Ман дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам, падару модарам унвонҳои баланди илмӣ доранд ва дар соҳаи худ хеле машҳур ҳам ҳастанд.
Ҳамеша рӯйи мизи китобхонаи хонагии мо як даста рӯзномаҳо ҳастанд ва мо аҳли оила сермутолиа ҳастем. Бародарам бонкир, хоҳарам соҳибкор, ман духтур ҳастем, вале мехонем. Ростӣ, ман гоҳ-гоҳе ҳафтавори «Оила»-ро варақ мезадам, ба хотири қиссаҳои марғубаш, вале онҳоро бофтаи тахаюли муаллифони қисса медонистам. Акнун ба сари худам ташвише омада, ки аз қиссаҳои «Оила» дида чигилтар аст. Аз ин рӯ, қарор додам онро рӯи коғаз биёрам ва пешниҳоди хонандагони закӣ ва сершумори ҳафтавори шумо намоям.
Бачаи хушном
Ростӣ, аз хурдӣ ба касби пуршарафи табибӣ ҳаваси бисёр доштаму баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро бе дудилагӣ ба Донишгоҳи тиббӣ супоридам. Пеши худ қавл додам, ки аввал донишгоҳро бо баҳои аъло хатм мекунам, соҳиби кор мешавам ва баъд оиладор мегардам. Падару модарам чизе нагуфтанду то донишгоҳро хатм кардани ман бародарамро зан доданд, хоҳарам низ соҳиби хонаву дари худ шуд, ҳатто соҳиби фарзанд шуданд, аммо ман намехостам зан гирам.
Ман пушти касбомӯзиву ҷустуҷӯву такопӯ қарор доштам, ниҳоят донишгоҳро хатм кардам, ба кор даромадам, як сол кор кардам ва волидонам аз пушти келинкобӣ шуданд. Намегӯям, ки ман фариштааму аз осмон фаромадаам ва бо ягон духтар робита надоштам. Ростӣ, робитаҳо хеле кӯтоҳ буданд ва ситораам ба касе мувофиқ намеомад. Духтараки ҳамсабақамро дӯст доштам ва гумон доштам, ки маҳз ӯ ҳамсарам мешавад, вале волидонаш ӯро барвақт ба шавҳар доданд. Ростӣ, ӯ бисёр мехост ман хостгоронамро равон кунам, вале ман принсипҳои худамро нашикастам ва ӯ аз ман ранҷида, шавҳар кард. Падарам мехост духтари як рафиқашро келин кунад ва ман ҳам ҳеҷ чиз нагуфтам, падару модарам маслиҳат карданд, ки маро хонадор карда, ба хонаи дар биноҳои баландошёнаи маркази шаҳр доштаамон мебаранду дар ҳавлӣ акаам бо онҳо мемонад, маслиҳатҳо ҳал шуда буданд, аммо…
Нозанини нобино
Ман дар як клиникаи шахсӣ духтури дандон ҳастам, ростӣ соҳиби клиникаро намешинохтам, фақат ному насабашро медонистаму огаҳӣ доштам, ки яке аз шахсони сарватманди шаҳр аст. Як рӯз сардухтури клиника наздам омада гуфт:
-Имрӯз хӯҷаин духтарашро барои табобат меорад, ҳунаратро нишон деҳ. Яккадухтари хӯҷаин нобино аст, эҳтиёт намо.
Пас аз чанде духтараке ҳамроҳи як зани рус вориди кабинетам шуданд, онҳоро сардухтур ҳамроҳӣ мекард, фаҳмидам, ки меҳмони махсус ҳамин духтараки қоматбаланди ниҳоят зебост. Милкҳои дандонҳои мисли марворид сапеду зебои духтар варам карда буданд, ман ба ӯ сузандору ва чанд табобати дигар фармудам.
-Сӯзандоруҳоямро худатон мегузаронед,- пурсид духтарак, ки номаш Беназир будааст. Ман “агар хоҳед, майлаш”, гуфтам дар ҷавоб. Ҳамин тавр Беназир даҳ рӯз пеши ман омада рафту мо ба ҳам дӯст шудем. Духтарак аз модар нобино таваллуд шуда будааст, аммо чашмонашро ҷарроҳии пластикӣ карда, линзаҳои кабуди зебое монда буд, ки бо мӯйҳои тиллорангу мижгонҳои дарозаш чунон зебо афтода буданд, ки мегуфтӣ кадом актрисаи синамост. Агар асояш намебуд, касе намедонист, ки ӯ нобиност. Мо телефонӣ сӯҳбат мекардем, ман аз нигоҳи аввал ошиқи ин паридухтар гашта будам, вале танҳо баъди ду моҳи муошират инро ба ӯ гуфтам ва аз арӯси хушкардаи падарам даст кашидам.
Давом дорад