Тундбоди ҷанг…
Зиндагии ширини мо ва ҳазорон оилаи дигарро тундбоди ҷанги шаҳрвандӣ талху заҳр намуд. Дар деҳаи мо низ силоҳдорҳо пайдо шуданду як-як ғорату куштор низ рўй медод. Чун вазъият зиёд муташанниҷ шуд, падару модарам ману Шамсияро ба хонаи амакам, ки дар деҳаи бобоиямон шашсад километр дуртар аз ноҳияи мо буд, равон карданд. Амакаму занаш, ки бефарзанд буданд, моро хуб пешвоз гирифтанд, силоҳдорон ба ин гўшаи дурдасти кўҳистон наомада бошанд ҳам, касофати ҷанг ба ин ҷо ҳам расида буд. Мағозаву мактабҳо маҳкам, гуруснагӣ, бебарқӣ…
Шамсия ҳамин ҷо ҳам илоҷи корро ёфт, ў курта медўхт, либосҳои кўҳнаву танги мардумро азнавсозӣ карда, барояшон медод. Ман бошам, бо хар аз ҷангал чормағзу ҳар гуна гиёҳҳои доруворӣ ҷамъ карда, онро бо картошкаю орду маводҳои хўрданӣ иваз мекардам. Амакам гову гӯсола, чанд сар бузу гӯсфанду мурғ низ дошт, хулоса мо зиндагии бад надоштем, вале дурию бехабарӣ аз азизонамон моро абгор карда буд… Чанд бор хостам ба ноҳия баргардам, аммо амакаму занаш бо гиряву зорӣ маро аз роҳам гардонданд…
Бо гузашти ду соли гурезагӣ вазъ оромтар шуду як шоми сарди зимистон падарам пушти дар пайдо гашт. Дар ин ду соли оворагӣ ў он қадар пир шуда буд, ки дилам косаи зардоб шуд. Чун Шамсия бо дидаҳои тар аз волидонаш пурсид, падарам “хуб, ҳама хуб” гуфту халос. Падарам ду рўз куфтагияшро бароварду мо мошинро дукаса аз назар гузаронида, аз як шинос бензин ёфта рехтему ба роҳ баромадем, ҳамин қадар амакаму занаш гиристанд, вале мо бояд бармегаштем…
Фоҷиаи умр
Бо як азоб аз посту гузаргоҳҳои беҳисоб гузашта, ба хона расидем, ба деҳа даромадем, шаб фаро расида буд, барқ набуд. Модарам дарвозаро кушода, дар равшании чароғи карасинӣ ману ҳамсарамро дида, аз ҳуш рафт. Ҳама ҳамсояҳо ҷамъ шуда мегиристанду шукронаи зинда мондани моро мекарданд. Шамсия ба модарам нигариста пурсид:
-Аммаҷон, хонагиҳои мо созанд?- Ҳамин вақт ҳамсоязане бо овози баланд ба нолидан сар кард:-О Шамсияҷоне, акаҳакот бо аҳли байташон ба дарё рафтанду падару модарат дар ғами онҳо сўхта мурданд. Дар порисаи холии хонаи падарат ҳоло ҷуғз лона кардааст, вой ҳамсояҳои қадрдонаме, акаву апам буданде…
Шамсия баъди ин сӯгвории ногаҳонӣ ду моҳ аз гап монд. Бо як азоб бо дуохонию азоимхонӣ ўро ба худ овардем, фоҷиаи хонаводаи занам воқеан ҳам миёншикан буд.
Ду бародари занам дар мошини боркаше ҳамроҳи зану фарзандонашон ҷамъ ёздаҳ нафар, мехоҳанд ба Душанбе ба назди бародаронашон раванд, аммо мошинашон дар роҳ ба дарё мепарад. Баъзеҳо гуфтанд, ки силоҳбадастон мошинро бо бораш гирифта, мусофиронро кушта ба дарё партофтаанд. Бо шунидани ин хабари даҳшатангез, хусуру хушдоманам бемор шуда, пайи ҳам аз дунё мегузаранд. Акаи журналисти Шамсияро низ ҷасадашро аз як партовгоҳ меёбанд, танҳо бародари духтураш ҳамроҳи аҳли оилааш ба самти номаълум рафтааст. Дилам ба ҳоли занам сахт месухт, охир аз як оилаи забардасту ба обрў касе зинда намонда буд, хешу таборонашон ҳам аз ин деҳа кўч баста буданд.
Иродаи оҳанин
Шамсия як сол болои ҷогаҳ ғамбеморӣ кашид, вале оҳиста –оҳиста ба тақдираш тан дода, аз ҷояш бархост. Ў ҳам кору бори хонаи худамонро мекард, ҳам хонаи падарияшро нигоҳубин менамуд, бо дидани боғу роғ ва замини сабзу хуррам бинанда гумон намекард, ки дар ин хона касе зиндагӣ намекунад. Ба ҳамин минвол панҷ сол сипарӣ гашту мо соҳиби духтараки заркокуле гаштем, занам ба ў Дилором ном гузошт. Воқеан Дилором то як дараҷа ба дили хунини модар оромиш бахшид, вале ў ҳамеша мегуфт, ки “акаи Бахтиёрам (журналист) фарзанд надошт, шояд янгаам кайҳо шавҳар карда бошад. Аммо акаи Баҳман ду духтар дошт, ў ва зану фарзандаш дар куҷо бошанд?!” Ман ўро тасалло медодам, ки рўзе бародарат пайдо хоҳад шуд…
Фарзандонамон қад кашида, ба воя мерасиданд, даҳонамон ба нони шодӣ нарасида, падару модари ман бемор шуда, аввал падарам, баъд модарам ин дунёи фониро падруд гуфтанд. Шамсия маошаш кам бошад ҳам, муаллимагӣ мекарду ман бошам, дар як гўшаи бозори ноҳия савдогарӣ мекардам. Аз бозорҳои Душанбе молҳои арзонро харида, болояшон чизе монда, як бало карда, аробаи зиндагиро пеш мекашидам. Як рўз як савдогари шинос, ки даруни бозор мағоза дошт, наздам омада гуфт, ки “мағозаамро мефурўшаму барои зисти доимӣ ба Узбекистон меравам. Агар пул дошта бошӣ, биё онро бихар, боварӣ дорам, пушаймон намешавӣ”. Бо ҳамсарам маслиҳат карда, ҳавлии падарияшро ба савдо гузоштем, Шамсия бо дудилагӣ гуфт:
-Яке акааам пайдо шавад, хафа мешавад…
Ман ўро дилпур сохта гуфтам, бо пули ҳавлӣ ҳам магазин ва ҳам дар пойтахт як хонаи якҳуҷрагӣ харидан мумкин. Агар Худо кунаду бародарат пайдо шавад, хонаро ба ў мебахшем, Шамсия розӣ шуд…
Баноз
Ҳавлию боғу роғи хусурамро як нафар тоҷири ҳамдеҳаамон бо пули хуб харидорӣ кард, ман мағозаро харидаму боз дар маҳаллаи ҳаштодуюми пойтахт як хонаи дуҳуҷрагӣ низ. Мағозаро таъмир карда, тиҷоратамро васеътар кардам ва зиндагиямон низ оҳиста-оҳиста хуб шудан гирифт. Акнун зимистонҳо ҳамроҳи зану фарзандам дар пойтахт зиндагӣ мекардем, Шамсия низ ояти шукрона ба лаб ба ман ёрӣ мерасонид, вале…
Дар паҳлўйи дўкони ман, духтараки зебое дўконеро ба иҷора гирифта, атриёт мефурўхт. Номи аҷиби ба худаш зебанда дошт ин духтар, Баноз… Банози хушрўяки хушбўяк, ҳамеша аз падараш, ки ў ва модари бечораашро дар нимароҳи қисмат партофта, пушти зани дигар рафтааст, мазаммат карда мегуфт:
-Модари ман баъди ман дигар фарзандор шуда натавонист, майлаш падарам зан гирифт, вале наход моро ба кўйи фаромўшӣ партояд-а…
Ҳамин Баноз як рўз ба ман гуфт:
-Акаҷон, ҳамин даъфа барои бор рафтед, маро баред, илтимос. Ростӣ, танҳо мераваму аз гаппартоии мардони берўй безор мешавам, -ман розӣ шудам, зеро Баноз бароям бисёр меҳрубон буд. Гоҳ самбӯса пухта меоварду гоҳи дигар қандина, модараш низ ҳар гоҳи назди духтараш омадан, писарҷон гўён, маро хушгўйи мекард…