arzon replenishment
ФАВРӢ: 25 СОЛИ ЗИНДОН БА ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН
3722

 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Русия, ду узви гурӯҳи мусаллаҳи бандаи GTA, зодаҳои Тоҷикистон Боир Ғуломов ва Муродҷон Каримов ба 25 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ғуломов ва Каримов бо ҷурми куштор, ғорат ва дигар ҷиноятҳои вазнин, ки дар Русия дар доираи як гурӯҳ содир кардаанд, гунаҳкор дониста мешаванд. Қаблан, ин ҷинояткорон ба рӯйхати байналмиллалии ҷустуҷушавандагон ворид шуда буданд.


ҶАВОНИ ТОҶИК КӮДАКИ РУСРО АЗ МАРГИ НОГУЗИР НАҶОТ ДОД


 

Гуруҳи мусаллаҳи "GTA" - созмони ҷинояткоронаест, ки солҳои 2012-2014 дар атрофи шаҳрҳои Русия ба амалҳои ҷиноӣ даст мезаданд. Он ҳамагӣ аз 15 нафар аз ҳисоби муҳоҷирони Осиёи Миёна иборат буда, садҳо амали роҳзанӣ анҷом додаанду дар куштори 17 нафар ва кӯшиши қатли ду нафари дигар даст доранд.

Ҷиноятҳо дар шоҳроҳҳои наздик ба шаҳри Маскав содир шудаанд. Шабона ин роҳзанон ронандагонро маҷбур мекарданд, ки мошинро нигоҳ доранд. Баъди боздоштан чархҳои мошинро мекафонданд, мусофиронро мекуштанд ва амволи онҳоро мерабуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2018, чор узви ин гурӯҳи ҷиноятӣ ҳукми якумра гирифта, як нафари дигар ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД