new banner new years
Гуласал Пӯлодова аз кӣ қасос гирифтан мехост?
4451

 

-Гуласалбону, аксари хонумҳо баъди аз шавҳарашон ҷудо шудан, барқасд ба саҳна мебароянд, то собиқ ҳамсарашон бинаду сӯзад. Бо ҳамин роҳ гӯё оташи дили худро хомӯш месозанд...

-Медонед, аслан ман ҳам бо мақсади қасос гирифтан ба саҳна баромада будам, вале аз ягон марди бевафо нею аз қотилони падарам интиқом гирифтан мехостам. Падарам санъаткор буданд. Он касро дар синни 34-солагияшон душманону нотавонбинон номардона куштанд. Ман он замон ҳамагӣ 7 сол доштам, вале аз ҳамон вақт дар дил кина гирифта, доим худ ба худ мегуфтам, ки калон шуда, мисли падарам санъаткори асил мешавам ва қасди он касро аз қотилонашон мегирам. Дар дили кӯчаки ман ҳисси интиқом ҷӯш мезад ва дар сарам танҳо фикри қасос буд. Бибиам мудом маро насиҳат карда мегуфтанд, ки дар дини мубини ислом қасосгирӣ убол аст. Он кас қуръонхон буданд ва қариб ҳар рӯз аз китоби муқаддас оятҳоро хонда, таъкид мекарданд, ки фикри қасос гирифтанро аз сарам дур кунам. “Медонам, ки ту ин дардро фаромӯш карда наметавонӣ, вале ҳаволаи қотилони падаратро ба худо супор, парвардигор худаш ҷазои он қотилони бадкирдорро албатта медиҳад” мегуфтанд модаркалонам. Панду насиҳатҳои бибиҷонам мисли обе, ки ба рӯйи тахтасанг қатра-қатра рехта, оқибат онро сӯрох мекунад, оҳиста-оҳиста пиряхи нафрату бадбиниро нисбати он одамони бераҳм дар дили ман шикаст ва қарор додам, ки аз баҳри қасос гирифтан гузашта, ҳаволаашонро ба худо месупорам.

-Шояд ба хотири наранҷидани бибиятон панду насиҳатҳои он касро қабул кардеду дар асл то ҳол нисбати қотилони падаратон дар дили шумо оташи қаҳру ғазаб аланга мезанад?

-Ман панду насиҳати бибиямро танҳо ба хотири наранҷидани он кас не, сидқан қабул кардам ва муъҷизаи бахшиданро эҳсос намудам.

-Аҷиб, чӣ гуна муъҷиза доштааст бахшидан?

-Медонед, вақте ки дар дил нисбати касе нафрату бадбинӣ ва кинаю адоват дорӣ, ҳамин ҳиссиёт пеши роҳи туро мебандад ва корҳоят пеш намераванд. Инро ман дар ҳаёти шахсии худ таҷриба карда дидам, ки чӣ тавр баъди аз баҳри интиқом гузаштан корҳоям пешрав гаштанд. Сирри ин пешравӣ дар он аст, ки ҷойи нафратро муҳаббат мегирад. Муҳаббат қувваи бузурге аст, ки дарвозаҳои бастаро ба рӯйи инсон мекушояд...

-Дар байни таронаҳои шумо “Тақдир” аз ҳама машҳуртар аст. Ин суруд ба ҳаёти шахсиатон ягон иртибот дорад?

-Вақте ки устод Озаррахш матни ин сурудро ба ман пешкаш карданд, хаёл кардам, ки зиндагии маро рӯйи коғаз овардаанд. Чунон бо дард навиштаанд, ки на танҳо ман, балки ҳар инсоне, ки ин таронаро мешунавад, беихтиёр гузаштаи худро пеши назар меорад. Ин гапро ман аз забони чандин мухлисонам шунидаам. Сабаби машҳур шудани ин суруд маҳз дар ҳамин дарду аламаш аст.

-Гуласал, аксари мухлисонатон мехоҳанд дар бораи ҳаёти шахсии шумо бидонанд...

-Дар бораи ҳаёти шахсиам чӣ гӯям? Оилаам маро хуб мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Шавҳарам, агар марди дағал мебуд ва ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол мебардошт, шояд имрӯз ман дар саҳна намебудам. Хушбахтам, ки худованд ба ман ҳам ҳунар ва ҳам ҳамсари хуб додааст.

-Ба фикри шумо барои санъаткор дар зиндагӣ чӣ муҳим аст: пул, дастгирӣ ё дӯстону шиносҳои бақувват доштан?

-Аз ҳама муҳимтар оилаи тинҷу обод аст. Бовар кунед, агар зиндагии шахсии ҳунарманд орому осуда набошад, дар санъат муваффақ гашта наметавонад. Сурудро бо дили моломоли шавқу ҳавас эҷод мекунӣ, дил, ки ором набошад, магар эҷод карда мешавад?!

-Мардум дар бораи санъаткорон гап заданро дӯст медоранд. Шумо овозаҳои дар бораатон паҳн мешударо чӣ тавр қабул мекунед?

-Дарвозаҳои шаҳрро баста мешаваду даҳони мардумро не, санъаткор, ки шудӣ, хоҳӣ-нахоҳӣ мардум дар бораи ту гап мезанад, вале гап аз гап фарқ дорад. Дар байни мухлисон яке туро хубтар мешиносаду дигарӣ камтар, одами мешинохтагӣ гап занад, чандон алам намекунад, вале вақте ки одам ин ё он санъаткорро тамоман намешиносаду дар борааш гапҳои дурӯғи зиёде бофта, бо ҳамин роҳ обрӯи ӯро резондан мехоҳад, албатта ба кас сахт таъсир мекунад.

-Дар поёни суҳбат ба хонандагони сомонаи Оила. ТҶ чӣ таманно доред?

-Доим дилашон шоду хотирашон ҷамъ бошад ва ба қадри санъату санъаткори асил бирасанд!

-Ташаккури зиёд барои чунин суҳбати самимӣ!

Сӯҳбаторо: Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД