Духтари муаллим
Ман дар оилаи миёнаҳоли деҳқон ба дунё омадаам. Падарам бо зани аввалашон понздаҳ сол зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд намешаванд ва аз ў ҷудо шуда, оилаи нав месозанд. Аз модари ман ду апааму ман ба дунё меоем. Падарам ман, писари ягонаашонро он қадар эрка мекарданд, ки ба таври ногуфтанӣ, аммо модарам…
Модарам эрка-балои ҷон гуфта, маро ба таври худ тарбия мекарданд. Модарам мехост духтур шавам, вале ман курси шашмоҳаи муҳосибиро хонда, дар заводи пахтаи ноҳия ба ҳайси муҳосиб ба кор даромадам. Апаҳоям пайи ҳам шавҳар карда, порисаи падариро тарк карданду модарам пайи келинкобӣ шуданд, аммо ман кайҳо духтари директори мактаб муаллими Олимро зери чашм карда будам. Чандин бор бо дасти писарбачаи ҳамсоя барояш мактуб фиристода бошам ҳам, ў ҷавобе нафиристод. Он замон, солҳои навади асри пор телефонҳои мобилӣ набуданд, ки роҳат мактуб фиристию бо ҳам сўҳбат кунӣ. Модарам гуфт, ки “Шамсия духтари хушхулқу боодоб аст, вале муаллими Олим аввал духтаронашро мехононаду баъд ба шавҳар медиҳад, ба умеди марғулакокули ту шинем, сабзаи қабрамон як ваҷаб мешавад…” Ман медонистам, ки Шамсия ҳуҷҷатҳояшро ба шўъбаи ғоибонаи Донишгоҳи омўзгорӣ супоридаасту ба волидонам гуфтам:
-Ҳама шартҳои муаллимро қабул кунед, ё Шамсия ё ҳеҷ кас! Модарам бо қаҳр тарафам нигариста гуфт:
- Ман ғуломи келини хондагӣ шуданӣ нестам ва худамро пеши зани манқаи Олим паст намезанам, худат медонию зангирият, аммо падарам…
Шартҳои духтардор
Падарам, ки маро аз ҷонаш зиёдтар дўст медошт, як бегоҳи панҷшанбе тоқии чоргули чустияшро ба сар ниҳодаю ҷомаи зирабеқасабашро пўшида, қанду қандалоти зиёде бардошта, хонаи муаллим хостгорӣ рафт. Ман омадани падарамро бесаброна мунтазир будам ва аз дар бо чеҳраи хандон даромаданашро дида, парида ўро оғўш кардам. Модарам болои кати зери ҳавозаи ангур нишаста, остинҳояшро барзада, қурут мемолид ва ин ҳолатро дида, бо сарзаниш гуфт:
-Ай шармандае, нав ба бисту ду қадам мондаӣ, мегўӣ чил сол муҷаррад гашта бошӣ, э вое…
Падарам бошад ба шонаҳоям тап-тап зада гуфт:
-Як бало карда, «дандони муаллима кандам», аммо шартҳояш вазнин… Шамсия аллакай имтиҳонҳояшро супорида, донишҷў шудааст, аз моҳи сентябр дар мактаби деҳа ба кор шурўъ мекунад. Тўй тобистони дигар… Муаллим мегўяд, ки дар ин як сол бояд модараш ба духтарам тамоми кору бори рўзгорро омўзонад, то дар хонаи шавҳар азоб накашад, баъд ҷавонҳо якдигарро хуб омўзанд. Панҷшанбеи дигар чанд нафарро гирифта, рафта нон мешиканему баъд ба тўй тайёрӣ мебинем.
Модарам норозиёна гуфт:
-Чӣ ин қадар худашонро ба лаълӣ меандозанд, ба як рафтагии ту розӣ шуду…
Падарам бо қаҳр гапи модарамро бурид:
-Э занаки аблаҳ, муаллим аслан розӣ набуд, ки духтарашро ин қадар ҷавон ба шавҳар диҳад, аммо ман гузаштаҳоро ба ёдаш овардам, зора кардам…
Чанд лаҳза дар байни мо хомўшӣ ба миён омад ва ман “чизе гўянд, ман розӣ” гўён, аз ҷоям бархостам….
Нозанини дастнорас
Баъд аз фотеҳа шуданамон ҳам Шамсия хоҳишҳои маро барои вохўрӣ рад мекард ва дар кўчаю паскўча маро бинад, роҳашро дигар мекард. Ба ҷойи кораш рафта наметавонистам, зеро он ҷо падараш роҳбар ва ду янгааш муаллима буданд. Шамсия дар оила духтари ягона буда, чор бародар дошт, ду акааш баъди хатми донишгоҳ дар пойтахт монданд, яке духтур ва дуввумӣ журналист шуда кор мекарданд. Акаҳои дар деҳа мондааш яке агроном, дигаре духтури ҳайвонот буданд. Шояд байни писарҳо ба воя расида, чунин ҷиддӣ буд, духтари дўстдоштаи ман…
Ман маоши ҳармоҳаамро оварда, ба дасти падарам медодам. Падарам ғайри маошаш боз ҳосили боғоту чанд сар гову моламонро фурўхта, хонаву дарамонро таъмир кардем. Муддати як сол арўси хушкардаамро танҳо аз дуриҳо медидаму халос ва рўзи тўй ҳам фаро расид…
Арўси фариштахисол
Падарам дар тўямон яке аз ҳунармандони номдори кишварро даъват намуданд, зери навои базму тараб арўсамро ба хона овардам. Шаби тўйи ман, дар базмгоҳи деҳа одам рехта буд, ҳатто аз деҳаҳои ҳамсоя барои шунидани овози ҳунарманди маҳбуб мардум меомаданд. Падарам катҳои зиёдеро дар базмгоҳ шинонда, мардумро зиёфат дод, ман худамро хушбахттарин марди ҷаҳон тасаввур мекардам, зеро зеботарину боодобтарин духтари деҳа арўси ман шуда буд…
Бо омадани Шамсия хонаву дари мо ранги дигар гирифт, ў дар басти дуввум кор мекард ва субҳи барвақт хеста, тамоми кору бори хонаро карда, ба кор мерафт. Модарам, ки дар аввал арўси хондагӣ намехост, акунун садқаю балогардони Шамсия буду ба нею нестони Шамсия нигоҳ накарда, то омадани ў хўрок мепухту дастархон меорост, зеро меҳри келини фариштахисол дар дилаш чун меҳри фарзанд ҷо шуда буд. Ишқу муҳаббати Шамсия ба ман бениҳоят бузург буд, баъзан бо шӯхӣ аз ў мепурсидам, ки “агар ин қадар дўстам медоштӣ, чаро як бор пеш аз тўй ба мулоқотам наомадӣ?!” Арўсам бо хандаи зебо мегуфт:
-Худамро ба зӯр медоштам, ки давида-давида ба мулоқотат наравам, худат ҳам хушрў зорӣ намекардӣ.
Апаҳоям низ Шамсияро зиёд дўст медоштанду ҳар омаданашон бо хушнудӣ аз хона мерафтанд. Шамсия маошашро тин ба тин ҳисоб карда, ба дасти модарам медод, модарам бошад, онро ҷое пинҳон мекард. Он солҳо гирифтани мошин душвор буд, вале Шамсия бо дахолати бародарону падараш ва бо пули маошаш дар яксолагии тўямон бароям мошини «Жигулӣ» харид. Бародарони занам маро дар қатори худашон медонистанду аз ман гапи пинҳонӣ надоштанд. Сари дусолагии тўямон Шамсия барои ман писараки ширине тавлид намуда, сарамро ба осмон расонид. Падару модарам гирди Амирҷони зебояк парвона буданду аз зиндагияшон розӣ, аммо…
Давом дорад