Formula novemver 2024
Кампири бахтдузд шавҳарамро бурд
28.03.2020
Архив
5416

 

Дар рӯ ба рӯям зане нишастааст, ки бо вуҷуди ҳанӯз 40-сола будан, ба рӯяш ожангу ба мӯйҳои замоне қатрониаш сафедӣ дамидааст.

Ӯ сухан мегӯяду донаҳои ашк чун борон рӯяшро мешӯянд. Ба чеҳраи зебо, вале аз ноҷуриҳои зиндагӣ барвақт хаставу пиршудаи ин зани ситорагарм менигараму ба худ меандешам, ки ҳусну ҷамолу ақли расо ва хонаву дар доштан ҳанӯз нишонаи хушбахтӣ нест.

"Аслан, мо дар ноҳияи Хуросон умр ба сар мебарем. Ман соҳиби 6 нафар фарзандам. Ду писарам соҳиби зану фарзанд мебошанд",– нақлашро сар карда вай.

Замоне бо шавҳарам Ҳоким, ки корманди соҳаи савдо буд, хушу хурсандона умр ба сар мебурдем. Паи ҳам чанд фарзанд ба дунё овардам. Ба қавле аз бахти худ меболидем.

Шавҳарам, ки аслан марди кордон буд, ҳавличаи назарногири моро дар муддати кӯтоҳ ба як ҳавлии афсонавии боҳашамат табдил дод. Соҳиби мошину боигарӣ ҳам шудем. Хурсандии моро ҳадду канор набуд. Дар байни дӯсту душман бо сари баланду бовиқор мегаштам, ки Худованд ба ман шавҳари меҳрубону пулдор ва писару духтаракони зеборо насиб гардондааст, бехабар аз он ки гардиши фалак дар парда ҳазор бозии пинҳон дораду баъди ҳар нӯш неше ҳам ҳаст...

Шавҳарам ба куҷое, ки мебуд, ҳатман ба хона омада мегуфт:

- Очаи Тоҳирҷон, ягон хӯрданӣ бошад, биёр. Дар куҷое набошам, то аз дасти ту хӯрок нахӯрам, сер намешавад.

Зан ба як нуқтаи номаълуме нигариста, оҳи сар кашид ва баъд илова кард:

То ҳанӯз ҳам аз хиёнати Ҳоким ба худ омада наметавонам. Ҳамааш аз он сар шуд, ки ӯ бо зани аз худаш 7-8 сол калонтар шиносӣ пайдо кард. Акнун Ҳоким шабҳо ба хона намеомадагӣ шуд. Вале ман, ки ӯро девонавор дӯст медоштам, ба хотири бахти аввал ва фарзандонам чизе намегуфтам. Гумон мекардам, ки шавҳарам рӯзе ислоҳ мешавад, вале ...

 

Рӯзе шавҳарам бо ду марди ношинос ба хона омаданд. Аз суханрониҳояшон маълум гардид, ки онҳо харидори хонаеанд, ки ману фарзандонамон азоб кашида, сохтему ба қаср табдил додаем. "Мо куҷо меравем?"- бо чашмони ашкбор гуфтам ба шавҳарам. "Куҷое меравед чор тарафатон қибла. Ман бояд қарзҳои ҳамон занакро диҳам" – гуфт бо дағалӣ Ҳоким. "Охир, ба қарзҳои вай ту чӣ кор дорӣ?" - пурсидам ба ғазаб омада. Ӯ муште ба бехи гӯшам заду аз хона баромада рафт.

Харидорон хонаро хариданд ва ман маҷбур шудам, ки бо фарзандонам онро холӣ кунам. Аз хонае, ки тамоми даврони ҷавониам, беҳтарин лаҳзаҳои умрамро дар он гузаронида будам, бору буғчаамро гирифта баромадем. Ҳоким пули хонаро бурда, бо ҳамаи қарзхоҳони он зани бахтшикан, ки доимо рӯймоли сафеди калон ба сар дошт, вале дили сиёҳу нияти нопок, дод.

Имрӯз ман бо фарзандону келинҳоям дар бинои ҳаммоми қишлоқ, ки вайрону валангор аст, умр ба сар мебарем. Шавҳарам бошад вақтҳои охир умуман аз ҳоли мо намепурсад. Ӯ бо зани  дилсиёҳаш, ки 55-60 сола шудааст, дар айшу нӯш мебошад.

Шунидам, ки аз мардуми бисёре қарздор шудааст. Боз аз фоизаш ҳам. Ҳама пулҳои шавҳарам ба як нозу карашмаи “кампир” –аш сарф мегардад. Аламангез аст бароям дарки ин ҳақиқат, ки барои марди беномусу фосиқ на бахти аввал, на фарзанд, на хонаи ободу фаровон лозим набудааст.

Имрӯз шавҳарам аз касофтии он зани шумқадаму фосиқ аз зану фарзанд, хонаву дар, мошин, пулу мол, хуллас, аз ҳама чиз маҳрум гардидааст. Шояд вақт бемори бистарӣ мегардаду аз ҳама ҷо рондаву монда мешавад, боз ба назди мо бармегардад, вале ману фарзандони хонабардӯши дарбадарам ӯро дигар бахшида наметавонем.

Медонам, ки ин зани шаттоҳу бахтдузд доимо ба Ҳоким гапҳои қабеҳ мегӯяду ҳурмату эҳтиромаш намекунад. Вале тавре мегӯянд “бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд бигзарад”.

Ҳамааш мегузарад, вале то гузаштани ин дарду алами хонавайронию сарсонӣ умри одам хазон мегардад. Фарзандонам азоби сахти рӯҳӣ мекашанд. Баъди ин қадар азоб магар мо Ҳокимро метавонем бубахшем? Ҳеҷ гоҳ!

Зӯҳро,

ноҳияи Хуросон. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД