Arzon march 2024
Гапи мардумро фикр карда, аз беадолатӣ азият мекашам
3397

 

Диёра Мамадоваи 43-сола муддати 6 сол аст, ки бо ВНМО умр ба сар мебарад. Ӯ соҳибкор ва ҳамоҳангсози лоиҳа дар Шабакаи бонувони Тоҷикистонӣ аст, ки бо ВНМО умр ба сар мебаранд. Чанде қабл Диёра соҳиби гранти сохтори “СММ-Занон”дар лоиҳаи барномаи пешгирии ВНМО дар Тоҷикистон гашт.

«То синни 30-солагӣ ман зани аз ҷиҳати молиявӣ муваффақ ва хушбахт будам. Он замон дар Русия кор карда, ба наздиконам кумак мерасонидам. Ҳамин, ки ба 30-солагӣ қадам гузоштам, наздиконам барои оиладор шудан ташвиқ мекарданд ва маҷбур карданд, ки ба ватан баргашта, издивоҷ намоям. Домодро худашон ёфтанду ман ба шавҳар баромадам. Рӯзҳои аввали арӯсӣ фаҳмидам, ки шавҳарам чанде қабл аз маҳбас баромада, нашъаманд будааст. Дар рӯзи 45-уми оиладоршавӣ ман аз хонаи шавҳарам гурехтам. Модарам маро ба хона роҳ надода, гуфт, ки ман ӯро шарманда кардаам. Ҳамон шабу рӯз ҳомила буданамро фаҳмидам ва ягона касе, ки дар он лаҳзаҳои душвор маро дастгирӣ ва ба хонааш роҳ дод, апаам буд.

Вақте моҳи таваллудкуниям даромад, модарам ба хотири гапи мардум маро ба хонааш роҳ дод. Тамоми умр ман мисоли қисмати зиёди бонувони тоҷик аз тарси гапи мардум худро дар азоб мондаму ҳуқуқҳоямро поймол карданд. Мо на танҳо дар хонаи шавҳар, балки дар хонаи волидони худ ҳуқуқ надорем.

Давраи ҳомиладориям хеле мушкил сипарӣ гардид, вале бо сабаби он ки бояд фарзандамро ба воя расонам, ба саломатии худ диққат надода, кор мекардам. Ҳол он ки нишонаҳои аввалини беморӣ дар ҳамон шабу рӯз рӯ зада буданд. Ман зуд-зуд бемор мешудам, рагу пайвандам варам мекарданд. Баъди таваллуди фарзандам тобу тоқати фишори наздиконамро накарда, барои хариди хона қарз гирифтаму хонаи падарро тарк намудам.

Шабу рӯз кор мекардам, то ки қарзамро пардохт намуда, зиндагии шоиста ба сар барам. Вақте зиндагиям рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, дубора шавҳар кардам. Ҳангоми ҳомиладории дуюм аз ҳолати худ хабардор шудам. Вақте табиб дар бораи гирифтори ВНМО буданам хабар дод, худро зани пастфитрату бадахлоқ эҳсос кардам. Имрӯз ман дарк менамоям, ки он замон табиб ҳуқуқҳои маро поймол ва таҳқир карда буд ва ман худро гунаҳкор эҳсос карда будам.

Баъдан, маълум шуд, ки ман аз шавҳари аввалаам сироят ёфта будаам, ӯ кайҳо дар қайди табибон қарор доштааст. Ташхис нишон дод, ки фарзандону шавҳарам бемор нестанд. Ман дарҳол аз пайи табобат шудам. Баъди чанд муддат бо директори Шабакаи бонувони Тоҷикистонӣ, ки бо ВНМО умр ба сар мебаранд, шинос шудам ва он кас маро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Ҳамин тавр, фаъолияти шаҳрвандии ман оғоз ёфт. Ман аз вазифаи роҳнамои баробарҳуқуқ оғоз намуда, ҳолатҳои нави сирояти ВНМО-ро аз миёни аҳолии шаҳракҳо пайдо мекардам, бонувони гирифтори ин бемориро дастгирӣ намуда, барояшон доруворӣ мебурдам. Айни замон ман ҳамоҳангсози лоиҳа дар ташкилоти худ ҳастам. Ҳар рӯз ҳангоми кор бо бонувони гирифтори ВНМО ман ҳолатҳои вазнинеро мебинам, ки бо сабаби бемории худ ҳуқуқҳояшон поймол мегардад. Бонувоне, ки аз оилаи худ ронда намешаванд, ҳол он ки дар 90 % ҳолатҳо ронда мешаванд, пеш аз ҳама, барои наздиконашон радди маърака мешаванд. Ба ин бонувон хӯрокпазӣ, сари дастурхон нишастан, бӯсобӯсӣ ва оғӯш гирифтани наздикон иҷозат дода намешавад, ба кор қабул карда намешаванд, ҳамроҳашон робитаро қатъ менамоянд, ба беморхонаҳо қабул намешаванд. Чунин ҳуқуқпоймолкунӣ ва тамғагузорӣ дар ҷомеа сабабгори паҳншавии бештари ВНМО мегардад. Зеро шавҳар дидаву дониста, зани худро сироят мекунад, зан бошад, тифли солимро ба дунё оварда, ҳангоми ширмаконӣ кӯдакашро сироят мекунад ва ҳамаи ин бо сабаби он рух медиҳад, ки мо ба хотири гапи мардум зиндагӣ мекунем. Вазъияти ҳозира хеле ташвишовар буда, маро ба ҳарос меорад, ҳар моҳ мо 10 нафари сироятёфтаро пайдо месозем. Маҳз аз ҳамин хотир, ҳолати худро ба касе ошкор намекунам. Дар акси ҳол тиҷоратам зарар дида, касе бо ман робита намекунад…

Фикр мекунам, ки ҳатман вазъияти бо табибон алоқамандро тағйир додан лозим аст. Табибон аввалин нафаре ҳастанд, ки ҳуқуқҳои шахси ба чунин ҳолат гирифторшударо поймол месозанд, зеро дар бораи ВНМО огаҳии комил надоранд. Баъд аз робита бо табибон шахс мехоҳад даст ба худкушӣ занад.

Дар бораи лоиҳаи «СММ-Занон» ман аз роҳбарияти худ хабардор шуда, бо камоли майл ба машғулият мерафтам. Он замон тиҷорати хурд-дӯкони дӯзандагӣ доштам ва хеле шод гаштам, ки маълумоти муфид аз худ мекунам. Аз чизе умедвор набудам, аз ин рӯ, вақте фаҳмидам, ки лоиҳа-тиҷорати ман оиди васеъ сохтани истеҳсолот ва пешниҳод сохтани ҷойҳои нави корӣ барои бонувони гирифтори ВНМО дастгирӣ карда мешавад, ҳайратзада ва хеле шод гаштам.

Рӯзҳои наздик ман аз сохтори “СММ-Занон” кумаки хурди молиявӣ мегирам ва шодам, ки метавонам кумаки худро ба бонувони бадбахту бепаноҳе расонам, ки баъди фаҳмидани ҳолаташон аз оила ронда мешаванд. Ҳол он ки дар аксари ҳолатҳо ин бонувон аз шавҳарони худ сироят ёфта, дар синни 15-16-солагӣ ба шавҳар дода мешаванду на маълумоти олӣ доранд, на маблағи кофӣ. Дар ҷамъият ақидаҳои номатлубе реша паҳн кардаанд, ки гӯё ВНМО тавассути дастфишорӣ, бӯсобӯсӣ ва зарфҳои умумӣ сироят мекарда бошад... ман маҳз барои ҳамин кор мекунам, ки чунин ақидаҳоро решакан намоям.

Диёра метавонад бо шарофати барномаи пешгирии ВНМО тиҷорати худ –дӯкони дӯзандагиро васеъ намуда, дар маҳаллаи худ ба бонувони гирифтори ВНМО ҷои корӣ пешниҳод намояд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа барои 30 нафар зани гирифтори ВНМО машғулият гузаронида шуд, ки чор нафари ин бонувон аз ҷониби сохтори “СММ-Занон” дастгирӣ карда шуданд. Лоиҳаи мазкур ҳадафи рушди боустувори №5 (баробарии гендерӣ) ва ЦУР-барпо намудани ҷойҳои кориро фароҳам меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД