Arzon march 2024
Духтури қасосгирандаро ҷазо медиҳанд?
1002

 

Ман модари ҷавонам ва насиб карда бошад, баъди як моҳ барои таваллуди фарзандам ба таваллудхона меравам. Аз чандин нафарон фаҳмидам, ки агар пули талабкардаи духтуронро надиҳӣ, қасд мегиранду дигар ба ту ва фарзандат нигоҳ намекардаанд. Фаҳмидан мехостам, ки барои чунин рафтори сарди духтурон дар қонунгузории кишвар вобаста ба ин ҳолат ягон мода ё баст оварда шудааст, ки чӣ ҷавобгарӣ дода мешавад?

Н., н. Рашт

Мувофиқи моддаи 49 Кодекси тандурустии ҶТ: Кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ уҳдадоранд:

  • дар асоси меъёрҳои башардўстонаи одобу ахлоқи тиббие, ки муносибати ахлоқии кормандони тибро бо беморон, хешу табори онҳо ва байни онҳо танзим менамоянд, фаъолият кунанд;
  • донишу малакаи касбии худро мунтазам такмил дода, талаботи Кодекси ахлоқи табиби Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва қабул шудааст, риоя намоянд;
  • дар фаъолияти худ комёбиҳои муосири илму техникаи тиббӣ ва фарматсевтиро ба манфиати беморон истифода намоянд;
  • ба амале, ки бар зарари саломатии шаҳрванд мебошад, роҳ надиҳанд;
  • меъёрҳои одобу ахлоқи тиббиро риоя намоянд, нисбат ба беморон бораҳму шафқат бошанд, аз амале, ки ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатии кормандони дигар халал мерасонад, худдорӣ кунанд;
  • ба шаҳрвандон дар кўча ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ ва дар хона, дар ҳама ҳолатҳое, ки имкони расондани кумаки саривақтии муқаррарӣ вуҷуд надорад, кумаки аввалияи тиббӣ расонанд;
  • таъсири суханони табибро ба рўҳияи бемор то ҳадди имкон бештар истифода намоянд, ба рафторе (ба тариқи имову ишора, бо сухан), ки ба бемор ва наздикони ў таъсири манфӣ мерасонад, роҳ надиҳанд, ҳангоми ҳамсўҳбат шудан бо бемор ва хешу табори ў қоидаҳои одоби табибиро қатъиян риоя намоянд.

Моддаи 45. Ҳуқуқи модар ба ҳифзи саломатӣ

1. Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дорад. Барои занон шароите муҳайё карда мешавад, ки дар баробари кор ва модар шудан ҳифзи ҳуқуқ, дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо таъмин карда шавад.

2. Ҳифзи саломатии модар бо усулҳои зерин таъмин карда мешавад:

  • ташкили шабакаи васеи ташкилотҳои тандурустӣ;
  • манъи истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташ зараровар;
  • ба кор таъмин намудани занони ҳомила дар шароите, ки ба хусусиятҳои физиологӣ ва вазъи саломатии онҳо мувофиқ аст;
  • беҳтар ва хубтар кардани шароити меҳнату маишат;
  • андешидани чорабиниҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ ва додани имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;
  • амалӣ гардонидани чорабиниҳои солимгардонии муҳити зист, барҳам додани омилҳои манфии экологӣ, ки ба фаъолияти репродуктивии аҳолӣ таъсир расонида, боиси таваллуди кўдакони дардманд ва сусту заиф, баландшавии бемории занон мегарданд.

3. Ба ҳар зан дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди он дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббӣ расонида мешавад.

Ҳамчунин, тибқи моддаи 93-и Кодекси мазкур, таъмини занони ҳомиладор ва кўдакони навзод бо кӯмаки тиббию санитарӣ тавассути муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо ва дигар ташкилотҳои тандурустӣ бо кумаки тиббию санитарӣ таъмин карда мешаванд.

2. Муассисаҳои тандурустӣ занонро бо назорати тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, аз ҷумла бо машварати тиббию генетикӣ ва машварат дар соҳаи танзими оила, кумаки тиббӣ ҳангоми таваллуд, кумаки табобатию пешгирӣ ба модарон ва кўдакони навзод бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таъмин менамоянд. Занони ҳомиладор, падару модари кўдакони навзод бояд сари вақт барои гирифтани кумаки тиббию санитарӣ ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намоянд.

Тибқи моддаи 221 Кодекси тандурустии ҶТ Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Хулоса, табибон уҳдадоранд дар асоси меъёрҳои болозикр фаъолият намуда, ҳеҷ гуна қасосгирӣ ё дигар амали ғаразнокро нисбати беморон анҷом надиҳанд, аллахусус нисбати занони ҳомиладор.

Ҳамчунин, мувофиқи моддаи 110 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД