Дар вилояти Челябенски Русия як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон бо исми Осман Мамутов як кӯдаки 11-соларо аз марги ногузир наҷот додааст.
27-уми октябр, соати тақрибан панҷи субҳ дар роҳи Чебаркул-Мисяш ду мошини Ford Focus ва LADA Kalina ба ҳам бархӯрданду “Форд” ба канори роҳ чаппа шуда, оташ гирифт. Дар натиҷаи садама ҳарду ронанда, ҳамсар ва писари шашсолаи ронандаи “Форд” ба ҳалокат расиданд. Дар ин садамаи пурхун танҳо як кӯдаки 11-сола, ки писари ронандаи “Форд” будааст, ҷон ба саломат бурдааст. Ҷавони 23-солаи тоҷикистонӣ Осман Мамутов тавонист дар охирин лаҳза кӯдакро аз мошини оташгирифта берун бикашад.
Осман Диляверович Мамутов соли 1996 дар Тоҷикистон ба дунё омада, ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз Тоҷикистон ба Челябинск кӯчидааст ва ҳоло фармондеҳи взвод дар дивизияи танкии Чербаркул аст.
Бознашр аз сомонаи Ахбор