arzon replenishment
Оила
3900

Деҳаи афсонавӣ

Деҳаи “Ганҷи боло”-ро аз чор тараф куҳҳои осмонбӯс иҳота кардаанд. Табиати сабзу нотакроре дорад ин деҳа ва аксари сокинонаш низ мисли табиаташ зебою дилкаш ҳастанд. Кампиракон мегӯянд, ки дар замонҳои қадим қадами мубораки Ҳазрати Юсуф ба ин деҳа расида будааст, аз ҳамин сабаб, одамонаш мисли Юсуфи пайғамбар зебоянд.

Фариштае аз “Ганҷи боло”

Гулрухсор ҳамроҳи волидонаш дар деҳаи “Ганҷи боло” зиндагӣ мекард. Чашмони кабуди осмонӣ, рӯи барф барин сафед, чашмони фаттону миҷгонҳои баргашта ва абрӯвони пари зоғ барин сиёҳу рухсори гулгунашро дида, боварии кас намеояд, ки фарзанди одамизод ин қадар зебо мешудааст. Ҳамдеҳагонаш нимшӯхию нимҷиддӣ ӯро “Фариштаи ганҷи боло” мегуфтанд ва Гулрухсор аз ин меболид. Қариб нисфи бачаҳои деҳа дар ишқи Гулрухсор сӯхтаю пухта, мудом аз паси ин духтари фариштахисол давида мегаштанд, вале вай ба ягонтои онҳо аҳамият намедод. Падараш омӯзгор буд ва Гулрухсор намехост, ки бо ягон бача гап зада, сари падари номдорашро дар байни мардум паст кунад, аммо...

Ҳамболи орзуҳо

Гулрухсор орзу дошт, ки мисли дугонаҳояш Шоҳсанам, Умеда ва Гулбарг ба шаҳр рафта дар ягон донишгоҳ таҳсил кунад ва одами номдор шуда ба деҳа баргардад. Падари омӯзгораш зид набаромада, худаш Гулрухсорро ба шаҳр овард ва ба яке аз донишгоҳҳои номдори пойтахт дохил карда, бо дили пур ба деҳа баргашт. Гулрухсор, ки табиатан духтари ширинзабону дилёб буд, ба зудӣ бо духтарони ҳамсабақаш, ки аз ноҳияҳои гуногун омада буданд, унс гирифта, дугонаи ҷонӣ шуд. Онҳо пас аз дарсҳо ба сайру тамошо баромада, аз дидани манзараҳои дилфиреби шаҳр ҳаловат мебурданд...

Духтари қишлоқӣ шаҳрӣ шуду...

Қисми зиёди дугонаҳояш аз шаҳр буданд ва бо юбкаву шим ва куртаҳои аврупоӣ ба дарс меомаданд. Гулрухсор ҳам мехост мисли ин духтарҳои шаҳрӣ либосҳои замонавӣ пӯшида, мудом тозаву озодаю дилкаш гардад. Бо ҳамин мақсад вай ба бозори Корвон рафта, бо пулҳое, ки чанде пештар падараш барои дар шаҳр азоб накашидан ба ӯ фиристода буд, ба худ сару либоси замонавӣ харид ва имиҷашро якбора дигар кард. Акнун симои ин духтари “модний”-ро дида, ҳеҷ боварии кас намеомад, ки вай ҳамон Гулрухсори қишлоқӣ аст....

Як гулу сад харидор

Харидорони ин духтари нозанин аз мӯи сараш ҳам зиёд буданд ва ҳар субҳ бачаҳои бисёре аз пасаш кашола шуда, то назди дари донишгоҳ меомаданд, аммо назари ин духтари мағрур ягон касро намегирифт. Аз миёни садҳо ошиқи шайдо танҳо Илёс ном бойбачаи мошинсавор тавонист дили “фариштаи “Ганҷи боло”-ро ба даст биёрад.

Ин ҷавони хушқаду қомат дар баробари ширинзабону хушгуфтор буданаш боз саховатманд низ буд ва ба Гулрухсор туҳфаҳои олиҷаноб тақдим карда, ӯро ба тарабхонаҳои зебо таклиф менамуд. Онҳо аввал танҳо дӯстона суҳбат мекарданд, вале оҳиста-оҳиста меҳри ин ҷавони мисли Ҳотами Той саховатманд дар дили Гулрухсор ҷо шуд ва девонавор ба Илёс ошиқ шуд...

Ишқи бойбачаи пулмаст

Илёс ҳар субҳ бо мошинаш Гулрухсорро аз хобгоҳ то назди дари донишгоҳ меовард ва пас аз дарс ба сайру саёҳат мебурд. Дигар донишҷӯён фақат хот-дог ва пирожки мехӯрданд, аммо ин духтари деҳотӣ ҳамеша дар тарабхонаҳо хӯрок мехӯрд. Илёс маҳбубаашро ба беҳтарин тарабхонаҳои шаҳр мебурд, рӯзҳои истироҳат бошад, онҳо ба дараҳои Ромит ва Варзоб дамгирӣ мерафтанд. Дар ҳар мулоқот ин бойбачаи пулмаст ба дӯстдоштааш ягон туҳфаи аҷиб тақдим намуда, хотири ӯро шод мегардонд. Дар муддати як соли мулоқоти ошиқона бо ин ҷавони сарватманд Гулрухсор соҳиби телефони қиматбаҳо ва ду ноутбук гашта, дар зару зевар ғӯта зад. Барои ангуштарин дар ангуштонаш дигар ҷой намонда бошад ҳам, Илёс ҳар моҳ ба ӯ боз ангуштарин ва ҳалқаи тиллоӣ тақдим менамуд. Ишқи ин бойбачаи саховатманд ин духтари қишлоқиро ба маликаи донишгоҳ табдил дода буд ва назари Гулрухсор дигар касеро намегирифт...

Ҷашни зодрӯз

Рӯзи зодрӯзи Гулрухсор буд. Падару модараш аз деҳа занг зада табрик карданд ва зорӣ намуданд, ки ба хона ояд то ҷашни милодашро якҷоя ҷашн бигиранд, аммо духтар сар шудани имтиҳонҳоро баҳона карда нарафт. Вай бисёр мехост, ки имсол зодрӯзашро бо дӯстдоштааш дар танҳоӣ ҷашн бигирад. Ҳамон рӯз Гулрухсор ҳамсабақонашро дар донишгоҳ зиёфат дода, баъд Илёс ӯро ба тарабхонаи “Ниагара” бурд. Дар рӯйи миз ба ғайр аз шири мурғу ҷони одам дигар ҳама чиз буд. Ошиқон то торик шудани ҳаво дар фазои романтикии тарабхона танҳо ба танҳо нишаста, рози дил гуфтанд. Илёс аз рухи маҳбубааш бо меҳр бӯсида, ба гарданаш гарданбанди тиллоиеро андохт, ки санги бриллиант дошт. Духтар бо дидани ин туҳфаи гаронбаҳо чунон хурсанд шуд, ки ногуфтанӣ. Ҷавон масту махмур ба чашмони ин духтари зарпараст нигариста гуфт:

-Ин аз нӯги хамир фатир, туҳфаи асосиро камтар дертар ман ба ту ҳадя мекунам. Боварӣ дорам, ки он ба ту сахт писанд меафтад....

Туҳфаи охирин

Пас аз он ки ҳаво торик шуд, Илёс бо пешхизмати тарабхона ҳисобӣ намуда, маҳбубаашро ба мошинаш шинонд ва муҳаррикро ба кор даровард. Мошин на ҷониби хобгоҳ, балки ба самти яке аз шаҳракҳои зебои пойтахт тоб хӯрд. Гулрухсор ҳайрон буд, ки Илёс ӯро ба куҷо мебурда бошад, вале ҳарчанд мепурсид, ҷавон “камтар тоқат кун” гӯён, сир пинҳон мекард.

Ниҳоят мошин дар назди як бинои баландошёнаи нав қарор гирифт. Ҷавон аз мошин фаромада, дари пешро кушод ва мисли ҷентелмени ҳақиқӣ аз дасти маҳбубааш гирифта, Гулрухсорро фаровард. Онҳо ба бино ворид гашта, ба ошёнаи шашум баромаданд. Илёс аз кисааш калид бароварда, дари яке аз хонаҳоро кушод ва бо лабханд ба духтар нигариста гуфт:

-Марҳамат малика, ба қасри кӯчакатон хуш омадед!
(Идомаашро фардо соати 21-00интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД