Formula novemver 2024
Ёсуман Шокирова: Зиндагӣ бо умеду орзу зебост
795

Ёсуман Шокироваро бештари мухлисонаш аз шабакаи фейсбук мешиносанд, ӯ яке аз истифодабарандагони фаъоли шабака аст. Қаҳрамони мо навозандаи мумтоз аст. Ӯ дар ҳунари худ ҳамто надорад. Номи созе, ки ӯ менавозад, конун ном дорад. Асбоби мазкур шабеҳи сози мусиқии чанг асту шакли тропетсиявӣ дорад, бо нохунакҳо навохта мешавад. Овози маҳину дилнишин ва тасхиркунандаи ин соз Ёсуманро маҳбуби дили ҳамагон кардааст.

Ёсуман мегӯяд, аз овони хурдӣ рағбати зиёдаш ба олами санъату мусиқӣ боис гаштааст, ки дар айни камолот ин касбро пешаи худ созад. Меҳри санъат аз муҳити оила дар қалбаш маъво гирифтааст.

Ҳоло Ёсуман дар ансамбли бонувони "Чаман" - и Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев ба ҳайси мутриб, таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаррама Шарифзода фаъолияти корӣ дорад. Инчунин дар ансамбли "Чеҳранамо" - и шуъбаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии мудири шуъбаи фарҳанг, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Ашурова фаъолият мебарад.

Ӯ мегӯяд, ки “ҳар лаҳза аз ҷараёни кор бо ҳунармандони касбӣ илҳом мегирам ва ин боис гардида истодааст, то ҳунару истеъдоди хешро сайқал дода бошам.”

Қаҳрамони мо барои муваффақ шуданаш дар соҳаи навозандагӣ нақши волидайн ва устодонашро хело бориз медонад:

“Шукронаи волидони ғамхору меҳрубон мекунам, ки ҳамеша ва дар ҳама самт маро роҳнамоиву дастгирӣ менамоянд. Инчунин дар ҷодаи санъат устодони зиёд маро таълим додаанд, аз ҷумла доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов, Баёт Ҳамроқулов, Баёнов Манучеҳр, Исматулло Азизов, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Ашӯрова ва дигар устодон, ки нақши хешро дар рушди санъати касбиам гузоштаанд, ба эшон изҳори миннатдорӣ баён менамоям.”

Ёсуман Шокирова ба ғайр аз сози конун боз бо сози мусиқии рубоби қошғарӣ баромад мекунад. Сози рубоб аввалин созест, ки Ёсуман омӯхтани ин созро аз устоди аввалинаш дар шаҳри Истаравшан, шодравон Хушвақт Улмасов омӯхтаааст.

Қаҳрамони мо дар тӯли фаъолияти худ бо муборизаву сабру меҳнати ҳалол тавонистааст, ки ин душвориҳоро тай созад. Ӯ мегӯяд “зиндагӣ бо умеду орзу зебост. Аз рӯзҳои равшан нуру гармӣ мегирем, то ба рӯзҳои торику сард нурпошу умедбахши худ бошем...”

Ёсуман ҳоло дар аввали роҳи эҷод аст, ӯ умед дорад дар оянда бо баромадҳои рангин, бо созҳои мусиқӣ оҳангҳои дилнишинро баҳри мухлисон омода ва сабт намояд, дили мухлисони хешро шод гардонад. Орзуи ин духтари ҳунар ҳамин аст, ки бо ташаббусу дастгириҳо сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷи кишвар бо ҳайати ансамбл дошта бошаду муаррифгари ҳунари асили хеш ба ҷаҳониён гардад.

С. УБАЙДУЛЛОЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД