Чжан Руайфани 101-сол дорад. Ин пиразани дарозумр сокини яке аз деҳаҳои музофоти Хэнани Чин буда, баъди 100-солагиаш якбора шох баровардааст.
Дар оғоз аз тарафи чапи пешониаш хоришаке пайдо шуда, ҷонашро ба лабаш овард ва кампир маҷбур шуд, ки ҷисми лоғару азиятдидаашр то дари бемористони Тибашси расонад. Табибон ғӯрии дар пешонии пиразан пайдо шударо ҳамчун фоли бад арзёбӣ намуда, гуфтанд, ки ба бемории саратон гирифтор шудааст, аммо баъди ташхисҳои пай дар пай маълум шуд, ки кампир дар пешониаш шох бароварда истодааст.
Ин хабар натанҳо фарзандону пайвандони мариз, балки тамоми шахсонеро, ки кампири Чжанаро мешинохтанд, ба даҳшат овард. Талошҳои табибон барои монеъ гаштан ба инкишофи ғӯррӣ ягон натиҷа надоданд. Тавре ки яке аз табибони бемористони мазкур Нмонати мегӯяд, дар бадали ҳамагӣ 1 сол шохи ин кампири ғалатӣ якбора 6 сантиметр дароз шудааст.
Чжан Руйфанг аз бемории дар сари пириҳо якбора ба сараш омада хеле нигарон аст, зеро ин шох симои ӯро ба иблис монанд кардааст. Табибон ҳарчанд кӯшиш карданд, сабаби пайдоиш ва роҳи аз шох халос кардани кампиракро пайдо карда натавонистанд. Онҳо танҳо ба пайвандони мариз маслиҳат доданд, ки кампирро рӯҳан дастгирӣ карда, дилбардорӣ намоянд, ошкору ниҳон гов ё иблиси дупо гуфта мозоқу масхара накунанд, зеро ин ба саломатии кампир ва асабҳои нозуки ӯ зарари манфӣ мерасонад.
Чжан Руйфани 101-сола модари ҳафт фарзанд- шаш писар ва як духтар буда,соҳиби 14 набераву абера гаштааст. Писари калониаш аллакай 82-сола буд, такягоҳи ҳамешагии модараш аст.