Sebiston new 2024 october
Ишқи зани шавҳардор ва бачаи хона
3246


Ман як зани дар чорсӯйи зиндагӣ ҳайронмонда ниёз ба маслиҳатҳои шумо дорам. Зиндагиам имрӯз дар сари мӯйе овезон аст, илтимос, кӯмакам намоед, то хонаи бахтамро аз вайроншавӣ эмин нигоҳ дорам.

Шавҳарам марди меҳрубону зебо аст ва мисли дигар ҷавонмардои тоҷик ҳар сол аз пайи ризқу рӯзӣ ба Русия рафта меояд. Як рӯзи наҳс ба хоҳарам занг заданӣ шуда аз саросемагӣ як рақамро хато чидаам. Аз он ҷониб овози фораме ба гӯшам расида маро мафтун кард. Худамро гум карда канда-канда гуфтам: “Бубахшед, ман хато кардам.” Ҷавонмард “ҳеҷ гап не” гӯён, гӯширо хомӯш кард, вале соатҳои 10-и шаб боз аз ҳамон рақам ба телефони ман занг омад. Гумон кардам, ки ин дафъа ҷавон хато кардааст, вале ба ҳар ҳол гӯширо бардоштам. Шиноси ношиносам ба ман чунон суханҳои ширине гуфт, ки обу адо шуда, зани шавҳардор буданамро фаромӯш кардам. Ҳамин тавр, мо бо ҳам шинос шудем. Иқрор нашудам, ки оилаю ду фарзанд дорам. Ошиқам то ҳол гумон мекунад, ки духтараки ҳанӯз шавҳар накардаам. Вай девонавор ба ман дил бастааст ва бароям туҳфаҳои қиматабҳо фиристода, ҳаётамро бе ту дигар тасаввур карда наметавонам мегӯяд. Чанд бор ӯро дашному ҳақорат кардам, гапҳои қабеҳ задам, то ки дилаш аз ман монад, вале меҳраш торафт зиёдтар мешаваду кам не. Вай домони маро раҳо карданӣ нест. Дирӯз бо шавҳарам телефонӣ суҳбат доштам. Гуфт, ки имсол кораш чандон хуб нест ва ду-се моҳи дигар истода ба хона бармегардад. Метарсам, ки суҳбатҳои телефонии ман бо ин ҷавони ношинос боиси беобрӯ ва хонавайрон гаштанам мешавад. Бо он ҷавон чақ-чақ карда, гумон надоштам, ки вай ба ман ин қадар сахт дил мебандад.


“занаки каппа калон шарм надошта арақ мехӯрд, оқибат худо ҷазошро дода, бо дасти шавҳараш кушта шуд” мегӯяд, саввумӣ фарзандони ин оиларо гунаҳкор месозад, ки аз ҳоли падару модар хабар намегирифтанд ва пиру кампир танҳо монда, оқибат зиндагиашон бо фоҷиа анҷом ёфт...


Хатои ман ҳамин буд, ки шавҳардор буданамро аз аввал нагуфтам, акнун дар миёни дуроҳаи зиндагӣ монда, намедонам чӣ хел аз ошиқи шилқин халос шавам. Аз кори кардаам сахт пушаймон ҳастам, аммо намедонам чӣ тавр хатои худро ислоҳ намоям.
Ман шавҳару фарзандонамро дӯст медорам ва аз рӯйи суҳбатҳои бемаънии телефонӣ бо як ҷавони ношинос хонаи бахтамро вайрон кардан намехоҳам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хел аз ин варта худро берун кашам?
Зебои гумраҳзада

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД