Formula september
Дуои Марям Исоева дар соли нав ба мардум
2728

 

Ин дуои аҷиби солинавии модари саҳнаи тоҷик Марям Исоева ба мардуми Тоҷикистон аст.

Дар редаксияи “Оила” дар мавриди суҳбати солинавӣ зиёд баҳс шуд. Бо кӣ суҳбат кунем, ки дар арафаи Соли Нав барои хонандагон хушоянд бошад? Фалонӣ ибни фалонӣ... ва номи даҳҳо сарояндаву навозанда, актёру нависанда, олиму шоирро рӯйхат кардем. Билохира, қарор шуд, ки бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, модари саҳнаи тоҷик Марям Исоева ҳамсуҳбат шавем. Зеро гирифтани дуои модар дар Соли Нав муфиду муҳим аст.

Марям Исоеваро рӯзи истироҳат дар хонаашон пайдо кардам. Чун бо нияти мусоҳиба омаданамро гуфтам, розӣ шуданд ва баробари дасггоҳи сабтро бароварданам:

-Сабр кунед, аввал хӯроки гарм мехӯрем, баъдан сари як пиёла чой суҳбатамонро идома медиҳем, - гуфта, ҳунарпеша зуд рӯйи мизро бо шириниву донагӣ ва меваву хӯришҳо пур карда, ба ҳардуямон як косагӣ илликшӯрбои болаззат оварданд. Ва ҳамин илликшӯрбо оғози суҳбати мо шуд.

-Марям Неъматовна, ман борҳо дар хонаатон меҳмон будам ва мушоҳида кардам, ки шумо ҳамеша таоми омода доред. Имрӯз ҳам дар соати 11 дар хонаи шумо илликшӯрбо омода аст. Шумо кай хӯрок мепазед?

-Ман саҳар соати 4 ё 5 бедор шуда, барои имрӯз хӯрок омода мекунам. Ин одат ба ман аз ҷавонӣ мондааст. Қаблан дар театр тамринҳо аз соати 10 ё 11 шуруъ шуда, спектаклҳо 22-и шаб ба поён мерасиданд. Ман тез оиладор ва соҳиби фарзанд шудам. Онҳоро нигоҳубин кардан ба дӯши ман буд. Бинобар ин, ман саҳар барвақт бедор шуда, барои нисфирӯзӣ ва шоми шавҳару фарзандонам хӯрок пухта, либосҳояшонро шуста, дарзмол карда, хонаву дарро тамиз намуда, баъдан ба кор мерафтам. Гарчанде, ҳоло ин масъулиятҳоро надорам, вале ҳанӯз одати пештара мондааст, зеро ҳанӯз ҳам серкору серташвиш ҳастам ва қабл аз он ки аз аз пайи корҳоям шавам, хӯрок мепазам. Зеро вақте ба хона бармегардам, хастаам ва ҳавсалаи хӯрокпазӣ надорам... Баъдан, ман сермеҳмонам, набераҳо меоянд, ҷиянҳоям маро зуд-зуд хабар мегиранд, журналистон меоянд, ҳамкорону шогирдон аз театр медароянд... Бинобар ин, дар хонаи ман ҳамеша бояд таом бошад.

- Воқеан шумо дар ин синну сол, - маъзарат мехоҳам, - хеле ва хеле пурэнержӣ ҳастед. Асрори ин дар чӣ аст?

- Ҳеҷ асроре надорад. Ман серкор ҳастам ва рости гап, барои пир шудану хона нишастан вақт надорам. Шукри Худо дар спектаклҳо банд ҳастам, дар Донишкадаи санъат дарс медиҳам. Кумитаи занон ва ҷамъияти дӯстӣ маро ба чорабиниҳои мухталиф мебаранд, қариб ҳар ҳафта бо мардум вохӯриҳо баргузор мекунем. Дар маъракаҳо ширкат менамоям, телевизиону радио маро даъват мекунанд, қариб ҳар сол дар як-ду филм нақшҳои хурду калон бозӣ мекунам... Ҳамин аст, гумонам асрори пурэнержӣ будани ман. Ман аслан бекор нишаста наметавонам, дар хона ба рӯбучину шустушӯ машғул мешавам, зиёд менависам ва нақшҳоямро машқ мекунам...

Як воқеаи аҷибро нақл мекунам. Як рӯз аз ҳавлии Иттифоқи нависандагон гузашта, ба супермаркет мерафтам, ки як мӯйсафед аз роҳам баромад ва маро бодиққат нигоҳ кард. Ман бошам, роҳамро идома дода, аз мағоза харид карда, кадом чизро пайдо накардам, бинобар ин, ба яке аз мағозаҳои кӯчаи марказӣ рафтам. Вақти бозгаштан чун борам вазнин буду хаста шудам, дар рӯ ба рӯи театри Лоҳутӣ, дар ҳавлии “Ориёнбонк” назди фаввораҳо нишаста, дам мегирифтам, ки боз ҳам ҳамон мӯйсафед пайдо шуд. Ин даъфа ҳам синчакорона ба ман менигарист. Билохира, дилаш тоқат накарда, назди ман омад ва иҷозати нишастан пурсид. “Марҳамат шинед” –гуфта, ба ҷойи холии харак ишора кардам. Баъди чанд лаҳза мӯйсафед пурсид:

-Муаллима, ман аз кӯдакӣ нақшҳои шуморо тамошо мекунам, мухлиси шумо ҳастам...

-Ташаккур, - посух додам.

-Мебахшеду шумо чандсола? - пурсид мӯйсафед.

-Худи шумо чандсола? – суол кардам ман.

-74- сола, - ҷавоб дод ӯ.

-Ҳааа, шумо бачаи ман мешавед, - гуфтам ман.

Мӯйсафед ҳайрон шуда, ба ман менигарист ва табассум мекард... Ман бошам, ба роҳам идома додам.

-Шумо бештар дар саҳна ва синамо нақши модарро меофаред. Чаро бештар режиссёрҳо шуморо дар ин нақш интихоб мекунанд?

-Модар хонаи дард аст... Ман бештар актрисаи фоҷеавӣ ҳастам, бинобар ин, ҳамеша нақши модарҳоро ба ман медоданд. Модарони пур аз дарду ғамро офарида, гумон намекардам, ки худам низ хонаи дард мешавам... Бо вуҷуди ҳамаи ин, шукр, шукр, ки мардум дар симои ман модари худашро мебинад.

-Шумо дар ин авохир дар спектакли “Дили модар”-и Ниҳонӣ дар таҳияи Қурбони Собир нақши модари террористро офаридед. Дар ин нақш ман шуморо комилан дигар хел дидам. Чаро ин спектакл ҳозир ба саҳна намеравад?

-Ҳоло дар театр ягон спектакле, ки ман дар он нақш бозӣ мекунам, намеравад. Зеро ҳоло зимистон ва шабу рӯзи Соли Нав аст ва дар театри мо мавсими спектаклҳои кӯдакона оғоз шудааст. “Дили модар”-ро ман дар эҷодиёти худам, яке аз нақшҳои беҳтарин медонам. Зеро дар он рӯзгори модари ҷигархуни муосир инъикос шудааст. Модаре, ки барои наҷоти фарзанд омода аст, сангарҳову садҳоро шиканад... Умед дорам, ки ин спектакл аз баҳор боз рӯйи саҳна меояд. Спектакли дигаре, ки ман дар он нақш бозӣ мекунам, “Муҳаббат” аст, ки дар бораи ишқ аст. Дар ин асар низ нақши модарро иҷро мекунам. Ин спектакли мусиқӣ буда, ба ҷавонон писанд аст. Дар намоишномаи “Сухан бигӯ, Эзоп” низ бо Нурулло Абдуллоев нақш мебозам. Ин спектакли фалсафӣ барои онҳое аст, ки ба моҳияти сухан сарфаҳм мераванд, театрро мефаҳманд...

-Айни замон муносибати ҷавонон ба театр чӣ гуна аст?

-Ҷавонони тамошобин ё ҳунарпеша?

-Ҳар ду...

-Дар театри мо имрӯз ҷавонони лаёқатманд зиёданд. Ба онҳо бояд имконияти бештар дод, зеро санъат дар озодӣ рушд мекунад. Ҷавонони театри мо имрӯз қариб дар ҳамаи спектаклҳо банд ҳастанд ва нақшҳои хубро иҷро мекунанд. Илова бар ин, ба режессура даст зада, ҳатто асарҳои Чехов ва Зошенкоро ба саҳна гузоштанд. Аъзам Розиқов, Абдукарим Машрабов, Ҷасорат, Насриддин Асадуллоев, Ҳусейни Камолиддин ҷавононе ҳастанд, ки ман аз инҳо умеди калон дорам. Ояндаи театри мо дар дасти инҳо аст.

Агар режиссёрҳои хуб биёянду бо ин ҷавонон ва мо калонсолон спектаклҳои калон ва ҷаҳониро ба саҳна гузоранд, олиҷаноб мешавад. Зеро нерӯи ҷавонон ва таҷрибаи мо агар бо донишу биниши режиссёри хуб омехта шавад, шоҳкорӣ ба вуҷуд меояд.

Дар ин авохир саррежиссёри Театри Лоҳутӣ Султон Усмонов спектакли “Фирдавсӣ”-ро аз рӯйи асари Сотим Улуғзода ба саҳна гузошт, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон соҳиби ҷоиза шуд. Ана ҳамин хел асарҳои муҳташам ба театр обрӯву тамошобин меорад, на ин шоу-программаҳое, ки солҳои охир бо ду се кас ба саҳна гузоштанд. Тамошобини имрӯза сахтгир аст, ҳар чизи сустро қабул намекунад.

-Солҳои охир дар филмҳо шуморо камтар мебинем. Сабаб чист?

-Дар кишвар кам филм ба навор гирифта мешавад. Зеро барои филм маблағҳои калон лозим. Бо вуҷуди ин ҷавонон кӯшиш мекунанду ду-се сум пайдо карда, ба сабти филм машғул мешаванд. Омада, хоҳиш мекунанд, ки бо гонорарҳои кам дар филмҳо ширкат кунем, маҷбур розӣ мешавам, зеро онҳоро дастгирӣ мебояд. Теъдоди филмҳо кам ҳам нестанд, соли гузашта дар нахустин филми беҳарфи (бедиалог)-и тоҷикӣ ширкат кардем. Ман, Исфандиёр Ғуломов ва Саврӣ Сабзалиева зиёда аз ним соат бе ҳарф дар филм бозӣ мекунем. Филм “Талош” ном дорад ва режиссёри он Соҳибёри Толиб ном ҷавон аст. Ҳамин тавр, қариб ҳар сол дар сабти 2-3 филм ширкат мекунем, аммо сатҳу сифати филмҳо на ҳамеша ба талабот ҷавобгӯ аст.

-Муаллима, дар арафаи Соли нави мелодӣ қарор дорем. Шумо ин ҷашнро чӣ гуна таҷлил мекунед?

-Соли Нав барои ман, ки зодаву камолёфтаи даврони Шӯравӣ ҳастам, ҷашни муҳим аст. Ман онро чанд рӯз ҷашн мегирам. Дар театру донишгоҳ бо ҳамкорон, алоҳида бо дӯстон ва дар хона дар ҳалқаи набераҳо. Хешу табор, ҷиянҳо ҳатман ба дидорбинии ман меоянд, сари як пиёла чой суҳбат мекунем. Аз ман дуо мегиранд.

-Мехоҳам дар фароварди суҳбат ба хонандагони нашрияи “Оила” дуои модарона диҳед.

-Дуо мекунам, ки соли 2020 барои Тоҷикистон соли бобарор бошад, дар театр асарҳои нав гузоранду ман ба мухлисонам пайваста хизмат кунам, филмҳои нав ба навро ба навор гирем. Ба шумо ва ҳамкасбонатон низ барори кор ва қалами буррои созанда орзу мекунам. Бигзор ҳамаатон садсола шаведу ман бинам...

                                               

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД