Ман боз дар истгоҳам. Дар халтаи селофание либосҳои худаму Гулнозакам интизори автобус нишастаам. Ба гӯшаи дигари шаҳр ба хони модарам меравам, зеро маро боз шавҳарам аз хона ронд.
Гулноз ҳамагӣ чорсола асту парвои оламро надорад, аз хонаи худамон дида хонаи модарамро дӯст медорад, ҳарчанд модарам он қадар бибии меҳрубон нест. Падарандарам, баръакси гуфтаҳои модарам, ки мегӯяд аз омадани шумо зуқ-зуқ мекунад, маро хуш пазироӣ мекунад, бо Гулноз бозӣ мекунад, духтаракам бобояшро дӯст медорад.
Автобус омад, ман ба он нишастам, духтараки ҷавоне ба ман ҷой дод. Гулнозро бағал кардаму ӯро хоб бурд, дар ним соати то хонаи модарам расидан, зиндагиям чун навори кино аз пеши назарам мегузашт…
Кӯдакии тирафом
Падарамро хира-хира дар ёд дорам, ӯ бисёр менӯшид ва модарамро зери мушту лагад мегирифт. Гоҳе ба ман ҳам як шатта ним шатта мерасид, ҳайрон мешудам, ки чаро ҳама ҳамсолонам хешу табору бибиву бобо доранду ман не.
Баъдтар вақте калон шудам, фаҳмидам, ки волидонам дар хонаи бачаҳо ба воя расидаанду якдигарро маъқул намуда издивоҷ карданд. Вақте ман инро сарфаҳм рафтам, падарам ҳангоми мастӣ оббозӣ карда, ғарқ шуду ману модарам танҳо зиндагӣ мекардем.
Баъди марги падар модарам маро ба хонаи бачаҳо дод, худаш кор мекард, маро рӯзҳои шанбеву якшанбе мегирифт. Ман ба рассомию дӯзандагӣ шавқ доштам ва ба муаллимаи таълими меҳнатамон сахт унс гирифтам ва оҳиста-оҳиста духтани кӯртаву хилъату ҳаргуна чизҳоро ёд гирифтам.
Кӯдакиям мисли филми сафеду сиёҳи солҳои шуравӣ буд, ки ягон хурсандӣ надошт. Модарам рӯзҳои шанбеву якшанбе маро аз хонаи бачаҳо ба хона барад ҳам, бо ман қариб гап намезад.
Мехӯрду мехуфт, ба қавли худаш қувват ҷамъ мекард барои ҳафтаи кории нав, ба онҳое ки хешу табору бобову бибӣ доштанд, бо ҳавас нигоҳ мекардам. Табиист, ки ман дӯсте надоштам, танҳо Осаф як писарбача аз хонаи бачаҳо ба ман дӯстӣ дошту халос.
Падари нав
Як рӯз модарам бо марди сабзинаи қоматбаланде ба хонаи бачаҳо омаду гуфт:
- Шаҳноз, ин падари нават, номаш Қурбон, акнун мо дар хонаи ӯ зиндагӣ мекунем.
Ман синфи даҳ мехондам, падарандарам бо ман бо меҳрубонӣ салом кард. Ҳарчанд ӯ мехост маро ҳамроҳашон баранд, аммо модарам,- мактабро хатм кунад, ягонҷо дохил шавад баъд, ташвиши зиёдатӣ лозим нест,- гӯён розӣ нашуд.
Акнун модару падарам маро зуд-зуд хабаргирӣ меомаданд, бароям хӯрданиҳои лазиз ва либосҳои зебо меоварданд. Модарам ҳар гоҳе хабаргириям биёяд, мегуфт, ки падарандарам барои ҳар як чизи харидааш миннат мекунад, аммо ман инро мушоҳида намекардам.
Боре ба модарам гуфтам, ки “очаҷон, агар барои шумо вазнин аст, нахаред, ман ин қадар либосдӯстдор нестам”, аммо ӯ маро песонда гуфт, дамата гир!
Ростӣ, падарандарамро эҳтиром мекардам, модарам дар хонаи дуҳуҷрагии худамон иҷоранишин монда, ба хонаи панҷҳуҷрагии амаки Қурбон кӯч баст. Амаки Қурбон ғайри ин хона боз дар канори шаҳр ҳавлии калон дошт, ки он ҷо низ иҷора мешинонданд.
Модарам гуфт, ки ӯ зани рус доштаасту занаш ба Русия рафта, он ҷо бо як марди немис шинос мешавад ва духтари ягонаашонро гирифта, ба Олмон меравад. Бечора мард чанде бадмастӣ карда мегардаду баъд бо модари ман шинос шуда, зиндагияшро тағйир медиҳад, ӯ ҳамеша хомӯшу хаёлӣ мегашт, дилам барояш месӯхт.
Бахту тахт
Осаф дӯсти хонаи бачаҳоям, мактабро хатм карду ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуд. Аз модараш ба вай хонаи сеҳуҷрагӣ мерос монда буд, ки дар он бибии пираш умр ба сар мебурд.
Ман техникумро бо касби тарроҳ ва Осаф донишгоҳро бо тахассуси муаллими тарбияи ҷисмонӣ хатм карду ба хонаи мо хостгор фиристод. Модарам гӯё маътали ҳамин бошад, зуд ризоият дод.
Ман ҳам Осафро дӯст медоштам. Модаркалони пираш аз бахти писари ятимакаш шодмон, маро хуш қабул кард. Муносибатам бо тағову холаҳояш низ хуб буд, Гулноз таваллуд шуду дунёи мо дигар шуд.
Осаф муаллим буду боз бачаҳоро тармин дода, пули хуб меёфт, ман кам –кам дӯзандагӣ мекардам. Зиндагии хушбахтонаи мо бо вафот кардани бибии меҳрубонамон хотима ёфт...
Давом дорад ...