Sebiston new 2024 october
Фарзонаи Хуршед дар автобуси №3
5774

Субҳи имрӯз, тақрибан соатҳои 5 баробари ворид шудан ба сомонаи инстаграм чашмам ба видеои кӯтоҳе афтид, ки дар он овозхони шинохтаи тоҷик Фарзонаи хуршед дар дохили автобус қарор дошт.

Ростӣ ҳеҷ боварам наомад, ки духтари примадоннаи саҳнаи тоҷик Сурайё қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё, ки дар сар то сари олам шӯҳрату маҳбубият дорад ва ба қавли маъруф аз оилаи миллионер аст, автобуссавор мегашта бошад. Барои фаҳмидани асли ҳол дарҳол ба Фарзонабону занг задам. Ростӣ, ҳеҷ интизор набудам, ки дар ин субҳи содиқ касе ба зангам ҷавоб медиҳад, аммо гӯширо худи Фарзонаи Хуршед бардошт. Аз телефон садои ғалоғула меомад ва аёб буд, ки ин овозхони шинохта дар ягон ҷойи серодам қарор дорад.

-Салом Фарзонабону! Ин қадар овози ғавғо. Дар ин субҳи содиқ магар дар хонаатон нестед?

-Ман хеле барвақт аз хоб мехезам. Айни ҳол бо автобуси рақами №3 ба самти боғи Устод Айнӣ рафта истодаам. .


 НАМОЗХОНИИ ДУХТАРИ ФАРЗОНА ДАР КЛИПИ МОДАРАШ 


 -Чаро бо мошини худатон нею бо автобус ба боғи Айнӣ меравед?

-Чанд муддате, ки дар Москав қарор доштам, зиёд пазмони мардуми Тоҷикистонам шудам ва ба худам ваъда додам, ки баъди бозгашт ҳатман бо автобус ба сайри шаҳр мебарояму бо мухлисонам аз наздик вомехӯрам. Ба ҳамин хотир имӯз ба автобус нишастам, то ки бо мардум аз наздик ҳамсуҳбат шавам.

-Гуфтагӣ барин, Москав ба сафари ҳунарӣ рафта будед ё ба сайру тамошо?

-Мо бо як тир ду нишон зада, ҳам сафари ҳунарӣ кардему ҳам истироҳат. Чанд шартномаи хуби ҳамкорӣ ба имзо расондем, вале дар ин бора баъдтар муфассал мегӯям.

-Ташаккур барои як сӯҳбати хуб ва ошкоро. Мо ният дорем, ки аз рӯзгори шумо як барномаи алоҳида таҳия намоем. Барои мулоқот бо сомонаи Оила вақт доред?

-Бо ҷону дил!

Шабнам Тоҳирӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД