То истгоҳи охир расида, савори дигар автобус шудем. Ин автобус нисбатан мусофири кам дошт, аксар солхӯрдаҳо. Чанд истгоҳро паси сар карда, Ойгул маро огоҳ кард, ки омода бошам.
- Хайрият, - гуфтам, - гумон кардам ба сарҳади Қазоқистон расидем.
Аз истгоҳ то ҳавлии кампир боз хеле пиёда шудем. Аз байни дарахтон як хонаи чорошёна намудор шуд, гумон кардам - ягон фароғатгоҳ бошад.
- Ҳамон хонаи сурх аз кампир, - гуфт Ойгул.
- Ман ин хел хона медоштам, ҳар рӯз як шишагӣ май менӯшидам, - гуфтам хандида.
- Аз рӯи нақли кампир, ин хона аз бобояш мерос мондааст.
Дар ҳақиқат бо мурури солҳо хона фарсуда метофт. Ҳарчанд аз хишти пухтаи сурх ва сутунҳои боҳашамат иборат буд, дили одамро ваҳм мегирифт. Хиштҳо чунон моҳирона гузошта шудаанд, ки шояд меъмор барои ҳар яки он соатҳо сарф карда бошад. Ойгул халтаи дар дасташбударо дар болои алаф гузошта, дарвозаро бо калиди дар сумкачааш буда кушод.
- Шумо дар берун мунтазир шавед, ба ҳар ҳол як бор кампирро огоҳ кунам.
Ва худ ҳарсе халтаро бардошта вориди ҳавлӣ гардид ва дарро аз пасаш пӯшид. Дар дарвоза "Табассум кунед, шуморо ба навор мегиранд" навишта шудааст. Ҳарчанд номаълум ҷустуҷӯ кардам, дар куҷо будани камераи назоратиро наёфтам.
Дере нагузашта Ойгул ҳам баромад.
- Шуморо "шавҳарам" муаррифӣ кардам, - гуфт вай, - як маротиба наздаш дароед.
То хона, зери по пайроҳае буд, ки аз сангҳои хиштмонанд чида шудааст. Як қатор буттаҳои гули сурху сафед дар рӯ ба рӯи бино шинонида шудааст. Ҳавлӣ ниҳоят васеъ ва аз самти бешазор девор надошт. Ба гумонам, хона андаруни ҷангалзор ягона буд.
- Ҳамсоя надоред? - пурсидам аз Ойгул.
- Не, - кӯтоҳ ҷавоб дод ӯ.
- Танҳо наметарсед?
- Одат кардам. Шабонгаҳ берун намебароям, гоҳ-гоҳ гургу шағол ҳам меҳмон мешавад. Ҳамаи чароғҳои ҳавлиро фурӯзон карда мехобам.
Диламро ваҳм гирифт. Дар ин ҳавлӣ рӯзона кас метарсад.
Даромадгоҳи хона чор сутун дошт, ки балкони ошёнаи сеюмро мебардошт. Шояд аз санг бошад, вале бо нақшҳои ҷолиб оро дода шудааст.
Ойгул дари бо мурури замон фарсудагаштаи тахтагинро во карду маро дарун хонд. Долони васеъро гузашта назди даре қарор гирифтем. Ойгул дарро се маротиба ба нохун зада иҷозати ворид шуданро кард.
- Марҳамат, - садои кампир шунида шуд.
Аввал Ойгул, сипас ман вориди хона гаштем. Кампир дар бистар мехобид, хостам наздиктараш рафта салом диҳам, аммо ӯ:
- Чикора ҳастӣ? - гуфта пурсид.
- Сохтмончӣ, - нохост аз даҳонам баромад.
- Метавонӣ ҳамин хонаро тармим карда?
- Ҳамин ҳуҷра ё пурра биноро?
- Аввал як ҳуҷраро.
Ба девору сақфи хона назар кардам. Сақф ниҳоят баланд, гачкорӣ, нақшҳои хеле мураккаб, ҷо-ҷо кафидаву шикастаанд. Агар гӯям, ки "наметавонам", маро гусел карданаш мумкин. Бинобар:
- Ин кори як нафар нест, - гуфтам, - сониян вақт ва маблағи зиёдро металабад.
- Таҷриба дорӣ? - боз пурсид кампир.
- Дар яке аз маъбадҳои Тверь таҷриба омӯхтам, - гуфтам бардурӯғ., - аслан ин гуна биноҳо аз ҷониби давлат таъмир ва тармим гарданд. Бино таърихист...
- Ман ба вазорати фарҳанг, Кумитаи меъморӣ ва боз якчанд ташкилотҳо муроҷиат кардам. Аммо ин биноро ҳамчун ёдгории таърихӣ напазируфтанд. Ин бино ба ягон шахси мӯътабар тааллуқ надошт ва ягон моҳияти таърихиву фарҳангӣ надорад. Метавонӣ ба зимма гирифта?
- Ман бо бино ҳанӯз ошно нагаштаам...
- Оля, - ба Ойгул муроҷиат кард кампир, - ҳуҷраҳоро нишон деҳ.
(Давом дорад)