Зимистонро бад мебинам, чунки дар ҳамин фасли сард шахси ба дилам аз ҳама наздиктар - дӯстдоштаамро аз даст додам.
Ману Дилҷу мисли Фарҳоду Ширин муддати 7 сол ишқварзӣ карда, баъд хонадор шудем. Тӯям дар чилаи зимистон гузашт. Ҳаво чунон сард буд, ки мислашро ягон бор надида будам, вале мани дилдода аз тулӯи офтоби бахтам чунон шоду масрур будам, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Гумон мекардам, ки дар тамоми ҷаҳон аз ман дида арӯси хушбахттар нест, вале...
Шом, баъди рафтани меҳмонҳо домодро ба таги чодар дароварда, бистари арӯсӣ партофтанду моро танҳо гузоштанд. Ману Дилҷу ба мисли ду мори печон ба ҳам печида, то як поси шаб аз висоли ҳамдигар шаҳд чашидем. Соатҳои 2 ё 3-и шаб аз ишқварзӣ фориғ шуда, хост ҳамом кунад, вале барқ набуд. Қарибиҳои саҳар ҳамом мекунам гуфтам, вале Дилҷӯ “падару модарам таҳораткунӣ мехезанд, айб мешавад” - гӯён, “фонарик”-ро гирифта, ба ҳамом рафт. Ваъда кард, ки “движок”-ро даргирон карда, баъдан маро низ ба ҳамом мебарад. Дар ин муддат аз байн қариб як соат гузашту аз ӯ дарак нашуд. Хавотир шуда, фонус дар даст ба ҳамом рафтам. Дари ҳамом кушодаю Дилҷу мисли мурда дар гӯшае хоб буд. Бо дидани ин манзара талхакаф шуда, бо тамоми овоз фарёд задам.
ГАНҶИНАИ БАДБАХТ: МОДАРАМ БА РӮЯМ ТУФ КАРДУ ПАДАРАМ МАРО ОҚ НАМУД
Аз фиғони талхи ман аҳли оила бедор шуда, аз ҳуҷраашон баромаданд. Падару бародаронаш Дилҷӯро, ки дастгоҳи барқӣ-движок зада буд, зуд ба мошин бор карда, ба беморхона бурданд. Умед доштам, ки табибон ҷони шавҳари ҷавонамро наҷот медиҳанд, аммо хаёлам хом баромад. Як соат пас мурдаи домодро ба хона оварданду нолаи зори мани наварӯс ва хушдомани пичасафедам ба фалак дакка хӯрд. Пероҳани арӯсиро бо либоси мотамӣ иваз намуда, ман - арӯсаки якшабаи сиёҳбахт, рӯю мӯямро канда, ба тақдири номард, ки аз шаҳди висол сер нашуда, маро аз ёрам ҷудо кард, сад бор лаънат мехондам. Нолидам, сӯхтам, ҷигарам пора-пора шуд, вале домодро бо аспи чӯбин аз пеши назарам гирифта бурданд.
Пас аз гузаронидани маъракаҳои мотамӣ падари Дилҷӯ маро ба хонаамон оварда монд ва “тақдиру насиби писари мо ҳамин будааст қудо, духтари шумо ҳоло ҷавон аст, метавонед ӯро ба шавҳар диҳед” - гӯён, оби дидагонашро поккунон баромада рафт.
Ба мани арӯси якшаба хостгори бисёре пайдо шуда бошад ҳам, хотираи Дилҷӯи номуродамро пос дошта, дигар шавҳар накардам.
Инак, қариб 13 сол мешавад, ки таку танҳоям. Дар беморхонаи ноҳияамон кор карда,аробаи зиндагиамро худам мекашам, то ки дарди сари падару модар ва бародаронам нашавам. 13 сол боз фасли зимистонро бо мотам мегузаронам, чунки бо боридани барфу борони сард аламҳои дилам рӯ зада, симои шавҳари худораҳматиям пеши назарам меояд. Лаънат ба ту зимистон!
Лайло, аз ноҳияи Лахш