goodwell
Тоҷикистон дар донистани забони англисӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охир
25.11.2026
Оила
58

Тоҷикистон дар донистани забони англисӣ

байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охир

Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар донистани забони англисӣ зинаи охиринро ишғол намудааст. Тибқи натиҷаи Шохиси ҷаҳонии дониши забони англисии (EF-2026) Тоҷикистон бо 405 хол дар байни 117 кишвар дар ҷойи 110-ум қарор дорад, ки байни 5 кишвари Осиёи Марказӣ  ин натиҷаи пасттарин мебошад. Ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон  бо 421 хол байни 117 давлати ҷаҳон зинаи 101-умро ишғол намудааст.  Туркманистон бо 476 хол дар зинаи 71, Қирғизистон бо 445 хол зинаи 90 ва Қазоқистон бо 424 хол дар зинаи 99 қарор доранд.

Шохиси ҷаҳонии дониши забони англисии EF-2026 кишвари Шветсия бо 615 хол зинаи аввалро ишғол намуда, Австрия бо 613 хол дар зинаи дуюм ва Дания бо 612 хол дар зинаи сеюм қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД