arzon replenishment
ГАРАВГОНОНИ ХИЁНАТИ (қисми 2)
1792

Давомаш...

– Не, намешавад модар. Охир Далер падари ӯ нест гуфтам ку.

Модар ҷиддӣ ҷавоб дод:

–Фарқ надорад. Ту ҳам духтари падарат нестӣ. Вале дидӣ ӯ чӣ хел туро чун фарзанди худ дӯст медорад ва то ҳол намедонад, ки ӯ дар ин хонадон касе надорад.

–Чӣ хел?– ҳайрон шуд Мавҷигул. Ман духтари падарам нестам? Пас духтари киям?

– Акнун муҳим нест. Муҳим ки ту фарзанди дӯстдоштаи падарӣ ва мо оилаи солим дорем.

Мавҷигул баланд хандида, тамасхуромез гуфт:

–Воқеан мо бисёр оилаи солимем. Оила магар аз ин солимтар шуда метавонад? Падар намедонад, ки фарзанди каси дигарро мепарварад ва ба ӯ меҳр бастааст. Духтар намедонад, ки падари воқеии ӯ кист ва боз ин оила солим будааст. Танҳо модар медонад, ки кӣ ба кӣ тааллуқ дорад.

Ӯ якбора бо садои баланд хеле хандид. Чунон хандид, ки аз хандаи баланди ӯ оинаҳои тиреза ба ларза даромаданд ва нохост якбора ором шуда, ба модараш нигариста, ҷиддӣ гуфт:

– Ту ҳатман мегӯӣ, ки ман духтари киям, вагарна худи ҳамин рӯз падарам мефаҳмад, ки ман духтари ӯ нестам.

Сайида аз гуфтааш хеле пушаймон шуд, вале алакай тир аз камон ҷаста буду илоҷи бозгардонидани он вуҷуд надошт. Ин аст, ки худро ба даст гирифта, гуфт:

–Ин тавр бошад бодиққат гӯш кун. Ба фикри ту ин ҳама давлат аз куҷост? Магар ин ҳамаро шавҳари ман кор кард? Не! Ин ҳама мероси падари асосии ту аст.

Шавҳарам ҳам дар сафорат кор мекард. Ӯ ҳам мисли Далер ҳамеша дар сафари хизматӣ қарор дошт. Ман мисли ту духтари хеле қоматбаланду зебо будам ва зуд дили сафирро тасхир кардам. Оҳиста –оҳиста муносибати мо бо ҳамхобагӣ анҷом ёфту ман маъшуқаи ӯ шудам.

Ман он вақт ба ном зани шавҳари худ будам. Дар набудани ӯ вақтро ҳамеша бо сафир мегузаронидам. Ман вақте ҳомиладор шудам, ки падарат дар сафари хизматӣ қарор дошт. Ростӣ, аввал тарсидам.

Чунки яқин медонистам, ки ин тифли сафир аст ва қариб се моҳ пеш аз ҳомиладорӣ бо шавҳарам ҳамхоба нашуда будам. Хеле фикр кардаму ниҳоят тасмим гирифтам, ки дар ин бора бо сафир маслиҳат кунам. Чун сафир лаҳзаи дигар маро ба мулоқот даъват кард, дар вақти айшу ишрат гӯшашро ба шикамам монда гуфтам:

– Ягон чиро эҳсос мекунӣ?

Сафир гуфт:

– Чӣ гуфтан мехоҳӣ? Яъне, ки ин тифли ман аст?

Гуфтам:

– Бале. Тифл думоҳа шуд. Аммо се моҳ аст, ки шавҳарам дар сафар аст. Чӣ маслиҳат медиҳӣ? Исқоти ҳамл мекунам, вагарна ӯ маро сар медиҳад

Сафир гуфт:

–Ҳаргиз ба куштани тифл иҷозат намедиҳам. Вақте шавҳарат омад, ӯро огоҳ кун ва тифли худро семоҳа гӯй. Як моҳ пешу қафо боке нест. Мардон инро дарк намекунанд. Ман дар тарбияи ин тифл ҳатман кӯмак мекунам.

Бароят хонае мехарам ва барои он ки шавҳарат аз куҷо пайдо шудани пулро пай набарад, онро чун қарзи дарозмуҳлати сафорат ба расмият медарорем. Бовар дорам бо шунидани ин хабар шавҳарат аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷад.

Саида бо шавқ ба духтараш таърихи ҳомиладориашро нақл карда гуфт:

– Воқеан баъди бозгашт падарат хабари ҳомиладории маро хеле хуш қабул кард. Маро руйи дастон гирифта, навозиш кард. Ҳатто напурсид, ки ту чандмоҳаиву ҳомиладорӣ аз кай оғоз ёфта буд. То таваллуд шуданат қариб ҳар шаб сарашро ба шиками ман монда, ҳаракатҳои туро мушоҳида мекард. Гӯшашро монда садои туро шунидан мехост. Вале намедонист, ки ту тифли ӯ нестӣ.

Дар таваллудхона аз хурсандӣ ҳар рӯз 3–4 маротиба ӯ ба зиёрати мо меомад. Сафир–падари асосиат низ ҳар замон занг зада, ҳолпурсӣ мекард ва барои туву ман гулдастаи хеле калон фиристод. То 5 солагиат ту ду падар доштӣ ва ҳарду туро дӯст медоштанду навозиш мекарданд.

Дар панҷсолагиат сафир вафот карду Бақозода чун падари ягонаи ту боқӣ монд. Сафир ҳатто пеш аз марг махсус ба номи духтараш, яъне ту, хонае дар хориҷа ба расмият даровард, ки дар ин бора то ҳанӯз шавҳари ман намедонад. Ӯ ҳанӯз намедонад, ки духтари сафирро калон кардаву ӯро дӯст доштааст.

Ин аст қиссаи ту ва ҳақиқате ки ба ту гуфтам. Таърих такрор мешавад. Тамом, дигар дар ин мавзӯъ баҳс намекунем Бирав хона, дам бигир ва интизори шавҳар шав. Ту имрӯз дар уқёнуси давлати падари аслиат ғарқиву ба чизе эҳтиёҷ надорӣ. Фарзандат низ чунин хоҳад буд. Ӯ низ фарзанди дӯстдоштаи падари худ мешавад ва ҳам сарпарасте пайдо мекунад, ки ҳаргиз мӯҳтоҷи пул намешавад.

Мавҷигул аз ҷой бархоста гуфт:

– Ман туро чашми дидан надорам, модар! Маълум мешавад, ки тарбияи нодуруст ва хиёнати ту маро низ водор ба хиёнат кардааст. Вале ман намегузорам, ки фарзанди ман ду падар дошта бошад.

Ӯ ба хона баргашт. Баргашту хеле ба андеша рафт. Ӯ бори аввал на танҳо нисбат ба модар, балки нисбат ба худ ҳам, нафрат пайдо кард. Ба болои диван дароз кашида хеле гирист. «Ман ҳаромӣ ба дунё омадаам ва ин аст, ки фарзанди ҳаромӣ ба дунё меорам.Не, не фарзанди ман набояд ҳаромӣ таваллуд шавад» – гӯён мегиристу мегирист.

Ӯ гаравгони хиёнат шуда буд. Чӣ кор карданашро намедонист. Дар чунин андеша ӯро даҳшат фаро гирифта, аз ҷой бархост ва ба Мансур занг зад. Мансур рафиқи модараш ва падари тифли батни ӯ буд.

Мансур «лаббай ҷонакам» ,– гӯён ба занги ӯ ҷавоб дод.

– Биё, ки ёдат кардам. Аз зиқӣ мекафам. Шавҳарам боз ба сафари 10 рӯза баромад. Чаро мо вақтро хуш нагузаронем? – гуфт дар ҷавоб Мавҷигул

Мансур низ гӯё интизори ишора буд, ки зуд ба назди Мавҷигул омад. Онҳо он шабро боз дар оғӯши ҳам рӯз карданду аз шаҳди висоли ҳамдигар лаззат бурданд. Мавҷигул хеле духтари зебо буд ва ҳар нигоҳу ҳар нозу ишвааш ин ҷавонро девона карда буданд.

Маҷигул дар оғӯши гарми Мансур чун ҳамеша ноз мекарду ба ӯ лаззат мебахшид ва дар айни авҷи чунин муносибатҳои маҳрамона бо нозу ишваи ба худ хосе ҳақиқатро кушоданӣ шуд:

– Ман туро чунон дӯст доштам, ки на танҳо ба шавҳарам хиёнат кардам, балки дар батн низ тифли туро мепарварам. Ман бояд чӣ кор кунам? Ба ман чӣ маслиҳат медиҳӣ? Хоҳӣ исқоти ҳамл мекунам ва хоҳӣ нигоҳ медорам. Лекин яқин мегӯям, ки фарзанд аз туст!

Мансур дастони ӯро бусида сарашро ба шикамаш монда гуфт:

– Фарзанди ман, бояд сиҳату саломат ба дунё ояд. Ваъда медиҳам, ки ӯ хеҷ гоҳ аз чизе танқисӣ намекашад, вале ҳоло ин асрорро пинҳон дор ва бигзор шавҳарат ӯро чун фарзанди худ қабул кунад. Он тарафашро баъдтар маслиҳат мекунем.

Мавҷигул гуфт:

– Ман Далерро дӯст намедорам. Дер ё зуд аз ӯ ҷудо мешавам. Ҳарчӣ бошад намехоҳам, ки ӯ аз хиёнати ман огоҳ шавад ва маро чун зани хиёнаткор муаррифӣ кунад.

Мансур гуфт:

– Агар ту маро дуст дорӣ бояд суханамро гӯш кунӣ. Алҳол Далерро огоҳ кун, ки ту ҳомиладорӣ ва ӯ дар батни ту фарзанд дорад. Он тарафашро мебинем.

Мавҷуда ноилоҷ «хуб» гуфту, Мансурро сахт ба оғӯш кашида, гусел кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД