Пас аз шоми сияҳи моҷарою қатлу ғорат субҳи умед дамид, мардум шукр мегуфтанд, ки ба рўзи нав расиданд. Сарабеку Асила низ Умедҷонашонро гирифта ба хонаашон баргаштанд.
Зану шавҳар ду рўз хонаи аз бесоҳибӣ гарду чанг зер кардаашонро бо ёрии ҳамсояи қадрдонашон, ки дар ду соли набудани онҳо шавҳару писарашро аз даст дода буд, тозаю тамиз карда, зиндагии навро оғоз намуданд. Корхонаи Сарабек то ҳол кор намекард, вале як ҳамкораш фирмаи тиҷоратӣ кушода будаасту Сарабекро ба кор гирифт. Дар як муддати кўтоҳ ҳаёти оилавии онҳо ба куллӣ дигар шуд. Хонаи дуҳуҷрагиро бо хонаи панҷҳуҷрадори маркази шаҳр иваз намуданд, Сарабек тиҷорати худро кушод, аммо онҳо дигар фарзанддор нашуданд. Сарабек занашро ҳатто ба хориҷа барои табобат фиристод, вале Худованд дигар ба онҳо фарзанд надод. Зану шавҳар шукронаи ҷони Умедҷони ягонаашонро карда, тайёр буданд тамоми ҳастияшонро нисори ў созанд. Писарашон мактабхон шуду ўро ба беҳтарин мактаби пойтахт бурданд, вале Умедҷон майли хондан надошт…
Умедҷон оҳиста-оҳиста қад кашида, бачаи зебое шуд, вале ғайр аз сарфи беҳудаи пул ва бо ошноҳои беҷогардаш кайфу сафо кардан кори дигаре надошт. Сарабек аз ин корҳо бехабар буд, зеро ҳамеша банди кору бори худ буду Асила бошад, сирри бачаи бо ҷону дил баробарашро аз падараш пинҳон медошт. Ҳамин хатои модар сабаб гашту Умедҷон рўз аз рўз бадтар мешуд.
Як рўз аз шуъбаи корҳои дохилӣ телефон карда гуфтанд, ки Умедҷон барои беодобӣ ва бо корд захмӣ кардани духтараки ҳамсинфаш боздошт шудааст. Асила ба ҷои ба шавҳар занг задан ба хонаи ҳамсинфи писараш рафта, ба модари ў, ки духтарашро танҳо ба воя мерасонидааст, пули зиёд ва ба худи духтарак бошад, гарданбанду гўшвора ва чизҳои дигар дода, зорӣ кард, то аризаашонро гиранд. Ин вақт Умедҷон дар синфи нўҳ мехонд ва духтаракро барои он бо корд зада буд, ки ишқашро рад карда буд. Ҷавон бар ивази пулҳои модар аз ҷавобгарӣ халос хўрду падар аз ин ҳама бехабар монд.
Умедҷон бо як азоб мактаби миёнаро хатм кард ва падараш бо ёру ошнобозӣ ўро ба донишгоҳ дохил кард, вале пас аз шаш моҳи донишҷўӣ ўро бо ҷурми даст доштанаш дар фурўши маводи мухаддир боздошт карданд. Ин дафъа зорию таваллои модар фоидае накарду Сарабек аз ҷинояти кардаи писар бохабар шуд, вале кор аз кор гузашта буд. Зеро Умедҷони бешарафи пулмастро чун сарвари гурўҳи нашъаҷаллоб бо миқдори ниҳоят зиёди нашъа дошта буданд.
Дар мурофиаи судӣ Умедҷон бо табассуми аблаҳона аз пушти панҷара ба падар менигаристу ўро айбдор мекард, ки аз пушти пулкоркунияш шуда, тарбияаш накардааст.
Сарабек бо ду даст сарашро дошта, аз дил мегузаронд, ки писараш рост мегўяд, агар ў ба умеди занаш нашуда, худаш сиёсати падаронаашро ба фарзандаш нишон медод, шояд имрўз ба ин ҳол намерасид?! Ин марди байни ҷомеа соҳибном ба як саволаш ҷавоб намеёбад, ба писари ягонаи ў чӣ намерасид, ки пайи пули ҳаром рафт?!
Рухсора САИД