Сафаргул ба худ омаду сатилҳояшро гирифта, пулро пеши пойи Нафир андохта, дав-давон аз зинаҳо поин шуд, дилаш тап-тап зада, аз қафаси синааш берун шудан мехост.
Ӯ дав-давон ба роҳи калон расиду рӯи хараки истгоҳи шишагин нишаст, дар назараш на одамон метофтанду на нақлиёту на чизи дигар, ӯ дар олами хаёлоти худ ғутавар буд, ҳеҷ бовар надошт, ки қисмат бо ҳама дилсахтиҳояш ин гуна таҳқирро ба ӯ раво мебинад, таҳқире, ки ҳамин рӯз бо ӯ кард…
Нафир Сафаргулро дар тӯйи духтархолааш дида, ошиқи зораш шуд. Сафаргули қоматбаланди абрӯсиёҳ низ ишқи ӯро пазируфт. Нафир духтур ва зодаи деҳаи дурдасте буд, волидони Сафаргул, ки дар як ноҳияи атрофи шаҳр зиндагӣ мекарданд, танҳо ба хотири ваъдаи дар шаҳр мондан, розӣ шуданд, ки духтари ягона ва эркаи чор бародарашонро ба як ҷавони ношинос диҳанд. Зиндагияшон ширин оғоз шуд, хусуру хушдоманаш ҳам Сафаргули меҳнатии нозанину сархамро хуш пазируфтанд. Зану шавҳари ҷавон дар иҷора зиндагиро сар карда, баъд соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ шуданд, фарзандонашон ба дунё омаданду олами онҳоро рангинтар карданд. Сафаргул дар ҳамон хонаи якҳуҷрагӣ меҳмонҳои шавҳарро қабул карда, фарзандонро тарбия мекарду хушбахт буд. Нафир шабу рӯз кор мекард, онҳо ният доштанд, ки хонаи калонтар мехаранд, Сафаргули сарфакор кӯшиш мекард, ки пули ёфтаи шавҳарро ками дар кам сарф кунад. Волидонаш барояш меваву сабзавоту ширу ҷурғотро арзонӣ равон мекарданд, модараш сару тани духтари якдонаашро таъмин мекард. Сафаргул медид, ки шавҳараш ба ӯ тамоман бепарво аст, вале аҳамият намедод, ин ҳамаро аз серкории ҳамсар медонист. То он рӯзе, ки Нафир дили ӯро чун санги рӯйи роҳ пеши по зад, зани хушбовар гумони баде надошт.
Як шоми зимистонӣ Нафир либосҳояшро бардошту тамоман аз хона рафт, чун бародарони Сафаргул суроғаш рафтанд, гуфтааст, ки зани дигарро дӯст доштаам. Ба хотири зиндаятим намондани ҷиянҳояш бародари калонӣ ба домод мегӯяд, ки “майлаш, бо он зан бош, аммо хоҳари маро ҳам нигоҳубин кун”, аммо Нафир мегӯяд, ки маҳбуби ман хеле рашкин аст. Баъди ду моҳи ин гуфтугӯ шахсони ношиносе назди Сафаргул омада, ӯро аз хонааш меронанд, мегӯянд, ки мо ин хонаро харидаем. Сафаргул ягон бор назди Нафир нарафта буду ӯро барои баргаштан зорӣ ҳам накард ва бо ҳамон ғурури зотияш хонаи бахташро тарк кард, фарзандонашро гирифта, хонаи падараш рафт.
Инак, даҳ сол мешавад, ки онҳо ҷудоянд, Нафир як бор ҳам ёди фарзандон накард. Сафаргул бо меҳнати ҳалол зиндагияшро пеш мебарад, фарзандони хуб дорад, аммо дигар ёди шавҳар накард. Дилаш аз дори дунё мондааст…
Риштаи андешаҳои Сафаргулро садои занги телефонаш канд, писараш бо изтироб гуфт:
-Очаҷон куҷо шудӣ? Чаро маро бедор накардӣ, ки ҳамроҳ равам, танҳо рафтӣ?!- Сафаргул ба соат нигаристу бо ҳайрат дарёфт, ки аз субҳи солеҳон то нисфирӯз дар ҳамин истгоҳ нишастааст. Ҷамол аз хомӯшии модар рамуз гирифта гуфт:
-Очаҷон, ману апаам ош пухтем, то шумо наоед намекашем. Сафаргул ёдҳои талхи имрӯз дар зеҳнаш ҷамъшударо дар домани шаҳр рехта, пар кушода сӯйи фарзандаконаш шитофт.