Чордухтаракон
Ман дар деҳоти зебоманзараи кӯҳистон ба дунё омада, ба воя расидаам. Дар хонавода мо чор духтар будем, падару модарам писар надошта бошанд ҳам, ҳеҷ гоҳ шиква аз ҳаёт надоштанд ва моро чун гавҳараки чашм азиз дошта ба воя мерасониданд. Модарам тамоми ҳунарҳои занонаро ба мо меомӯхтанд, падарам бошад, ҳамеша дар гӯшамон мехонданд, ки боодоб шаведу сарамро байни хосу ом паст накунед. Мо аз ҳамдигар яксолӣ фарқ доштем, ман байни ҳама кенҷагӣ будам.
Агар гӯям, ки дар деҳа дар болои апаҳоям ҷанг шуд, бовар намекунед. Рӯзе набуд, ки остонаи хонаамонро хостгоре зер накунад, ду апаи калонамро ҳамсояписарон ва апаи сеюмамро писари амакам гирифт. Баъди домоддор шуданамон дасти падарам каме сабук шуд, акнун язнаҳоям ба он кас писарвор хизмат мекарданд. Ман дар синфи ёздаҳум мехондам, хостгорони зиёд дошта бошам ҳам, падарам гуфтанд, ки ин духтарамро дарҳол шавҳар намедиҳам, баъди мактаб як сол - ду сол гузарад, баъд…
Бо маслиҳати язанаи калониям дар назди хонаамон, ки дар назди роҳи калон буд, дӯкончаи хурде кушода, ҳар гуна коло ба савдо гузоштем. Дӯкондор ман будам, фоидаи хуб ҳам меёфтем, зиндагиямон хушу хурсандона ҷараён дошт…
Ишқи бачаи лақай
Азбаски деҳаи мо кӯҳистон аст, баҳору тобистон то тангии тирамоҳ чӯпонон моли худро оварда дар ҳамин ҷо мечаронанд ва харидорони асосии дӯкони мо ҳам ҳаминҳо буданд. Як чӯпонбачаи лақай зиёд ба дӯкон омада, бо забони тоҷикии шикаста маро таъриф мекарду изҳори ишқ менамуд. Аввалҳо ба ҳолаш механдидам, вале баъдҳо бо вай унс гирифтам. Ҷавонони деҳаамон чанд нафар ба ман изҳори ишқ карда бошанд ҳам, рад карда будам, вале Алишер чӣ ҷозибае дошт, ки маро ҳамеша ба сӯйи худ мекашид. Ӯ аз тарси падарам рӯзҳо кам меомад, вале бо гузаштани чанд рӯз акнун мо шабона вомехӯрдем. Дидори ин ҷавони қоматбаланди сабзинаи хушсимо маро чун оҳанрабо сӯйи худ мекашид, агар як рӯз набинамаш, дилам дар сина чун барги бед меларзид, таъбам хира мешуду бемор барин мегаштам. Гапи касе ба гӯшам намедаромад…
Вохӯриҳои мо ба он оварда расонид, ки дигар бе ҳам буда наметавонистем. Алишер нақл мекард, ки писари ягонаи оилаашон асту шаш апа дорад. «Падарам чӯпон аст, асосан мо авлодан чорводорем, модарам мехоҳад маро ба духтархолаам Улоной диҳад, вале ман ӯро дӯст намедорам. Туро дидаму фаҳмидам, ки бахтам ту ҳастӣ… Ман падарамро хостгорӣ мефиристаму ту коре карда волидонатро розӣ мекунӣ, Худо хоҳад, хушбахтат мекунам…»,- мегуфт ӯ.
Мубориза барои ишқ
Тирамоҳ омаду Алишеру падараш ва ҳамроҳонаш ба зодгоҳи худашон баргаштанд. Ӯ мани гирёнро ба оғӯш гирифта гуфт, ки албатта хостгоронашро мефиристад. Ман телефони мобилӣ надоштам, гоҳ- гоҳе телефони падарамро дуздида бо Алишер гап мезадаму бо шунидани овози ӯ дили пазмонамро оромиш мебахшидам.
Хостгорони Алишер омаданд, вале падарам розӣ нашуданд. Ман пушти дар гӯш мекардам, ки онҳо чӣ мегӯянд.
Падари Алишер ба падарам гуфт:
- Ошно, зани ман умуман ба ин издивоҷ розӣ нест, худам ҳам, аммо писарам худашро овехтанӣ шуд ва ба хотири умри ҷавони яккаписарам ба умед ба хонаи шумо омадам, духтаратон розӣ, ҷавонон маслиҳат кардагӣ…
Аз ин суханони хостгор падарам хашмигин шуда, ба ин хона назди ман омада, гуфт:
- Ҳамин лақай рост мегӯяд?!
Ман бо аломати тасдиқ сар ҷунбонида, пичиррос задам, ки агар маро ба Алишер надиҳед, гурехта мераваму шармандаатон мекунам.
Падарам дар умрашон бори аввал ба рӯям шаппотие фароварданду бо сари хам назди хостгорон даромаданд. Тӯйи ману Алишер баъди як моҳ баргузор гашт, модараш дар ин муддат ягон бор ба хонаи мо наомад. Падару модар ва апаҳоям ба ман рӯйи хуш намедоданд, аз пушти ман ба хонаи домод зани амакаму амакам ва як холаам рафтанду баъди як соат ба дарозиву дурии роҳ нигоҳ накарда баргаштанд. Падарам ба ҷойи дуо додан гуфт, ки тақдиратро худат интихоб кардӣ, дигар қадаматро ба хонаи ман намон…
(Давом дорад)
САНАМ,
Таснифи Рухсора САИД