Formula novemver 2024
Чанд маслиҳат ба духтарони шавҳаркун
881

Шавҳар кардан ва ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодан барои ҳар ҷавондухтар орзуи муҳим аст. Мо бо тарбияи шарқиёнаи худ наметавонем тасаввур кунем, ки зан калонсол ва бе шавҳар монад.

Оиладорӣ мактаби бузург ва аз имтиҳонҳояш гузаштан хеле душвор аст. Барои ин тайёрӣ дидан лозим аст. Айни замон ҳамаи хушдоманҳо келини зебо, чаққон, ҳунарманд, меҳрубон ва таҳсилкарда мехоҳанд. Ҳозир бисёр модарон барои ояндаи духтаронашон меҳнат мекунанд. Ҳатто баъзеҳо ақида доранд, ки мард чӣ хеле набошад рӯзашро мебарад, аммо духтар нозук аст вадасташро рост кардан лозим аст.

Тарбияи духтарон ба зиндагӣ барои модари дурбин ҳанӯз аз 16-17 солагӣ шуруъ мешавад. Сараввал барои дӯзандагиро ёд гирифтан ба курсҳо бурдан лозим аст. Лекин, дар ин синну сол сутунмуҳраи ҷавондухтар пурра инкишоф наёфтаву ҳанӯз мулоим аст. Барои ин модарон набояд аз 1-2 соат зиёд дар сари дастгоҳ нишастани фарзандонашонро иҷозат диҳанд. Ҳастанд духтароне, ки ба риштаву сӯзан аз кудакӣ шавқ доранд, аммо новобаста аз шавқ, ҳар духтар лоақал аз маҳорати дузандагӣ бояд огаҳ бошад.

Бар замми ин, курсҳои кӯтоҳмуддати тиббию ороишӣ ва пухтупазӣ вуҷуд дорад. Курсҳои тиббӣ барои духтарон донишҳои аввалияи тиббиро меомӯзонад. Ин барои солиму зебо нигоҳ доштани худ ва хонавода ниҳоят муҳим аст.
Албатта, мактаби калони пухтупазӣ ин модар аст. Аммо, ширинию баъзе аз хӯришҳоро махсус омӯхтан лозим меояд.

Чӣ хеле, ки мегӯянд, дили шавҳарро бо хӯрок ба даст меоранд. Ҷавондухтарон аз он ҳам бархуӯрдор шаванд агар олӣ мешавад. Доштани ин ҳунарҳо намегузоранд, ки дар гиру дори зиндагӣ духтар пешпо хӯрад, дар маърака ширинии болазати худро пешкаши меҳмон мекунаду бо куртаи дӯхтаи худаш ҳавлии хушдоманро зеб медиҳад.

Ногуфта намонад, ки таҳсили олӣ доштан шарту зарур аст. Ҳар зан бояд соҳибмаълумот бошад. Зани босавод фарзандони донишмандро тарбия мекунад. Имрӯз барои хондани духтарон ҳеҷ монеае вуҷуд надорад ва соҳибмаълумот шудан аз кӯшишу ғайрати ҳар нафар вобаста аст.

Дӯзанда аз нӯги сӯзан нон мехӯраду муаллим бо равиши бӯр рӯз мебард, табиб аз табобат. Тақдир ҳар нафарро дар доираи хатти кашидаи худ мечархонад. Вале, тайёр будану дар дохили ин хат роҳ гашта тавонистан ба ҳар нафар вобаста аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД