Маросими имзои шартномаи сарпарастӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор гардид. Дар қарордод директори генералии «FORMULA55» Баҳром Подчаев ва директори дастаи «Душанбе» Чарли Наркотей имзо гузоштанд.
Созишнома барои як сол баста шуда, ба рушди дастаи “Душанбе”, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва тарбияи футболбозони баландихтисос нигаронида шудааст.
Қобили зикр аст, ки «FORMULA55» барои дастгирии варзиши тоҷик корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Ширкат сарпарасти дастаҳои футбол, ба монанди “Хуҷанд” ва «Ҳосилот» низ мебошад. Ҳамчунин сарпарастии Лигаи футзали Тоҷикистон ва Кумитаи Миллии Олимпиро низ ба дӯши худ гирифтааст.
«ФОРМУЛА55» дар рушду пешрафти варзиш саҳмузор аст ва парчамбардорони миллатро пайваста дастгирӣ мекунад.
Мо боварии комил дорем, ки дар якҷоягӣ метавонем ба дастовардҳои нав ноил шавем!
F55 - Мо варзишро рушд медиҳем!