Ибораи зани дуюм дар Тоҷикистони аслан дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ пайдо шуд.
Азбаски ҷавонмардони зиёде қурбони ин ҷанги бемаънӣ гашта буданд, иддае аз занони тоҷик аз ночорӣ, ба хотири як бурда нон зани дуюм шуданд, бархи дигар, аниқтараш духтарҳои ҷавону зеборо қумандонҳои хунмаст бо зӯрӣ зани дуюму сеюм карда гирифтанд.
Ҷанг хотима ёфту аз даргириҳо ному нишоне намонд, аммо ин падидаи номатлуб-дузанагию сезанагӣ дар кишвари мо боқӣ монд. Ҳарчанд қонун бисёрникоҳиро дар Тоҷикистон расман манъ кардааст, то имрӯз мардон пинҳону ошкор зани дуюму сеюму чорум мегиранд. Андешаҳо дар бораи занҳои дуюм гуногунанд. Яке мегӯяд, ки занҳои дуюм табиатан шаттоҳ ҳастанд ва бахти каси дигарро рабуда, як умр шоҳбону барин зиндагӣ мекунанд, дигарӣ бар он андеша аст, ки занҳои бечора аз ночорию нотавонӣ ҳатто ба ними бахт розӣ шуда, зани дуюм мешаванд...
Зане, ки имрӯз мо дар борааш қисса мекунем, зани дуюм аст. Зиндагии ин зан то андозае пардаро аз рӯйи рӯзгори сангини занҳои дуюм мекушояд...
Чаро Савригул зани дуюм шуд?
Савригул Гадоева зодаи ноҳияи Муъминобод мебошад. Ҷавонии Савригул ба даврони ҷанги бемаънии бародаркушӣ дар Тоҷикистон рост омад. Деҳаи онҳо дар байни куҳҳои сар ба фалак кашида, қомат афрохта бошад ҳам, ҳангомаи ин ҷанги хонумонсӯз то ба он рафта мерасид. Рӯзе набуд, ки овозаи дар пеши чашми падару модараш ба номуси ин ё он духтари зебои қадрас таҷовуз намудани яроқбадастони хунмаст паҳн нагардад. Ин сару садоҳои даҳшатоварро шунида, ларза дар дили волидонаш меафтид, зеро онҳо дар хона якто не, панҷ духтар доштанд, ки аз ҳама калонтарашон Савригули 18-сола буд.
Никоҳ бо як коса об
Дар ана ҳамон шабу рӯзҳои хунрез ба хонаи онҳо аз деҳаи ҳамсоя хостгор омад. Хостгорон, ки як зану шавҳари солхӯрда буданд, иқрор шуданд, ки писарашон Хӯҷа зан ва се фарзанд дорад. Ҳарчанд ҳанӯз талоқи занашро надода бошад ҳам, қариб як сол мешавад, ки келин аз хона баромада рафтаасту онҳо якҷоя зиндагӣ намекунанд...
Азбаски Савригул духтари барф барин сафеди хушқаду қомат ва камонабрӯю миҷгондарози дилкаш буд, падару модараш ҳамеша аз он ҳарос доштанд, ки мабодо гузори яроқбадастон ба деҳаи онҳо афтида, духтарашонро бо зӯрӣ гирифта набаранд. Ин зану шавҳари кӯҳистонӣ аз бадномӣ бештар аз марг метарсиданд ва домодшаванда аз ҳамсараш расман ҷудо нашуда бошад ҳам, дарҳол розигӣ дода, Савригулро ба ин марди зандор фотиҳа карданд.
“Имрӯз барои арӯсон бист-сӣ ҳазор сомонӣ пул ва майда-чӯйдаи бисёре меоранд, аммо дар замони мо чунин гап набуд. Мо, духтарҳои давраи ҷангро бе ягон маҳру ҷиҳоз, баъзан бо як коса об никоҳ карда ба шавҳар медоданд, то ки аз як бори номус халос шаванд”,- қисса мекунад Савригул Гадоева.
Саргузашти худи Савригул далели равшани ин гуфтаҳост. Бо баҳонаи ҷанг ва қаҳтию қиматӣ падару модари домод ҳамагӣ ду куртавор оварда, бе тӯю сур, танҳо бо як коса об Савригули аз гул зеботарро ба писари зану фарзанддорашон арӯс карда бурданд.
Келин не, канизак!
Азбаски саломатиаш хеле хуб буд, ҳамагӣ ду-се моҳ пас Савригул ҳомиладор шуд. Онҳо дар ҳавлиашон чормағз, себ ва боз чанд хел дарахти мевадор дошта бошанд ҳам, хусуру хушдоманаш чунон одамони сахту мумсик буданд, ки иҷозат намедоданд Савригули ҳомиладор ба ягон мева даст расонад. Дар ин хона ӯро на ҳамчун келин, балки ҳамчун каниз қабул карда, мудом ранҷу азоб медоданд. Ҳанӯз чашми рӯз накафида, Савригул аз хоб мехесту то як поси шаб ба қавли худаш “хар барин” кор мекард. Хушдоманаш зани серфарзанд буд ва дар як рӯз се-чор маротиба хӯрок пазад ҳам, аксар вақт ба худи Савригул хӯрок намерасид. Келинчак то кору борашро саришта карда меомад, ки дег аллакай холиву ғарами косаҳои ношуста ӯро интизор буданд. Вай оҳи сарде кашида, як пора нони қоқро ба чой ё оби хунук тар карда мехӯрду боз аз паси кору бори рӯзгор мешуд. Арӯсак ҷуръат намекард, ки ҳатто ба шавҳараш забони шиква кушояд, чунки алови чашмашро аз рӯзи аввали зиндагӣ гирифта буданд. Хушдоманаш ҳар рӯз дар сараш чормағз мешикаст, бародарону хоҳарони шавҳараш низ барои хурдтарин гуноҳ ӯро бераҳмона ҷазо дода, зери мушту лагад мегирифтанд. Як-ду бор ба шавҳараш шикоят карда, ба балои бад гирифтор шуд. Ба ҷойи он ки аз ҳамсараш пуштибонӣ намояд, Хӯҷа ҳамчун “марди асил” худи Савригулро лагадкӯб карда, чунон зад, ки чанд ҳафта аз ҷояш хеста натавониста, бо сару рӯйи сиёҳу кабуд дар бистари беморӣ хобид. Аз ҳамон вақт ҷавонзан чунон тарсон шуд, ки шавҳараш ва пайвандони ӯ мур гӯянд, мемурду зеҳ гӯянд, зиндагӣ мекард...
Тавлиди фарзанд ва оғози бадбахтиҳои Савригул
Расо як сол пас Савригул духтарча таваллуд кард. Хусуру хушдоманаш “ин келин акнун ман таваллуд кардам гуфта, расо 40 рӯз пойҳояшро дароз карда хоб меравад. Бигзор модараш ӯро нигоҳубин кунад” гӯён, ӯро бо тифли навзодаш ба хонаи волидонаш бурда монданд.
Аз рӯйи таомул, баъди баромадани чиллаи кӯдак волидони Савригул духтарашонро бо гаҳвора ва кулчаю тӯшаи бисёр ба хонаи шавҳараш бурданд, аммо....
Дар 40 рӯзи набудани Савригул шавҳараш Хӯҷа аз фурсат истифода бурда, зану фарзандонашро ба хона оварда буд. Савригул палонҷашро дида, мисли мӯйи дар оташ афтида аз рашк дар худ мепечид. Ӯ мехост духтарчаи навзодашро гирифта баромада равад, вале падару модараш “Тақдират ҳамин будааст, духтарам, зан занро намехӯрад, тоқат кун” гӯён, ӯро дар ин ғамхона партофта рафтанд...
Ҳодисаҳои баъдинаро Савригул бо оби дида ба хотир оварда мегӯяд:
-Шавҳарам ду шаб бо зани якумаш ва як шаб бо ман буд, аммо ба ин нигоҳ накарда, палонҷам, ки зани назарногири сиёҳак аст, ҳамеша ба ман рашк мебурд. Рӯзе набуд, ки ягон чизро баҳона карда “Мур, ту беномуси шавҳардузд” гӯён, вай рӯю мӯйи маро канда нагирад. Хушдоманам мудом тарафи келинашро мегирифт ва ба таври худ маро насиҳат карда мегуфт: “Вай чизе, ки нагӯяд, ҳақ аст, чунки якто не, аллакай аз писари ман чаҳор фарзанд дорад. (Зани якуми Хӯҷа ҳомиладор қаҳр карда рафта будааст ва фарзанди чорумашро дар хонаи падару модараш ба дунё оварда, бо чаҳор кӯдак баргашта буд.) Вай шӯйи туро не, ту шӯйи ӯро гирифтӣ, барои ҳамин чизе, ки нагӯяд, саратро хам карда гард. Ин зани пояш ба лаби гӯр расида боре фикр намекард, ки охир ман ба зӯрӣ ба хонаи онҳо даромада писарашонро нагирифтаам, худашон кофта-кофта ба хонаамон хостгорӣ рафтанду маро келин карда оварданд...
Рӯзе набуд, ки аз фазои ин хонадон садои доду вой ва ҷангу ҷӯш ба гӯш нарасад. Хӯҷа бо балвои зани якумаш чанд бор ҳатто қабурғаҳои Савригулро зада шикаст. Ҷони ҷавонзан аз чунин зиндагии сагона ба лабаш расида, бо сару рӯйи хуншор дод мегуфт, ки талоқи ӯро диҳад, аммо Хӯҷа фақат як ҷавоб дод:
-Ман туро ҳамин хел зада-зада мекушаму ҳаргиз талоқ намедиҳам. Дониста мон, мурдаат аз ман халос нашавад, зиндаат раҳо намешавад!
Зиндагӣ дар шаҳр
Ҳафтае набуд, ки бо иғвои зану модараш Хӯҷа Савригулро зери мушту лагад нагирад. Аз зарби мушту шаттаи шавҳари золим пай дар пай се кӯдакаш, ки писарча буданд, дар батнаш мурданд. Ҳар дафъаи бача партофтан ҷавонзани берӯзӣ хунрав шуда, ба қавле як бор мемурду дубора зинда мешуд...
Билохира, косаи сабри Савригул лабрез гашт ва тифли ҳафтмоҳа дар батн роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифта, бори аввал дар назди шавҳараш шарт гузошту гуфт:
-Мардак, бо ман зиндагӣ карданӣ бошӣ, дар шаҳр ягон хонаро иҷора гирифта, одам барин зиндагӣ мекунем, агар не, паноҳат ба Худованд! Ман дигар дар ин хона зиста наметавонам!
Шавҳардори бе шавҳар
Инак, қариб 20 сол мешавад, ки Савригул дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Вай ба ном зани шавҳардор бошад ҳам, аробаи зиндагиашро то имрӯз худаш ба танҳоӣ мекашад. Дар гармову сармо бозорнишинӣ карда, ин зани аз бахт наосуда чаҳор фарзандашро худаш мехӯронад, мепӯшонад, пули мактаб ва дигар хароҷоташонро медиҳад. Падар шуда истода, Хӯҷа барои фарзандонаш ягон тин пул сарф намекунад. Ба ҷойи он ки ба хона ягон хӯрданӣ биёрад, баръакс дар як ҳафта як бор ба хонаи зани дуюмаш “меҳмонӣ” омада, аз ин тараф бо халтаҳои пурбор бармегардад. Савригул тамоми ёфту тофташро сарф карда, ба хушдоманаш ва барои зани якуми шавҳарашу фарзандони ӯ сару либоси ба фаслҳои сол мувофиқ, қанду қандалот ва туҳфаҳои бисёре мехарад, то ки ӯро дуои бад накунанд.
Бепадарӣ беҳтар аст
Хӯҷа бар замми ба хона ҳатто як хас наоварданаш боз бисёр марди ҷоҳил ва бераҳм аст. Ҳар бори аз деҳа ба шаҳр омадан вай на танҳо Савригул, балки духтарҳои бечораашро низ бо ҳар баҳонаи ночиз зери мушту лагад мегирад. Фарзандонаш ончунон аз ин падари ҷоҳил безор шудаанд, ки намедонанд чӣ тавр аз вай халос шаванд. Бори охири ба шаҳр омаданаш вай духтари хурдиаш Мадинаро танҳо барои аз тиреза ба берун нигоҳ карданаш чунон бераҳмона лабу кӯб кард, ки бечора духтарак як моҳи дароз дар бистари беморӣ хобид. Мадинаи ҷонаш аз ҷабри падар ба лабаш расида, оҳи сард кашида мегӯяд:
-Шояд ин хел гуфтан раво набошад, вале аксар вақт ман ба духтарҳое, ки падар надоранд, ҳасад мебарам. Худатон фикр кунед, аз падари ман барин падар, ки барои фарзандонаш дар умраш ҳатто ду дона нон наоварда, баръакс ҳамеша нони даҳони кӯдакони зани дуюмашро кашида гирифта, ба зани якум ва фарзандони аз ӯ будааш мебарад, магар ягон суде ҳаст? Пештар ақлам ба бисёр чизҳо намерасид, вале акнун на танҳо ба падарам, балки ба модарам ҳам нафрат дорам, зеро ӯ дидаву дониста зани дуюм шуда, на танҳо ҳаёти худ, балки ҳаёти мо, фарзандонашро низ сӯзонда, бе ҳуқуқ ва ба ғаму дард гирифтор кард...
Қурбоққа шӯ дорад...
Аз Савригул мепурсам, ки чаро бо ин қадар ранҷу азоб аз ин марди ҷоҳил, ки барои вай ва фарзандонаш ҳатто чор дона нон намеорад, ҷудо намешавад? Зан лаҳзае сар ба сукут рафта мегӯяд:
-Номи бевазан бад аст, агар аз шавҳарам ҷудо шавам, аздусар одамони аз асли гап бехабар худи маро гунаҳкор карда, дар бораам сад туҳмату буҳтон мебофанд. Аз тарси гапи мардум ҳамин қадар сол ҳамчун зани дуюм ба чунин зиндагии бемаънӣ тоқат карда гаштаам, чунки ба қавли маъмул дар кишвари мо “қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад...”
Нӯшин