Sebiston new 2024 october
Риши мард хислаташро фош месозад
3134

 

Аз тарзи ришмонии мард хислати ӯро муайян сохтан мумкин аст. Мехоҳед донед, ки марди дӯстдоштаи шумо дар асл чӣ гуна инсон аст ва чӣ хислатҳо дорад? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Риши ғафс
Бо дидани марди ришаш дағалу ғафс дарҳол гумон накунед, ки шахси бекорхӯҷаву танбал аст. Марде, ки риши ғафс дорад, ба худ эътимоди зиёд дошта, дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ занро такягоҳ мегардад. Мардони серриш иродаи мустаҳкам доранд ва барои бароҳат зистани пайвандонашон тамоми шароитҳоро фароҳам меоранд.

 «Думи мурғобӣ»
Ин шакли риш нигоҳубини хосаро металабад ва марде, ки чунин риш дорад, ба ҳама чиз бодиққат аст. Баъзан ба назар миҷинг менамояд, вале дар ҳама ҷода фаъол аст. Мардоне, ки чунин риш мемонанд, табиатан зираку доно буда, аз зиндагӣ чӣ хостанашонро хуб медонанд. Пухта ва мақсаднок буда, хеле барвақт ба оиладорӣ тайёр мешаванд. Аслан олимон чунин риш мемонанд ва ҳурмату эҳтироми атрофиёнро соҳиб мегарданд.

 Риши буз
Аслан чунин тарзи ришмонӣ солҳои 90-ум машҳур гашта буд. Вақте ки мард чунин риш мемонад, ин маънои онро дорад, ки дар ҷустуҷӯи «ман»-и худ аст. Ин тоифаи мардон ба худ чандон эътимоди қавӣ надоранд ва дар ҳама кор дудила мешаванд. Азбаски тарошидани чунин риш хеле осон аст, дар лаҳзаи дилхоҳ марди дудила метавонад аз он халос шуда, симояшро дигаргун созад.

«Балбо»
Марде, ки шакли ришаш «балбо» бошад, шахси пулдор аст, чунки чунин риш нигоҳубини хосаро металабад. Нафари чунин ришдошта бояд ҳамарӯза аз хизмати машшота истифода бубарад. Ин тоифаи мардон қавиирода буда, бо кадом роҳе, ки набошад, нақшаҳои хешро амалӣ месозанд.

«Ҷазирача»
Мардоне, ки дар таги лабашон каме риш мемонанд, дағалу густох буда, бартарии худро ба ҳама нишон додан мехоҳанд. Аслан ин тоифаи мардон бо эҷод машғул буда, дар маркази диққати дигарон қарор гирифтанро дӯст медоранд. Ба касбу кори худ содиқанд. Шавҳари хуб набошад ҳам, дар тиҷорат шарики боэътимод мешаванд.

 Риши паст
Аксари мардони машҳур риши паст мемонанд. Дар маҷаллаву журналҳои муд мардони чунин риш доштаро тез-тез дидан мумкин аст, зеро мардҳои риши паст дошта як умр аз қафои муд медаванд. Марде, ки чунин риш мемонад, ғалативу бозарофат буда, дар тамоми маҳфилҳо гули сари сабад мегардад. Риши паст ба назар соҳибашро бе парво нишон диҳад ҳам, нигоҳубини он вақт ва кӯшиши зиёдеро талаб мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД