arzon replenishment
Фоидаи "Алла"-и сари гаҳвора ба саломатӣ
511

Табибон муайян намудаанд, ки ҳанӯз дар ҳафтаи 12-уми қарор доштан тифл дар шиками модар садои ӯро мешунавад ва мешиносад. Баъд аз тавалуд шудан ҳам ӯ танҳо садои модарашро мешиносад.

Инчунин, баъди ҳис кардани меҳру муҳаббати падар ва дигар аъзои хонавода онҳоро дӯст медораду дигар наметарсад. Вале, бӯю овози модар ҳанӯз тавлидношуда барояш ошно аст.

Равоншиносон чандин маротиба зикр намудаанд, ки хондани суруди "Алла" барои навзод ниҳоят муҳим аст. Ба ин хотир, ҳар маротиба чӣ дар тавалудхона ва чӣ дар муоинаҳои баъди тавалуд таъкид мешавад, ки модар бо суруди хуше навзодашро ором намояд.

Аввалан, ин амал тарси навзодро гум мекунад. Яъне, тифл баъди тавалуд аз олами атроф тарс дорад. Ин аз ҷиҳати тиббӣ исбот шудааст, ки бо ошно шудани ҳар чизи нав торҳои асаби навзод кашида мешавад. То пурра ошно шудан ва тарс гум шудан хеле вақт мегузарад. Вале, ҳангоми шунидани овози модар тифл амнияти худро ҳис мекунад ва ором мешавад.

Яке аз сабабҳои он, ки тифлро баъди таваллуд рӯи шиками модар мегузоранд, ин ҳис кардан ва дар амн худро эҳсос намудани тифл мебошад. Сониян, барои роҳат хоб кардани кӯдак суруди "Алла" ниҳоят форам аст.

Инчунин, "Алла" дар фарҳанги мардуми тоҷик, ки пайдоишаш ниҳоят домани густурда дорад, орзую омоли модарро инъикос менамояд. Модарон бо ин восита меҳрубонию ҳиссёти гарми худро ба навзодашон мефаҳмонанд. Қисме аз модарон аз ин фурсати муносиб истифода намуда, дарди дилашонро иброз менамоянд, ки барои роҳат шудани ҳолати равонии модар низ таъсибахш аст.

ҲАМЧУНИН:

ЧАНД МАСЛИҲАТ БА ДУХТАРОНИ ШАВҲАРКУН

Пештар ақидае мавҷуд буд, ки суруди "Алла" ва гуфтани номи Худову Пайёмбар зиён ва хобҳои бадро аз кӯдак дур месозад ва ӯ солиму бардам ба воя мерасад.

Модарони бетаҷриба фикр мекунанд, ки кадом суруде бошад фарқ надорад. Аммо, "Алла" моҳияти ниҳоят калон дораду онро донистан ва хондан бисёр муҳим аст, то ки тифлакони орому солим ба воя расонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД