Дар тарабхонаи Шоми Душанбе сихкабоб фармоиш доданд. Банди дили Шамшод кушода шуду ба Лола рӯирост гуфт, ки занашро тамоман дӯст намедорад ва барои дили пазмони ишқаш зани дувум гирифтан мехоҳад.
- Барои чӣ маро маҳз гирифтан мехоҳӣ, ҷонам?
- Чунки бо як дидан ошиқат шудам.
- Ҳоло ман чизе гуфта наметавонам. Якдигарро месанҷем, баъд дар ин бора суҳбат мекунем.
- Майлаш, гуфти ту шавад.
Он шаб то субҳ онҳо дар тарабхона суҳбаткунон нишастанд. Акнун ин вохӯриҳои онҳо қариб ҳар шаб такрор меёфт. Шамшод ба Лола гуфт, ки дигар сабр надорад ва онҳо бояд никоҳи мусулмонӣ намоянд. Лола розӣ шуд. Шамшод пинҳонӣ муллоеро оварда, Лоларо дар хонаи худаш никоҳ карда гирифт.
Гулноз ҳис мекард, ки шавҳараш шабҳо дар хонаи кадом зане хоб меравад. Аммо аз тарс ҷуръат намекард, ки аз шавҳараш чизеро бипурсад. Вале то субҳ дар бистари холӣ мегирист барои бахти набудааш. Ба худ мегуфт, ки ин қадар мушкил будааст, ки шавҳараш ӯро тамоман дӯст намедорад, меҳрубонӣ намекунад.
Барои Гулноз ҳатто як табассуми шавҳар мисли иде буд. Аммо аз қошу қавоқи Шамшод доимо барфу борон меборид. Шамшод ошиқи Лола буд. Зани дувумашро чун гавҳраки чашм нигоҳубин мекард.
Лола аз ишқи ӯ истифода бурда, талаб кард, ки барояш хона харад. Шамшод аз маркази ноҳия барои Лола хонаи сеҳуҷрагӣ харида, ба номи ӯ гузаронид. Лола аз чизеву касе камӣ надошт.
Гулноз ҳам серу пур мезист. Аммо муҳтоҷи навозишу муҳаббати шавҳари бераҳм буд. Лола доимо аз ӯ талаб мекард, ки шабона дар хонаи Лола бихобад. Шамшод ҳар як сухани ӯро бо ҷону дил қабул мекард. Аммо баъди огаҳӣ ёфтани он, ки Гулноз боз ҳомила аст, Лола аз ақл қариб ки бегона шавад. Бо Шамшод ҷангу ҷанҷол бардошта, даъво кард, ки рафта кӯдакро аз батни зани якумаш исқоти ҳамл намоянд. Аммо Шамшод инро доди Худо дониста, рад кард. Аз ҳамин соат сар карда Лола бо Шамшод носозгор шуд. Бо ҳар баҳона ҷанг мекард. Ҳатто ба шавҳараш таъкид карда гуфт, ки ё бо ман мемонӣ, ё бо зани якумат.
- Чаро дар вақташ нагуфтӣ ин гапҳоро?
- Чунки намедонистам ту бо «дӯст намедорамат» боз савум кӯдакатро барои зани ифлосат туҳфа мекунӣ.
- Охир ӯ ҳам ҳамсар ва ҳам модари фарзандонам мебошад. Ту чаро ин қадар разилӣ, Лола?
- Бас аст, ман дигар бо ту зиндагӣ карда наметавонам.
- Ман бошам, бе ту мемирам. Чунки дӯстат медорам.
- Агар дӯст дорӣ, аз баҳри зану кӯдаконат баро.
- Наметавонам, увол аст. Охир, Гулноз гуноҳе надорад, ки ман дӯсташ надоштаам.
- Дурӯғ мегӯйӣ.
- Лола, ман айни замон шавҳари ту ҳастам.
- Баъд чӣ, зани дувум зан нест? Ман чӣ тавре ки дилам мехоҳад, ҳамон тавр зиндагӣ хоҳам кард, фаҳмидӣ?
- Лола, ба иззати нафси ман нарас.
- Мерасам, чунки бениҳоят рашк дорам нисбати ту.
- Агар дӯст дорӣ, чунин фикрҳоро аз сарат бадар мекунӣ.
- Уф, шуд, акнун рав аз пеши чашмонам ба назди азизакат, боз таввалуд мекунад-ку…
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН