Мардуми тоҷик мақоли аҷибе доранд: “Девона гурез, ки маст омад!” Лайло ин мақоли халқиро борҳо аз забони модараш Шарофатхон, ки зани босалобат ва мардонадиле буд, шунида бошад ҳам, ба ҳақиқати доштани ин гуфтаҳо бовар надошт.
Аз ҳамин сабаб ошиқи шайдои шароб будани Пайравро донад ҳам, дил ба ин марди майзада дода, дар ишқаш Лайлии сонӣ гашт. Се хоҳарон Лайло духтари қоматбаланди зебо ва мағруре буд.
Ҳанӯз синну солаш ба 18 нарасид,а пушти дарашонро хостгорҳо ба қавли кампиракони деҳа “охурча” карданд, вале падару модараш ҳамаи талабгорони ин паричеҳраи нозпарвардашонро ноумед гусел мекарданд.
Падари омӯзгораш писар надошт, аз ҳамин хотир, мехост духтаронаш хонда, соҳиби маълумоти олӣ ва касбу кор гарданд ва дар дами пирӣ асои дасташ гашта, мурдаву зиндаашро соҳибӣ кунанд.
Апаи калонии Лайло-Саодат Донишкадаи омӯзгориро хатм карда, ба як ҳамсабақаш ба шавҳар баромад, апаи дуюмаш Малоҳат бошад, ба яке аз донишкадаҳои тибби Россияро дохил шуда, соле танҳо як бор ба Тоҷикистон ба аёдати аҳли оила меомаду халос.
Ягона дастёр ва ҳамдаму ҳамрози падару модар Лайлои мағруру зебо буд, аз ҳамин хотир, дили волидонаш намешуд, ки духтури нозпарвардашонро ба шавҳар диҳанд, вале...
“Сенсатсия” дар деҳа Лайло зотан ба модараш рафта, хислатҳои мардона дошт ва волидонаш орзу мекарданд, ки духтарашон ҳуқуқшинос шавад, вале алорағми интизориҳои эшон Лайлои сарвқомату заркокул роҳи санъатро пеш гирифт.
Аслан то Лайло аз деҳаи онҳо ягон духтар ба Донишкадаи санъат дохил нашуда буд. Мардуми деҳа ҳунарманд ё ба қавли маъруф “артиска” шудани духтарро ба худ ор медонистанд, вале азбаски падару модараш одамони замонавӣ буданд, хоҳиши духтарашонро дар замин нагузошта, иҷозат доданд, ки ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи санъат супорад.
Вақте ки хабари ба Донишкадаи санъат дохил шудани Лайло дар деҳа паҳн гашт, ҳамдеҳагон гиребони ҳайрат дошта мегуфтанд: “аз афташ ин муаллим девона шудааст, наход кас духтарро ба институти санъат дохил кунад?!Лайло бо ин кораш бе шавҳар мемонад, охир кӣ мехоҳад келини артиска кунаду ҳар шаб ҳамсари писарашро дигарон аз оинаи нилгун тамошо кунанд...”
Зебо, машҳур, вале бадбахт Лайло бо сари баланд аз имтиҳонҳо гузашта, донишҷӯ шуд. Азбаски духтари зебо ва хушқаду қомат буд, ҳанӯз аз курси аввал устодонаш ӯро ба ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ ҷалб мекарданд ва Лайлоро тариқи телевизион намоиш медодагӣ шуданд.
Ҳамдеҳагонаш акнун бо Лайло ифтихор мекарданд ва ҳар гоҳ, ки баромадашро тариқи оинаи нилгун бубинанд, ҳатман “Ин духтарак аз деҳаи мо аст, бисёр овози хуб дорад, мисли булбул месарояд” гуфта, таъриф мекарданд, вале дигар касе бо нияти хостгории Лайло ба остонаи дари хонаи муаллим қадам намегузошт.
Солҳо турнасон гузаштанд. Дар ин миён Лайло Донишкадаи санъатро хатм карда, дар як ансамбли номдор ба кор даромад ва соҳиби обрӯю эътибори зиёде гашт. Акнун мухлисонаш аз мӯйи сараш бисёр буданд ва дар маҳфилу консерту чорабиниҳои фарҳангӣ Лайлоро гулборон мекарданд, аммо...
Худованд ба ин духтари сарвқомат ҳусну ҷамоли оламсӯз, овози ширин ва шуҳрату маҳбубияти зиёде ато карда бошад ҳам, дари бахташ ҳеҷ кушода намешуд. Дарди ниҳони пирдухтар Аввалҳо Лайло ба рафтани синну солаш аҳамият намедод.
Вай чунон саргарми кори эҷодиаш буд, ки ҳатто вақти дар ин бора фикр кардан ҳам надошт, аммо бо мурури замон танҳоияшро эҳсос мекардагӣ шуд. Атрофаш пур аз дӯстону мухлисони ашаддӣ бошад ҳам, дар ҳама ҷо, дар корхона, дар хона ва ҳатто дар тӯю маъракаҳо худро танҳои танҳо эҳсос мекард.
Панҷаи танҳоӣ дилашро сахт мефишурд ва волидони дилсӯзу меҳрубонаш ҳам наметавонистанд ин танҳоии ӯро пур кунанд. Ҳар гоҳ духтарҳои ҳамсинфашро бибинад, ӯро як эҳсоси мағшуш ва ногувори хиҷолат пахш мекард.
Дугонаҳояш кайҳо шавҳар карда, 3-4 кӯдакӣ доштанд ва фарзандонашон мактабхон шуда буданд.