд, байни маргу зиндагӣ будани ӯро ба дигарон қисса мекарданд. Ҷӯраҳои Муртазо тасмим гирифта буданд, ки баъд аз гӯру чӯб кардани холаи Ҷамила ба дидорбинии рафиқашон мераванд...
Садоқат ва модараш соҳиби меҳмонони Ҷамила буданд ва занҳоеро, ки ба хонаи ӯ меомаданд, меҳмондорӣ мекарданд. Аксари ба азо омадагон ҳамсояҳои Ҷамила ва онҳое буданд, ки ӯро мешинохтанд.
-Дугона, чӣ тавр шуд, ки Ҷамилаи қудоятон сип- сиҳат ба дидорбинии писараш рафта, якбора дар деҳа вафот кард?-мепурсиданд онҳо аз Холбибӣ, аммо модари Садоқат дар ҷавоб сар ба замин афканда, зери лаб пичирросзанон мегуфт:
-Намедонам чаро якбора ин тавр шуд. Духтурҳо мегӯянд, ки дилаш бемор будааст...
Холбибӣ кушиш мекард, ки аз чунин саволҳо гурезад, вале маҷбур буд ба ин пурсишҳо ҷавоб диҳад. Садоқат бештар гиря мекард ва Иқбол ҳайрон буд, ки чаро бибию модараш ин қадар оби дида мерезанду барои чӣ модаркалони дигараш дар хонаи дарун хобидаасту ҳеҷ кас ӯро бедор намекунад. Ниҳоят, вақти баровардани ҷасад ва ҷанозаи Ҷамила фаро расиду занҳо мурдаро ба кафан печонида, барои ҷаноза кардану гӯронидан ба мардҳо супориданд. Пеш аз хондани ҷаноза муллои гузар аз онҳое, ки миён баста буданд, пурсид:
-Маитро кӣ ба қабр мегузорад? Маҳрамаш кист?
Ҳама ба ҳамдигар нигаристанд. Касе аз мардони ҳузурдошта ба Ҷамила маҳрам набуд. Ниҳоят яке аз ҳамсинфони Муртазо гуфт:
-Наберааш ҳаст, аммо хеле хурдсол...
-Чандсола?
-Ба фикрам се ё чорсола...
-Агар дигар маҳраме надошта бошад, бояд ҳамин кӯдак ҳамроҳи ягон пири кадхудошуда (бенафсшуда) ӯро бо кӯмаки шумоён ба қабр монанд... Дигар илоҷ ва дар ин маврид фатвое нест...
-Оҳ фарзанди ношуд, ҳатто тақдир накард, ки модарашро худаш ба қабр гузорад,-тоқат накарда фиғон кашид Холбибӣ, ки Ҷамиларо натанҳо чун қудо, балки чун дугонаи наздикаш дӯст медошт.
Пас аз хондани намози ҷаноза мардум тобути Ҷамиларо ба мошин бор карда, ба тарафи қабристон равон шуданд ва Фирӯз, тағои Иқбол ӯро ба бағал гирифта, ба яке аз мошинҳои сабукраве, ки ба оромгоҳ мерафт, савор шуд...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)